Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИСТИҚЛОЛИЯТ - ГАНҶИ БЕБАҲО

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ГАНҶИ БЕБАҲО

24-08-2021, 14:45
Хабарро хонданд: 91 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИЯТ - ГАНҶИ БЕБАҲО

Ш.ШОҲИН. Вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангии «Даҳаи истиқлол» бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Чорабинӣ бо ба маърази тамошо гузоштани ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида, дар чорабинии мазкур ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод ва Доғистон саҳми фаъол доштанд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ раиси Комиҷроияи ноҳиявии ҳизб Назарзода Толибҷон доир ба дастовардҳои ҳизбию давлатӣ дар давраи 30-соли соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон дар назди ҳозирин баромад намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки дар ҷодаи бунёдкорию ободонӣ дар атрофи сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ будану шукргузорӣ аз сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати кишвар рисолат ва қарзи инсонии ҳар як аъзои ҳизб ва фарди худогоҳ бояд бошад. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсиддин аз ҷониби мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Файзалӣ Ҷамолиддин ба таваҷҷуҳи иштирокчиёну фаъолони хизбӣ расонида шуд.

Доир ба дастовардҳои 30-соли соҳибистиқлолӣ собиқадорони ҳизб, Бобоев Давлат, Икромзода Амирхон, Ҷумъаи Назарзодаи Назрӣ ба сухан баромада, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар рушду нумуи хоҷагии халқи ноҳияву мамлакат басо бузургу тақдирсоз арзёбӣ намуданд. Вобаста ба дастовардҳои ҳизбию давлатӣ собиқадорон ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипоснома ва аъзои нав бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қисмати интиҳоии чорабинӣ бо баргузории барномаи консертии ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» бо пешкаш намудани суруду оҳангҳои ватандорию ватанпарастӣ ба анҷом расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: