Омезиш додани PR -и сиёсиро бо дипломатия бас кунед!
Мусоҳиба бо Виталий Хлюпин, номзади илмҳои сиёсӣ, муҳаррири вебсайти CenterAsia, дар бораи вазъи кунунии Афғонистон.
Савол. - Виталий Николаевич, имрўзҳо телевизорро мондан даҳшатовар аст, аз дидани гузоришҳояш дили кас мешўрад - наворҳои даҳшатбор - афғонҳо аз болҳои ҳавопаймоҳои амрикоӣ меафтанд ... Аввалин гузоришҳо дар матбуот дар бораи "корнамоиҳо" -и Толибон - қатли афсарон дар Қандаҳор, таркиш аз муҷассамаи шахсияти ҳазорае дар Бомиён, тирандозии намоиши осоишта дар як минтақаи Афѓонистон. Боз хабарҳои зиёди ба ин монанд… Ин чист?
Ҷавоб. - Гуфтан душвор аст, ки кадоме аз гуфтаҳои боло дуруст аст ва кадоме аз онҳо PR – хабари ѓаразноку мақсадноки чопӣ ва нашршуда дар телевизион барои ҷалби таваҷҷуҳ. Намедонем, ки кадоме иттилооти мақсаднок ва кадом хабар инъикоси воқеии рӯйдодҳои воқеӣ аст. Ҳарчанд наворҳое дар бораи бомбаҳои зиндаи афғон дар хатти парвози Кобулро шумо наметавонед ба таври сохта наворбардорӣ кунед. Аммо ман на аз ин чиз, балки бештар аз тарзи инъкоси ин рўйдодҳо дар ВАО-и Русия ва кишварҳои дигари минтақа нигарон ҳастам. Аз он нигаронам, кӣ ва чӣ гуна дар самти Афғонистон "кор" мекунад.
Фиристодаи махсуси Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов - аслан бо серҷоѓиаш дар бораи он, ки гуфтушунид бо Толибон зарур аст, фазои хабарии дохили кишварро пур кардааст.... Ҳол он ки Русия таҷрибаи талхи созишномаҳо бо террористонро дорад - Хасавюрт, августи 1996, Лебед -Масхадов, инчунин гуфтушунидҳои телефонӣ дар назди камераҳои телевизионии "Черномырдин ва рафиқ Басаев", июни соли 1995 ... Натиҷаи чунин музокиротро ҳама бо чашми худ дидем... "Nord-Ost" -и соли 2002 ... Вале Кобулов бо хунсардӣ мекӯшад, ки хаёлҳои хомашро ба дигарон бор кунад. Чанд рӯз пеш аз уфтодани давлат дар Афѓонистон, ў ба чашми мо нигариста, итминон медод, ки ба Кобул даромадани Толибон аз эҳтимол дур аст ва ҳатто забти Қандаҳор бозгўйи чизе нест... Ин назари касест, ки худро донандаи авзои Афғонистон ва таҳлилгари масъалаҳои вобаста ба ин кишвар медонад...
Савол: - Ин ба мо, мардуми одӣ,чӣ мегўяд? ...
Ҷавоб: - Бисёр чизҳоро. Пеш аз ҳама мегўяд, ки Кобулов вазъи воқеии Кобулро беҳтар аз Псаки намефаҳмад, ки мегуфт Флоти 5 -уми ИМА ба соҳилҳои Беларус шино карда расид... Аз Кобул сафири «афѓонӣ»-и мо Жирнов бо ў ҳамовоз шуда, исрор мекунад, лозим аст, ки бо Толибон гуфтугӯ кунем, зеро онҳо ҳоло дигар шудаанд, мо инро бояд дарк кунем – онҳо хуб, сафед,жўлидамўянд. Сафир итминон медиҳад – онҳое, ки ҳоло сафорати моро зери ҳимоя гирифтаанд, мардони одианд. Ў бо раҳбарашон суҳбат кардааст - як бачаи солимфикр менамояд. Дар кӯчаҳои Кобул дар чанд рўзаки ҳукмронии Толибон назар ба пештара тартибот зиёдтар аст ва ҳатто духтарони мактаби назди сафорат саҳаргоҳон суруд мехонанд, яъне мактаби онҳо ҳанӯз баста нашудааст ва духтаронро дар Қандаҳор ҷангиёни толиб бо зўр ба занӣ намегиранд. (Ва ҳатто ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки бо пойафзоли сафед ба кўча бароянд, дар гузашта, 20 сол пеш, онҳо пӯшидани пойафзоли сафедро дар Афѓонистон бинобар якранг будан бо парчами Толибон манъ карда буданд…).
Ба баҳс дар бораи сафир бармегардам: Дмитрий Александрович Жирнов. Июни соли 1977 таваллуд шудааст. Хатмкардаи MGIMO (2000) аст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дар мавзӯи "Модели муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи ҳамкории сиёсати хориҷии Русия ва Чин" рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст (MGIMO, 2002). Забонҳои англисӣ ва чиниро медонад Аз соли 2000 дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия кор мекунад. Мушовир, мушовири сафорати Русия дар ИМА (2016-2019), аз 29 апрели соли 2020 - сафири Русия дар Афғонистон буда, рутбаи- Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи 2 (26.12.2017) дорад.
Тавре мебинем, сафири мо дар Кобул як бачаи бо чеҳраи хира - марди бе тарҷумаи ҳоли равшан аст... ки боҷасорат гурўҳи террористиро тарғиб мекунад.
Ин чист? Ў кист? Аз куҷост? Ў дар тӯли ҳамагӣ 7 сол, пас аз ҳатми донишгоҳ то рутбаи генерал -лейтенант расида, дар 40 -солагӣ сари шонаҳояшро ситораҳои генералӣ оро дода, дар 42 -солагӣ сафир таъин шудааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии мо чунин ҳолатҳо қариб рух намедиҳад ... Зиёда аз ин, ба таври фаврӣ ба чунин як кори муҳим мақоми аввали сафорати Кобул ҳар касро таъин намекунанд. Дар ҳоле ки ӯ ҳеҷ гоҳ мутахассиси Афғонистон набудааст, балки чинолог – хитойшинос аст, тавре худ маълумот медиҳад. Мавзӯи рисолаи илмии ӯ "Модели муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи ҳамкории сиёсати хориҷӣ ..." аз худи сарлавҳа возеҳ аст, ки мавзўи рисолааш як навъ ахлот ва бардоштшуда аз партовҳост, ки шиносоиам бо матни он танҳо ин тахминро тасдиқ кард. Ин ҳама фикрҳоеро дар бораи худи ў ба миён меорад, ки фарзанди вундеркинд ва ноздона аз ягон хонаводаи бонуфуз бошад, ё афсари кадом як ниҳоди махсус. Кор ба ҷойе расидааст, ки Толибон ба воситаи сафорати мо дар Кобул, акнун ба писари Масъуд- писари Аҳмадшо, ки дар Панҷшер аст, мурочиат карда талаб дорад, ки таслим шавад ё сулҳ кунад. Магар Сафорати Русия дар он ҷо, шуъбаи Вазорати корҳои хориҷии Толибон аст, ки Жирнов намояндаашон бошад? Ҳамоқат аз ҳад гузаштааст. Ин пеш аз ҳама барои худи кормандони сафорат хатар дорад, ки гаравгони Толибон шудаанд. Касе намедонад, ки ба сари баъзе аз ин "мардони одӣ", ки занонро дар кӯчаҳо сангсор мекунанд, лаҳзае пас чӣ фикре мезанад.
Жирнов, ки талош дорад, чун Грибоедов ва Петр Веселитский бошад, магар аз сарнавишти ин дипломатҳо бехабар аст? Оё намедонад, ки дуюмӣ, дар соли 1774 замони сафир дар Хони Қрим буданаш ҳамин гуна аз муносибатҳои нарм табли шодӣ мезанад ва аз макри тоторҳои Қрим дар ѓафлат монд ва надонист, ки ин мардуми ба гуфтаи худаш итоаткору баосоиш бо ў чӣ мекунанд. Ў ҳатто нафаҳмида монд, ки вақти хоб бо зани ҷавонаш десантҳои туркӣ ба саҳни сафорат фуруд омада, тамоми сафоратро дар ихтиёрашон гирифтанд, тоторҳои "осоишта" дар Боѓчасарой кормандони сафоратро ба таври дўстона сар буриданд, (танҳо бо фармони туркҳои эҳтиёткор) ба ӯ ва зани ҳомиладораш иҷоза доданд, фирор кунанд. Аммо сафир Дима бо ин амалкардҳояш шояд ҳоло интизори подош ва ҷоизаҳост... Мисли Кобулов, ки дар гузашта барои дар курсии сафорати Кобул нишастанҳояш қадрдонӣ шуд...
Савол: – Оё ин нишонаи дар сатҳи паст будани дипломатияи Русия дар бахши Афғонистон нест?
Ҷавоб: - Аз рӯйдодҳои охир, мутаассифона чунин маъно бармеояд… Шуъбаи дуюми ВКХ Русия аллакай бо талошҳои муштарак барои ҳар як кормандаш 5-7 сол ҷазои маҳрумият аз озодиро кор кардааст. Дар моддаи 205 -и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия - кумак ба террористон ин чиз ҳаст. Сар аз худи роҳбари ин шуъба Кобулов ва охирин атташеи матбуотии сафорат дар Кобул зери ин модда амал кардаанд. Дипломатҳои ин шуъба PR -и сиёсиро комилан бо фаъолияти худ омехтаанд ва вақте огоҳашон мекунӣ, хафа мешаванд. Онҳо ба ҳаде гапҳои бемаъниро паҳн мекунанд, ки як нафари ѓайриҳирфаӣ ин корро намекунад. Хайрият, Лавров як ҳарфи бомаъно зад, ки Русия дар шинохти Толибон шитоб намекунад, балки хоҳад дид, ки вазъият ба чӣ самте таѓйир меёбад. Ин хеле дуруст аст - акнун қадами навбатии Лавров бояд чунин бошад: суҳбати сахт бо Кобулов ва парвардаи ӯ Жирнов, то ки ҳарду лаб фурў банданд ва ҳар чизро шарҳ надиҳанд, ман ҳатто розиам, ки телефонҳои мобилии онҳо аз дасташон гирифта шавад. Бигзор хомӯшона ба кор машғул шаванд, на ба худнамоӣ ба умеди дарёфти ордени Ҷасорат талош кунанд, маймунбозӣ бас.
Савол: - Аммо намояндагони ҷомеаи илмӣ ва шаҳрвандӣ ҳам гапҳое мегўянд, намунааш, доктори илм Алексей Малашенко дар Независимая газета менависад, ки Толибон ба Осиёи Марказӣ умуман таҳдид намекунанд, онҳо ҳоло дигаранд, на ваҳшӣ, балки прагматист. Журналист ва сиёсатшинос Максим Шевченко низ дар радиои «Садои Москва» итминон медиҳад, ки ин Толибони нав ҳеҷ гоҳ ба Осиёи Марказӣ ворид нахоҳанд шуд, худи ӯ ба он ҷо рафта буд ва рафторашон ба вай хеле писанд омадааст? ...
Ҷавоб. - Малашенко мутахассиси хуб аст, аммо амаки маккор аст, ин гуна сафсатаҳоро бепул наменависад, зеро хуб медонад, ки Толибон ҳамчун нерӯи мутамарказ вуҷуд надоранд, бисёр фармондеҳони саҳроӣ шартан ба Бародар, Охундзода тобеъ бошанд ҳам, вале шикориёни ДИИШ ҳастанд, ҷангиёни қабилавӣ ҳастанд, ки умуман тобеияти Толибонро надоранд. Пас чӣ гуна баҳс кардан мумкин аст, ки ҳеҷ кадоме аз ин гуна отрядҳо сарҳадро убур намекунанд ва намехоҳанд зери шиками ҳамсоягони Осиёи Марказии моро харошанд? Чӣ андешаи соддалавҳонае дорад ў. Вай менависад - таҳдиди Толибон (исломгарои радикалӣ) барои ҳамсоягони наздик виртуалӣ аст, ин Толибон - "Толибони нав", "Толибони прагматик ҳастанд", танҳо бо мушкилоти дохилии худ сару кор хоҳанд дошт ... Ин андешаҳо ҳатто хандаовар ҳам нест. Маҳз 20 сол пеш, тақрибан ҳамин таҳлилгарони имрўза дар бораи муллоҳои "туҳматзада", ки бояд бо онҳо гуфтушунид шавад, навишта буданд. Ин то он даме буд, ки ҳайкалҳои Бомиёнро натаркониданд.
Бародар як навъ солимфикр аст, нарм дастфишорӣ мекунад, гарчӣ бо саллаи сиёҳ ва шалвори сафед бо забони англисӣ бошитоб гап мезанад ва стейкро ҳам бо даст намехӯрад. Дар як вақт, музокиракунандаи асосӣ ва манбаи хабарии "Бародар" намояндаи расмии дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа" Суҳайл Шоҳин аст. Маҳз ӯ нақшаҳоеро эълон мекунад, ки ба гӯши Ғарб писанд омадааст, "ҳукумати фарогири исломӣ" ташкил мекунанд, аз ҳимояти ДИИШ ва уйғурҳо худдорӣ менамоянд ва ғайра. Оё дигар "бародарон" медонанд, ки инҳо ҳама фақат ҷузъҳои пўшидаи як барномаи густурдаи иттилоотӣ ҳастанд?
Сайёҳи сиёсӣ ва раҳбари як ҳизби худсохт Макс Шевченко низ, гўё афғоншинос аст. Бинед, чӣ мегӯяд: Толибон ҷонибдорони равияи суфия ҳастанд, ба назари ман - бигзор мутахассисон маро ислоҳ кунанд, ин яке аз тариқаҳои хеле осоиштаи Нақшбандия аст ... Кадом тариқат, кадом чӣ суфиён? ... Инҷо одамон сангсор мешаванд ва пӯшидани пойафзоли сафед ба онҳо мамнӯъ аст ... Гузашта аз ин, худи Шевченко ҷойи дигар мегӯяд, ки ғояҳои Толибон ҳоло намояндагони дигар қавмҳои Афғонистон - яъне тоҷикони Бадахшонро, ки дар байнашон исмоилиён ҳастанд ва ҳазораҳои нимшиъа ва нуристониҳоро фаро гирифтааст. Аллакай аз ин номҳо бармеояд, ки Толибон дар паҳлӯи исломанд, на дар худи он... Аммо ин афѓоншинос чӣ сафсатаҳое дар бораашон хонда истодааст? Вай, ки соли 1996 (бо даъвати Толибон?) ба Афғонистон сафар карда буд ва саёҳат писандаш омадаву аз суҳбатҳо бо Мулло Довуд, Шаҳнавоз Танай хеле илҳом гирифта аст, имрўз бо овози андалеб васфашон мекунад.
Танай дар асл вазири собиқи мудофиаи режими тарафдори шуравӣ буд, ки дар соли 1990 алайҳи ҳокими вақти Наҷибулло амал карда, сипас ба Покистон гурехт. Дар он ҷо вай зуд аз як коммунист - раҳбари фраксияи Ҳизби халқ - ҲДХА ба исломгарои ашад табдил ёфт ва муддате, гӯё мушовири низомии Толибон шуда, сипас аз онҳо низ гурехта, ба ном ҳизби "Ҳаракат барои сулҳ" –ро таъсис дод... Хулоса, хоини касбӣ ва агенти созмонҳои иктишофии чанд кишвар аст, ки дигар ҷойи тамѓа задан дар баданаш намондааст... Аммо имрўз ин манбаи иттилооти муфид як ватандӯсти Афғонистон аз тариқати Нақшбандия муаррифӣ мешавад... Ман моил нестам ва намехоҳам ҳамаи суханони пучи Шевченко, дар бораи сулҳ, дар бораи банамак будани мардуми сарзамини Афғонистонро тақсимбандӣ карда, шарҳ диҳам. Ин ҳама сафсатаи комил, ҷамъи калимаҳои бемаъно аст. Марди солим чунин гапҳоро намезанад.
Ба мавзўи Афғонистон бармегардм. Вазири Толибон Мулло Муттакӣ қабл аз фирори Ғанӣ дар Кобул буд ва бо Абдулло, Карзай ва Ҳикматёр "машваратҳо"-и махфӣ анҷом медод. Тарҳи як тавтиъаро мекашид. Баъдтар вазири корҳои дохилӣ Бисмиллоҳхон бевосита занг зада мегўяд - ба мо хиёнат карданд, ба мо иҷоза надоданд, ки бо Толибон ҷанг кунем. Кӣ надодааст? Амрикоиҳо, худи Ғанӣ? Ғанӣ бо Толибон қасд дошт, ки бар ивази парвози амн аз Кобул бо сармояи калон курсиро "холӣ кунад"? Шояд сабаби таслими зуд ва мусолиҳаомези аксарияти генералҳои паштун ҳам дар ин буд. Дар Афғонистон иттилоот яроқ, заҳр барои гӯши ... аст. Дар соли 1919, амири Афғонистон Ҳабибуллои Якумро вақти хоб ба гўшаш заҳр чаконда куштанд. Марги аҷиб. Соли 1996 Толибон Наҷибуллоро дар сутуни светофори Кобул ба дор овехтанд .... Вале ҳоло боз аз ҳад зиёд PR-ҳое гирди номи Толибон мечархад, ки аз ин пиарҳо бӯи бад меояд ...
Пас аз ў як тоҷики одӣ, хеле одӣ, худро "Ғозӣ Амир Ҳабибуллоҳхон, ходими Дин -и Расулаллоҳ" муаррифӣ кард – ин муборизи баимон, бандаи расули Худо дар таърихи Афѓонистон бо номи Бачаи Сақо машҳур аст, ки қариб як сол ҳукмронӣ кард. Дар замони амир "Ҳабибуллои дуввум", дар омади гап, ҳама рӯзномаҳо ва маҷаллаҳое, ки замони подшоҳи собиқ нашр мешуданд, баста, осорхонаҳо ва китобхонаҳо ғорат шуданд, пӯшидани либоси аврупоӣ мамнӯъ гардид ва ҳама мактабҳо барои занон баста ва онҳо вазифадор буданд, ки чодар ба сар гиранд. Ў буд, ки қонуни даъвати умумӣ ба хизмати сарбозиро бекор кард. Мақоми нави қонунбарор - Шӯрои "исломӣ", ки аз муллоҳо ва пешвоёни қабилаҳо иборат буд, ташкил шуд. Ҳама чиз то чӣ андоза шинос аст ва таърихи Афғонистон такрор мешавад...
Қиссаи ин нахустин «амир»-и толибонӣ бо фоҷеа анҷом ёфт. Артиши ӯ аз сўйи рақиби паштунтаборааш - Нодирхон Баракзай, ки худро аллакай подшоҳ эълон карда буд, шикаст хӯрд. Вай мухолифони худро даъват кард, ки силоҳ ба замин гузоранд, ваъдаи авфи комил дод ва ба Қуръон қасам хӯрд, ки Бачаи Сақо - Обкашро раҳм мекунад ва ба ӯ ҳеҷ осебе намерасонад. Вале чун Обкаш таслим шуд, дар якҷоягӣ бо бародарон ва шарикони наздикаш ӯро фавран бемурофиа ба қатл расонданд - тибқи як версия ӯро паррондаанд, мувофиқи дуввумӣ - сарашро бо шамшер буриданд, манбаи сеюм мегўяд, ки сангсораш карда куштанд. Дар Афѓонистон ба ҳеч кас бовар кардан мумкин нест ... На ба савганд ба Куръон, на ба ваъдаи котиби матбуотии Шоҳин. Дар Қандаҳор - ҳар каси дуввум бародар аст... Ва чӣ, бо ҳар нафари салладор шартномаи сулҳ мебандед?
Савол. - Чӣ бояд кард?
Ҷавоб. - Чӣ бояд кард... Аввалан, барои амалкардҳояш муҳтарам Замир Набиевичро, ки синнаш кайҳо аз 60 гузаштааст, ба истироҳат гусел бояд кард. Дуввум - сафир Дима Александровичро ба ягон ҷои дигар гузаронидан лозим. Сеюм, ҳама бояд доктринаи Путин -Лавровро риоя кунанд - хомӯш шаванд ва фикр кунанд. Ҳоло ҳеҷ чиз маълум нест, на дар бораи ҳукумате, ки "барбудаҳо" -и Кобул ҳеҷ наметавонанд таъсис диҳанд, на доир бо ҳукумати алтернативӣ, ки ҳадди аққал ду намояндаи он - президент Солеҳ ва Амир Масъуди Хурдӣ дар Панҷшер нишастаанд.
Бубинед, ки чӣ гап шуда истодааст. Толибон 15 август вориди Кобул шуданд ва дар давоми ин муддат муллоҳо ва мавлавиҳои асосии онҳо наметавонанд ба шаҳр бирасанд ва дар он ҷо як навъ ҳукумат ташкил кунанд. Сабаби ин таъхири аҷиб дар чист? Танҳо як тавзеҳ вуҷуд дорад - мардони асосии ин ҳаракат ба тавофуқ расида наметавонанд - Охундзода, ҳамчун пешвои олии рӯҳонист, маълум нест, ки ба ҳайси президент кӣ меояд, Бародар "дипломати қатарӣ", ё писари раҳбари гузаштаи Толибон - Ёқуб ибни Умар (ки фармондеҳи гурӯҳи Толибони Ҷанубӣ номбурда мешавад). Ҳамтои ӯ дар Комиссияи низомии Толибон, Сироҷуддин Ҳаққонӣ, "фотеҳи шимол", як радикали маъруфи исломӣ ва намояндаи оилаи бонуфузи террористони байналмилалӣ мебошад. Паҳлўи инҳо шахсоне мисли Мулло Расул ҳастанд, ки дар соли 2015 худро дар Фароҳ "Амири мӯъминон" эълон карда ва ба назар мерасад то ҳол ҷонибдоронаш дар минтақаҳои кўҳӣ пинҳонанд ва ҳукумату ҳокимони мавҷудаи мувозиро кайҳо фаромўш кардаанд.
Холо муҳим ин аст, ки бидонем, чӣ кор кардан мумкин нест. Дар шабакаҳои давлатӣ таблиғи террористонро қатъан бояд бас кунем, зеро ин ҳама танҳо боиси зиёд шудани ҷонибдорони онҳо дар Осиёи Марказӣ, минтақаҳои Қрим, Поволжье ва ғайра мешавад.
- Саволи охирин, Ба назари шумо, сабаби асосии чунин сиёсати нокоми Русия дар самти Осиёи Марказӣ чист?
– Ҷавоб ба ҳадди аламовар содда ва одӣ аст. Сиёсатмадорони руси сатҳи аввал ҳама аз ҳад зиёд манфиати худро дар кишварҳои Осиёи Марказиро доранд. Аз замони муовини сарвазири Русия – Қазоқистон будани Сосковетс сар карда, ҳама бо наслҳои баъдии худ аз чигунагии вазъ дар ин минтақа фоида мебинанд. Аз як чоҳ бо хонаводаи елбасиҳо, об мехўранд, онҳо дар Ӯзбекистон ЛУКОЙЛ доранд, газпром Қирғизистонро мехўронад, қубурҳо Қароқуми Арқадоқро мемаканд ва ғайра. Аз ин рӯ, шахсиятҳои хирае, ба мисли Матвиенко, масъули сиёсат дар самти Осиёи Марказӣ мебошанд ...
Мусоҳибаи Валерия АНДРЕЕВА,
манбаъ – CenterAsia,
тарҷумаи Солеҳ Юсуфов