Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЛАҲЗАҲО АЗ ТАЪРИХИ ЧОПИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

ЛАҲЗАҲО АЗ ТАЪРИХИ ЧОПИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

18-03-2020, 12:00
Хабарро хонданд: 103 нафар
Назарҳо: 0
ЛАҲЗАҲО АЗ ТАЪРИХИ ЧОПИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» Дар нашриёти «Ирфон» барои чопи китоби академик Бобоҷон Ғафуров- «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ омодагӣ оғоз ёфт.
Ёд дорам, он рӯз баррасии ин масъала хеле тезу тунд сурат гирифт ва ниҳоят масъалаи тарҷумаву нашри китоби «Тоҷикон» ба уҳдаи нашриёти «Ирфон» вогузор шуд.
Баъди анҷоми ҷаласа ёвари Комитети давлатӣ оид таъбу нашр, полиграфия ва савдои китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти ин нашриёт хоҳиш намуд, то лаҳзае чанд дар дафтари кории раис бимонанд. Холмурод Шарифов одате дошт, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим бо алоқамандон дубора суҳбат меорост ва вазифаи ҳар нафар ва вақти иҷрои онро мушаххас мекард.
Ба зиммаи ман, ки муовини директори нашриёти «Ирфон» будам ва Иброҳим Ғаниев, саррассоми ҳамин нашриёт, таҳияи маводи ороишии китоб, аз ҷумла интихобу ҷойгузинии расму тасвирҳо барои муқоваю саҳифаҳои дигари он вогузор шуд.
Китоби «Тоҷикон» бори нахуст соли 1972 дар Маскав бо забони русӣ интишор ёфт. Он на танҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ, балки хориҷ аз он шуҳрат пайдо кард. Ва то он замоне, ки мо азми тарҷумаи ин китобро бо забони тоҷикӣ кардем, «Тоҷикон» аллакай бо чандин забони халқҳои ҷаҳон тарҷумаву интишор ёфта буд.
Барои интихоби маводи ороиш маро зарурати сафар ба шаҳри Маскав пеш омад, аз ин рӯ ҷиҳати мусоидат ба ин сафар ба раиси Кумита муроҷиат намудам. Холмурод Шарифов маро зуд ба ҳузур пазируфта, инчунин, Муҳаммад Осимӣ Президенти Академияи фанҳои вақти ҷумҳуриро бобати сафари кориам ба Маскав бо воситаи телефон огоҳ намуд. Ва таъкид кард, ки ҳангоми сафар агар мушкилоте пеш ояд, ҳатман онҳоро огоҳ созам.
Дар Маскав сараввал ба нашриёти «Наука» рафтам. «Тоҷикон» - ро бори нахуст ҳамин нашриёт ба табъ расонда буд. Дар қабулгоҳ котибаи мудири нашриёт баъд аз огоҳ шудани мақсадам посух дод, ки иҷрои чунин кор ба уҳдаи саррасом аст ва мудир маро қабул намекунад, бояд ба шуъбаи ороишот муроҷиат намоям. Он рӯз бо вуҷуди даводавии зиёд саррассоми нашриётро пайдо накардам, дар беморхона бистарӣ будааст. Рӯзи дигар низ ноилоҷ ба қабулгоҳи мудири нашриёти «Наука» даромадам. Котиба ин дафъа сард ба рӯям нигаристу омирона хитоб кард: «Танҳо саррассом ба ту ёрӣ расонда метавонад ва аз куҷо пайдо кардани ӯ вазифаи ман нест. Бирав, ба корам ҳалал нарасон!» Бо умеди дарёфти суроғаи беморхона ба шуъбаи ороишот баргаштам, то ба аёдати саррассом равам, аммо кормандонаш намедонистанд, ки ӯ дар кадом беморхонаи Маскав бистарӣ шудааст. Бояд тадбире меандешидам, ки мудири нашриёт маро ба ҳузур пазирад, вагарна сафарам бебарор меанҷомид.
Як харбузаи аз Душанбе овардаамро дар тӯрхалта гирифта, аз мағозаи шафати меҳмонхона ду баста шоколад харидаму ба қабулгоҳи нашриёт шитофтам. Ин бор котиба дастовезамро дида, бо чеҳраи кушод онро аз дастам гирифт ва ваъда дод, ки дараки саррассомро ёфта, ба ман хабар медиҳад. Субҳи рӯзи дигар мувофиқи ваъда котиба хабар дод, ки саррассомро дидааст ва ӯ имрӯз ба кор меояд.
Ба ҷониби шуъбаи ороишоти нашриёт шитобидам, ки дар ҳақиқат саррассомро дар ҷои кор пайдо кардам, вале ӯ мактуби расмии аз Тоҷикистон овардамро ба ҷурме, ки дар он иҷозати роҳбари нашриёти «Наука» мавҷуд нест, рад кард. Ночор сӯи қабулгоҳи мудир давидам. Котиба номаро аз дастам гирифта афсӯсхӯрон посух дод, ки сарварашон, ба сафари хидмат рафтааст. Баъди ин ҳама ташвишҳои бесамари чандрӯза маъюсона ба меҳмонхона баргаштам ва ба хулосае омадам, ки бояд ба Душанбе хабар диҳам. Пас аз як соати дархост танзимгар алоқаро бо Душанбе пайваст ва гӯширо бардоштам. Устод Осимӣ маро аз овозам шинохта пурсиданд: -Лаббай писархонд, корҳоятон чи хел? Ман воқеаро муфассал нақл кардам. Осуда бошед. Рақами телефонатонро ба ман гӯед.
-Ман имрӯз ба шумо занг мезанам,-гуфтанд устод. Айнан бо ҳамин хабар бо Холмурод Шарифов низ телефон кардам. Он кас ҳам «илоҷаш ёфт мешавад» гуён диламро тахт карданд.
Хеле маъюс будам, аз гулӯям об ҳам намегузашт, ҳатто тамошои телевизор ба дилам намеғунҷид. Бо ҳазору як хаёл дар меҳмонхона интизори садои телефон нишастам. Баъди ду-се соат садои ҷарангоси он маро ҳушёр кард. Аз гӯшак овози Холмурод Шарифов шунида шуд.
-Ману Муҳаммад Сайфидинович бо устод Бобоҷон Ғафуров телефонӣ ҳамсуҳбат шудем. Ба наздашон дароед. Аз натиҷааш моро огоҳ созед. Ба шумо барори кор мехоҳам,- гуфтанд Холмурод Шарифов.
Телефонро ба ҷояш гузоштаму арақи сарде вуҷудамро фаро гирифт. Ба изтироб афтодам. Аз чӣ гуна сурат гирифтани дидорбинӣ ба шахсияте чун Бобоҷон Ғафуров, ки то ин лаҳза боре мушаррафам нагашта буд, дар ҳаяҷон будам.
Дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров нахуст солҳои таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон аз Меҳрубон Назаров, устоди фанни таърихи Тоҷикистон, дертар раиси фарҳанги ҷумҳурӣ шунида будам. Шарҳи ҳоли ин алломаи тоҷик барои мо донишҷӯён завқовар буд. Баъдтар Усмонҷон Ғаффоров, таърихшинос, ба мо дар бораи китоби ӯ «Таджики» (чопи нашриёти «Наука»-и Маскав), ки миёни олимони ҳасуду нотавонбини ҷумҳурии ҳамсоя шӯру валвала ангехта буд, нақл мекад. Ғарқи андешаҳои бесару нӯг хоб аз сарам парид ва шаби дароз дамидани субҳро интизор шудам. Субҳи содиқ ба Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рафтам. Баробари расидан ба қабулгоҳи Бобоҷон Ғафуров ёвари устод маро ба ҳуҷраи корашон даъват намуд. Устод, ки дар назди мизи корӣ истода буданд, самимона дастонамро фишӯрданд. Ман аз ин вохӯрӣ чунон ба ҳаяҷон омадам, ки шиддати ларзиши дастонамро эҳсос намудам. Бо ишораи устод дар курсие нишастам. Дар ин асно марди ситорагарми қоматбаланде вориди ҳуҷраи устод гашта, дар рӯ ба рӯяшон шишт. Устод ин мардро ба ман муаррифӣ намуданд. Директори нашриёти «Наука» будааст. (Афсӯс, ки ному насабаш аз ёдам рафтааст.) Ҳамраҳашон ба нашриёт меравед, барои дарёфти маводи зарурӣ ба шумо ёрӣ мерасонад. Ронандаи мошини хидматиам шуморо роҳбалад мешавад,-гуфтанд Бобоҷон Ғафуров. Бо роҳбари нашриёт ба дафтари кораш рафтем. Котибаи шинос маро хуш пазироӣ намуда, як қадаҳ қаҳва низ дар наздам гузошт. Директори нашриёт саррасомро наздаш даъват намуда, супориш дод.
Ман ба меҳмонхона рафта, бо Душанбе дар тамос шудам ва барои иҷрои давоми корҳо Иброҳим Ғаниев-саррасоми нашриёти «Ирфон»-ро ба Маскав даъват намудам. Барои интихоби дурусти харитаю расмҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳои қадима ва дигар мавод аз бойгонии нашриёти «Наука» дар ороиши муқоваву саҳифаҳои дигари китоб ба машварати ӯ, ки коршиноси соҳа буд, ниёз доштам. Бегоҳӣ ман бениҳоят хурсанд дар меҳмонхона дам мегирифтам, занги телефон шуд, гӯшакро гирам овози Б. Ғафуров.
«-Ман, Ғафуров, домулло, маводи «оши палав»-ро равон намудед, лекин ошпазаш нест, ман мошинаро ба меҳмонхона фиристодам бо ронанда ба хона биёед ва оши тоҷикиро ҳамроҳ мепазем,- гуфтанд. Табъам хира гашт, чунки ман боре ҳам оши палов напухта будам. Бо маслиҳати Холмурод Шарифов дар як қуттичаи майда сабзӣ реза карда, биринҷи Панҷакент, сабзавоти ҳархела ва як харбуза бо ронандашон равон кардам. Бо як ҳаяҷон ба хона ворид шудам ва то ош омода сохтан хеле суҳбат ҳам кардем. Устод фаҳмиданд, ки ман аз шаҳри Конибодом, дар бораи кадрҳои шаҳрамон хеле бо эҳтиром ҳарф заданд. Махсусан, дар бораи Абдураҳмонов Неъматҷон, Қаҳрамони меҳнат солҳои дуру-дароз котиби аввалин шаҳри Регар (Турсунзода) ва Ҳисор, дар бораи Сироҷиддин Исоев, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, ки зиёдаи аз 34-сол роҳбари ноҳияи Колхозобод (минбаъд Балх), калонтарин ноҳияи пахтакори ҷумҳурӣ сухан кардам. Дар аз худ намудани водии Вахшонзамин хизмати Исоевро бениҳоят бузург арзёбӣ намуданд. Ман аз зодаи Конибодом буданам ифтихор доштам. Ин инсонҳои бузурге, ки устод Бобоҷон Ғафуров номбар карданд, якешон аз ҷониби падарам, дигарашон аз тарафи модарам ба ман хеши наздик буданд. Мо нисбати ҳамдигар эҳтироми хоса доштему маро онҳо эҳтиром мекарданд.
Рӯзи дигар Иброҳим Ғаниев ба Маскав омад. Ҳамроҳ ба бойгонии нашриёти «Наука» рафта, ба ҷустуҷӯи маводи зарурӣ шурӯъ намудем. Баъди даҳ рӯзи ҷустуҷӯ ба мо муяссар шуд, ки ҳамаи супоришҳоро иҷро намуда, ба Душанбе баргардем.
Вақте ки ба Душанбе баргаштем, аз тарҷумаи китоби «Таджики» ҳанӯз дараке набуд. Академияи илмҳои Тоҷикистон бояд тарҷумаи онро зуд ва бо муҳлати кӯтоҳ дар ду нусха ба нашриёт пешниҳод мекард. Муҳаррири нашриёт дастнависи тарҷумаро аз нав таҳрир менамуд ва мусаҳҳеҳ низ ғалатҳои онро ислоҳ мекард.Бехато ва бо сифати баланд тарҷумаву ба нашр расонидани чунин як китоби ҳаҷман бузургу нодир кори хеле масъулиятнок буд.
Зимни як суҳбат ба Холмурод Шарифов масъаларо фаҳмондам. Масъулони чопи ин китобро ба наздашон даъват намуда, зудтар анҷом додани корро хоҳиш карданд. Бо пешниҳоди ман дастнависи бобҳои ба итмомрасидаро, мунтазири тарҷумаи пурраи китоб нашуда, пайи ҳам ба нашриёт оварданд. Ҳамин тариқ кор пеш рафт. Китоб барои ҳуруфчинӣ тайёр ва дар асоси ҷадвали махсус ба Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе супурда шуд. Баъди ҳуруфчинӣ муҳаррирон ба таҳрири он сар карданд. Дастнависҳо тадриҷан шакли китобро пайдо намуданд. Масъалаи дар кадом комбинати полиграфия чоп намудани «Тоҷикон» пеш омад. Дар нашриёти мо бо теъдоди зиёд чопи босифати китоб мушкил буд. Ба хулосае омадем, ки китобро аз матрисаи полиграфияи худамон дар шаҳри Қазон чоп кунем. Нафаси озод кашидам. Лекин ин хурсандӣ дер тӯл накашид. Х. Шарифов ба ман занг зада чунин гуфтанд:
Се рӯз аст, ки ба як хулоса омада наметавонам Хоҳари устод Бобоҷон Ғафуров ба ман телефонӣ хоҳиши устодро расониданд. Устод пеш аз вафоташон хоҳиш карда буданд, ки китобашонро аз 50000 нусха зиёд чоп накунем. Эшон аз ба фурӯш нарафтани теъдоди зиёди китоб ва сарфи беҳудаи коғаз нигаронанд.
Мо аллакай барои нашри китоби «Тоҷикон» бо теъдоди 150000 нусха, ки дар нақша буд, садҳо тонна коғаз, картон ва дигар лавозимотро ба Қазон фиристода будем. Аз ҷониби дигар, агар теъдоди нашри онро коҳиш диҳем, нақшаи солонаи нашриёти «Ирфон» ва ҳам нақшаи комбинати полиграфии Қазон иҷро намешуд. Ин масъаларо низ мебоист ба эътибор мегирифтем.
Ба роҳбарияти полиграфкомбинати Қазон дар тамос шудам. Гуфтугузорамон дар аввал ниҳоят тезу тунд шуд, пас ба қароре расидем, ки аз ҳисоби нашри китоби «Тоҷикон» чопи китоби дигареро ба роҳ монем, ки ҳаҷму шаклаш ба он мувофиқ бошад ва қоғазҳои ба Қазон фиристодаамон истифода шаванд. Бо ин пешниҳод рӯзи дигар ҳамроҳи сармуҳаррир ба назди раиси кумита рафтем. Пешниҳоди аз ин беҳтаре набуд ва илова ба «Тоҷикон» китоби «Ҳазору як шаб»-ро низ ба чоп тавсия кардам ин таклифи манро Х. Шарифов дасгирӣ намуданд.
Ман ба матрисаҳои китоби «Тоҷикон» ва «Ҳазору як шаб» ба Қазон парвоз кардам. Китоби «Тоҷикон» бо теъдоди 50000 нусха чоп шуд ва чунон зуд ба фурӯш рафт, ки баъди чиҳил рӯз дар мағозаҳои Тоҷикистон «Тоҷикон»-ро пайдо кардан амри маҳол гашт. Ба унвони нашриёт бо хоҳиши чопи такрории он аз хонандагон ҳазорон нома омад. «Тоҷикон»-ро бори дувум бо теъдоди 150000 нусха чоп кардем.
Ин китоби нодир боз чандин маротиба ба табъ расид. Академик Бобоҷон Ғафуров бошад, дар даврони истиқлолияти ватанамон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардиданд.
Боиси дастгирист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд, ки китоби академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби ҳукумат бознашр карда, ба ҳар хонаводаи тоҷик ба таври ройгон туҳфа карда шавад. Ин иқдом ва меҳрубонии падарона аз он дарак медиҳад, ки Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаи худ метавонанд бо арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати ниёгони худ саҳми худро гузошта бошанд, то мардуми куҳанбунёди тоҷик аз асли худ огоҳ шаванд. Ин амали созандаи Пешвои миллат андешаи як донишмандеро дар зеҳнам таҳрик медиҳад, ки барҳақ гуфтааст: “Ҳар касе, ки таърихи гузаштаи худро намедонад, ояндаи худро низ сохта наметавонад.” Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи асли хеш бошем ва расму русум ва дину оини онҳоро пайгирӣ намоем. Мавлонои бузург низ хеле зебо ва бамаврид фармуда, ҳайфам меояд, агар ин ҷо нагӯям:
Ҳар касе, кӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Нозимҷон Фозилов,
собиқ ҷонишини директори нашриёти “Ирфон”
ва собиқ ҷонишини вазири матбуот ва ахбори ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: