Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нигоҳе ба рўйдодҳои Афғонистон

Нигоҳе ба рўйдодҳои Афғонистон

17-08-2021, 09:53
Хабарро хонданд: 122 нафар
Назарҳо: 0
Нигоҳе ба рўйдодҳои Афғонистон
Ғанӣ рафт. Толибон омад
Дар таърихи Афғонистон якшанбе, 15 август саҳифаи наве боз кард. Ҷангҷӯёни гурўҳи Толибон беҷанг вориди Кобул шуданд ва идораҳои давлатиро, ки нерўҳҳои ҳукуматӣ партофта буданд, ишғол карданд. Бино ба хабарҳо, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бомдоди ҳамин рўз аз кишвар берун рафт. Фурсате нагузашта, Толибон таҳти назорат гирифтани тамоми минтақаҳои пойтахти кишварро хабар доданд.
Рўйдодҳои имрўзи Афғонистон бо суръат ба вуқўъ мепайваст. Яке ин буд, ки намояндаи ҳаракати Толибон эълон кард, ки ҷанг дар кишвар ба поён расид ва аз таъсиси Аморати исломии Афғонистон хабар дод.
Нигоҳе ба рўйдодҳои Афғонистон
Муҳаммад Наим - намояндаи расмии дафтари сиёсии Толибон дар Қатар Муҳаммад Наим, намояндаи расмии ин ҳаракат, ки шоми якшанбе аз шабакаи телевизионии Ал –Ҷазира суҳбат мекард, гуфт, ки ба зудӣ сохти давлат ва шакли ҳукуматро дар ин кишвар муайян хоҳанд кард. "Ҷанг дар Афғонистон ба охир расид. Мо он чизеро, ки бояд дошта бошем - озодии кишвар ва истиқлоли миллатро ба даст овардем, ”- таъкид кард Наим.
Ў итминон дод: "Мо мехоҳем, ки кишвар бехатар ва аз фасод озод бошад."
Ҳамзамон ў ба таъкид гуфт: -Амнияти шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои намояндагиҳои дипломатӣ дар кишвар низ таъмин хоҳад буд ва ба ҳар сиёсатмадори афғон, ки барои муколама (бо Толибон) омода аст», амниятро ваъда дод.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯёни ин ҳаракат аз Доҳа дастур додааст, ки дар муносибат бо мақомот ва аҳолӣ аз хушунат худдорӣ кунанд ва пеши роҳи ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, нагиранд.
Аз ҷумлаи аввалин муассисаҳое, ки Толибон таҳти назорат гирифтанд, Донишгоҳи Кобул буд. Парчами онҳо акнун чанд рўз аст болои бинои он парафшон аст.



Абдулло аз истеъфои Ғанӣ хабар дод
Раҳбари Шӯрои олии оштии миллӣ дар Афғонистон Абдулло Абдулло тасдиқ кард, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба истеъфо розӣ шуд ва кишварро тарк кард. Бино ба гузориши хабаргузории Asia Plus, ӯ бо ҷамъе аз мақомоти давлаташ вориди Тоҷикистон шудааст. Чанде аз хабаргузориҳо тахмин задаанд, ки сарвари пешини давлати Афғонистон ҳамроҳ бо сардори дастгоҳ ва мушовири амнияти миллӣ вориди ин кишвар гардидааст. Як мақоми давлати пешини Афғонистон низ гуфтааст, Ғанӣ ба кишвари Уммон парвоз кард.
Расонаҳо вазъияти Кобулро пас аз ишғол аз сўйи Толибон ба ҳар ранг ҷилва медиҳанд. Масалан, яке аз хабарҳо ин буд, ки гуфта мешуд, «фурудгоҳи Кобул дар натиҷаи тирборон оташ гирифт. Вазъи амниятӣ дар шаҳр, аз ҷумла дар фурудгоҳ, босуръат тағйир меёбад».
Бино ба гузориши Созмони ёриҳои фавқулоддаи Италия Emergency, ки дар Кобул дармонгоҳ дорад, вақти вуруди нерўҳои толибон дар натиҷаи задухӯрдҳо дар канори пойтахти Афғонистон камаш 40 нафар захмӣ шудаанд.
Як манбаи дигар навишт, ки Толибон аз таъсиси назорати комил дар тамоми қаламрави Афғонистон хабар дода, қайд карданд, ки дар Кобул ягон амалиёти ҷангӣ сурат нагирифтааст.
Америка гуфт: «Мо ба мақсад расидем»

Дар вокуниш ба рўйдодҳои Кобул, котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки америкоиҳо барои рафъи таҳдиди террористӣ ба Афғонистон омада буданд ва ба ҳадафи худ расиданд.
Ў дар мусоҳиба бо яке аз шабакаҳои телевизионии кишвараш тавзеҳ дод, ки : "Иёлоти Муттаҳида барои рафъи таҳдиди террористӣ дар Афғонистон буд ва ба ҳадафи худ расид". Вай гуфт, ки (аз ин ба баъд) мондан дар Афғонистон "ба манфиати мо нест".
Блинкен таъкид кард, ки Вашингтон Толибонро ҳушдор додааст, агар ҷангҷӯён ба кормандони америкоӣ дахолат кунанд, "посухи зуд ва қатъӣ" мегиранд. Вай ҳамчунин гуфт, ки кормандои сафорати Америка дар Кобул ба фурудгоҳ интиқол дода мешаванд.
Илова бар ин, Блинкен гуфт, ки кишвараш бовар дорад, ки «агар Толибон ҳуқуқҳои бунёдиро дар мудирияти худ риоя накунанд, он гоҳ Афғонистон ба як давлати аз ҷомеа рондашуда ё матруд мубаддал хоҳад шуд».
"Ин ба манфиати Толибон аст, агар онҳо воқеан барои эътирофи байналмилалӣ саъй кунанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ҷӯянд ва таҳримҳоро бекор, ҳуқуқҳои асосиро эҳтиром кунанд», - гуфт ў.
Бритония пас аз ИМА яке аз кишварҳои дигари ғарбӣ буд, ки 16 август кормандони сафораташро аз Афғонистон бинобар бад шудани вазъ дар пайи ишғоли Кобул аз сўйи ҳаракати Толибон ба берун бурд.
Дигар ба касе пўшида нест, ки вазъият дар Афғонистон пас аз хуруҷи низомиёни америкоӣ, ки 20 сол дар ин кишвар буданд, шиддат гирифт. Хуруҷи нерӯҳо аввали май оғоз шуда, қарор аст то охири моҳи август ба охир мерасад. Ин иқдоми америкоиҳо нафақат боиси бесуботиҳои ғайриинтизор дар Афғонистон шуд, балки ба сулҳу оромии минтақа ҳам таъсир гузошт.

Русия барои эътирофи режими нав дар Афғонистон шитоб намекунад
Мақомоти Русия барои эътирофи режими Толибон (ки аз сўйи ҳаракати дар Федератсияи Русия мамнӯъ), дар Афғонистон таъсис мешавад, шитоб нахоҳад кард. Ин хабарро намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия дар Афғонистон, директори Департаменти дуввуми осиёии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Замир Кабулов ба расонаҳои кишвараш эълон кард.
Москва бо ҳукумати Афғонистон ва Толибон робита дорад, аз ин рӯ Русия аз он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, чандон нигарон нест, - гуфт Замир Кабулов, мудири шӯъбаи дуввуми Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба барои шабакаи телевизионии «Россия 1».
"Мо хоҳем дид, ки режим чӣ гуна рафтор хоҳад кард ”, - гуфт Кабулов. Вай ибрози умед кард, ки байни Москва ва раҳбарияти нави афғон муносибатҳои дӯстона барқарор мешавад.
"Ман на танҳо умедворам, балки ба ин бовар дорам. Мо бо такя ба натиҷаҳои музокироти солҳои охир ва он заминае, ки фароҳам овардаем, амал хоҳем кард, ”гуфт ў.
Ба гуфтаи ӯ, сафири Русия дар Кобул дар ояндаи наздик бо намояндаи Толибон мулоқот мекунад. Аз сафорати Русия ҳам дар Кобул ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки Москва омода аст бо ҳар ҳукумате, ки дар Афғонистон рўйи кор меояд, ҳамкорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол аз Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ яке аз шахсиятҳоест, ки мақомоти Афғонистон ўро ба унвони роҳбари Ҳукумати давраи гузариш ном мебурданд.
Дар ҳолномаи мавсуф омадааст, ки Ҷалолӣ соли 1942 дар Ғазнӣ ба дунё омада, соли 1967 Коллеҷи ситодии Британияро хатм кардааст, забонҳои дарӣ, пашту ва англисиро медонад. То инқилоби Савр (соли 1978) сарҳанги артиши Афғонистон ва яке аз низомиёне буд, ки зидди нерўҳои Шўравӣ ҷангидааст.
Соли 1982 ба ИМА фирор карда, шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кард. Бино ба хабарҳо, чанд муддат сармуҳаррири бахшҳои форсӣ ва паштуи Радиои «Озодӣ» низ буд.
Аввалҳои соли 2003 ба ВКД Афғонистон ба кор омада, солҳои 2004- 2005 вазири корҳои дохилии ин кишвар таъин шуд. Сентябри соли 2005 истеъфо дода, ба Америка баргашт.
Рутбаи профессори Маркази тадқиқоти стратегии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ дар Донишгоҳи Миллии Мудофиаи ИМА-ро дорад.
Соли 2007 дубора ба Афғонистон омада, январи соли 2009 ў аз ҷумлаи чор вориси эҳтимолии Ҳомид Карзай дар мансаби президенти Афғонистон буд, вале номзадиаш пазируфта нашуд.
Аз 15 август 2021 ҳамчун роҳбари Шўрои ҳамоҳангсоз ё "Ҳукумати давраи гузариш" (пас аз фирори президент А. Ғанӣ) ном бурданд.
Толибон давраи гузаришро қабул надорад
Хабарҳо дар бораи Афғонистон соат ба соат нав мешаванд. Яке аз хабарҳо ин аст, ки 16 август гурўҳе аз сиёсатмадорони афғон ба Доҳа – пойтахти давлати арабии Қатар бояд сафар кунад. Ҳамзамон ба хабари сафари ин гурўҳ ҳайате ба роҳбарии раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Толибон дар Қатар Мулло Абдул Ғанӣ Бародар вориди Кобул шуда, раванди ҳамоҳангсозии фаъолияти ин ҷунбишро дар тамоми Афғонистон бар уҳда гирифт. Яке аз вазифаҳои наздики ин ҳайат дар Кобул эълони таъсиси Аморати исломии Афғонистон ном бурда мешавад. Ба гуфтаи масъулони ин ҷунбиш,Толибон таъсиси кадом як Ҳукумати давраи гузаришро, ки сиёсатмадорони афғон ҳанўз то истеъфои президенти собиқ тарҳрезӣ намудаанд, дар барномаи амал надоранд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: