Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ

Аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ

19-08-2021, 09:03
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ
Бо мақсади сазовор истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» дар асоси тавсияҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ташкилоти ибтидоии «Авитсена» вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Олимзода Н.Х. – раиси ташкилоти ибтидоии “Авитсена” иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар 30-соли соҳибистиқлолӣ маърӯза карданд.
Аз ҷумла зимни баромадҳо таъкид гардид, ки бо заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се ҳадафи стратегии кишвар ноил гардида, ҳоло ҳадафи чоруми миллиамон «Саноатикунонии босуръати кишвар» дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо маром татбиқ гардида истодааст.
Дар мавриди гиромидошти Рўзи табибон, ки 18 август ҷашн гирифта мешавад, аз фаъолияти рўзмараи кормандони ин соҳа ва махсусан дар марҳалаи мубориза бо бемории коронавирус ва пешгирии аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ёдоварӣ ва ба нақши табибон дар ҳифзи саломатии ҷомеа таъкид шуд.

Беҳтаринҳо муайян шуданд

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо баррасии фаъолияти шашмоҳаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизб номи беҳтаринҳоро эълон кард.
Бар асоси иттилоияи бахши робита бо ҷомеаи КИ, ташкилотҳои ибтидоии «Молия ва иқтисод»- и Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (раиси КИИ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ), ташкилоти ибтидоии «Парасту» ( раис Зиёда Азизулло), КИИ «Забоншинос» - Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуѓзода (Гулназарзода Жило), ташкилоти ибтидоии «Энергетика ва захираҳои об» - Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ¬(Ҷумъа Далер Шофақир), КИИ «Маркази миллии тиббӣ» (Шамсзода Хизматулло), ТИ «Оламафрўз» - (Низомии Муҳриддин), ҳамчунин ташкилотҳои ибтидоии «80 - солагии Душанбе» (Сафаров Шодӣ), (« Тоҷикэнергоснаб»), ТИ «ТГЭМ» (Сафаров Иқбол), КИИ «Ворисони Сино» (Сафарзода Абдулло),

ТИ « Дардошно» (Муродзода Сабзаалӣ), ТИ «Барқи тоҷик» (Исмоилзода Мирзо Иброҳим) ва ТИ «Ватандўст» (Баҳронова Нуринисо Шарофидиновна), дар маҷмўъ 13 кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ бар асоси нишондодҳои кории худ қадрдонӣ шуданд. Фаъолияти онҳо дар бахши танзими кори дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзои нав, ҷамъоварии ҳаққи узвият, пешбурди корҳои тарѓиботиву фарҳангӣ ва иштирок дар тадбирҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, ки аз сўи КИ ба иҷро расидаанд, баҳогузорӣ шудааст.

Ноҳияи Сомонӣ


Аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ]
«МО ҲОМИЁНИ ВАТАНЕМ»
Таҳти ин ном дар қисми ҳарби 6593 Сараёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёси-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҷорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Расулзода Насимҷон, муовини якуми камандири қисми ҳарби 6593 Сараёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Ҷумабой ва ҷавонони сини даъватӣ иштирок намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ паради ҳарби баргузор шуда, ба меҳмонон макони зисти афсарону сарбозон ва яроқу аслиҳаҳо намоиш дода шуд. Ба хотири рўҳияи сарбозонро баланд бардоштан байни сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили бандкашӣ, вазнбардорӣ ва дастхобонак гузаронида шуд.
Дар идома дар толори маҷлисгоҳи қисми ҳарбӣ вохўрии меҳмонон бо афсарону сарбозон доир гардид ва дар он И. Мирзозода сухан карда, афсарону сарбозон ва падару модарони сарбозонро, ки дар вохўрӣ иштирок доштанд, ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ў зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҳизб пойдории сулҳу субот, таъмини рушди рўзафзуни иқтисоди миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва боз ҳам фаъолтар сохтани нақши ҳизб дар беҳтаршавии сатҳи некўаҳволии мардум аст. Расулзода Насимҷон- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ сухан карда, минатдории худро ба қисми ҳарбии №6593 баён дошт ва таъкид кард, Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ оѓоз бахшид.
Дар поёни ин вохўрӣ ба чанде аз кормандони қисми ҳарбӣ ва афсарону сарбозон, ки дар рафти хидмат ва мусобиқаҳои варзишӣ натиҷаҳои беҳтар нишон додаанд,ифтихорномаю сипосномаҳои ҳизби сарфароз супорида шуд.
Ноҳияи Шоҳмансур
Аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ
Фаъолият бо таваҷҷуҳ ба равандҳои ҷаҳонӣ /сурат
Дар маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии “Созанда”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТба фаъолияти ҳизбиён бо таваҷҷуҳ ба равандҳои сиёсии ҷаҳон ва кишварҳои минтақа баҳогузорӣ шуд. . Раиси ташкилот Вализода Муҳаммад ҳисобот пешниҳод намуда, афзуд, ки дар назди ташкилот гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфта, дар тарғибу амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ, татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб ва дар ҳамбастагӣ бо аъзои ташкилот ба сифати сарпарстони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба масоили вобаста ба рўйдодҳои муҳими ҷомеа мулоқоту вохӯриҳо, ҳамоишу конференсияҳо, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва аксияҳои таблиғотӣ баргузор менамоянд.
Дар ҷараёни музокираҳо ҳисоботи ташкилот қаноатбахш арзёбӣ гардида, масъалаи тасдиқи нақшаи корӣ, нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣ, чорабиниҳо ва корҳои дастаҷамъонаву бунёкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли кишвар, ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оиннома ва Одобномаи ҳизбӣ, намунаи ибрати дигарон будан дар ҷомеа, саривақт ва босифат анҷом додани маъракаи сиёсии “Обуна-2022” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои ташкилот Бурҳонзода Муслиҳиддин, Турсунова Маъмура ва Латипов Шавкат роҷеъ ба нақши ташкилот дар амалӣ кардани ҳадафҳои олии ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.
Дар идома Вализода Муҳаммад ба таври кушода бо ҷонибдории аъзои ташкилоти ибтидоии “Созанда”раиси ташкилот ва Кабилова Марҷона муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардиданд.
Дар поён ба чанде аз аъзои ба тозагӣ ба сафи ҳазб қабулшуда шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуд.
«МХ»




Озмуни “Нақши китоби “Тоҷикон” баргузор мешавад

Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”-ро байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 августи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир менамояд.
Маҳфил –озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оила доир мегардад.
Тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофҳоисиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон, таблиғи ѓояҳои ифтихори миллӣ, ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдатимиллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил ҳадафҳои асосии маҳфил-озмуни мазкур ба шумор меравад.
Илова бар ин, 20 августи соли 2021 дар толори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон баргузор мегардад.
Маросими ҷоизасупории маҳфил-озмун дар ҳамин конференсия сурат хоҳад гирифт.
Хоҳишмандон бо риояи шартҳои озмун метавонанд дар маҳфили номбурда иштирок кунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: