АЁДАТИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТИ ШАҲРИ КӮЛОБ11-08-2021, 12:58
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади аёдати оилаҳои камбизоати шаҳр аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир гардид. Зимни расонидани кумакҳои моддӣ оилаҳои ниёзманди ҷомеа ба Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдории хешро баён намуданд. Бояд зикр намуд, ки ин аёдат ба оилаҳои камбизоат қувваву нерӯ бахшида, барои ба ҳаёт умедвор гаштани онҳо заминаи созгор мегузорад. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо ба ин қишри ҷомеа маводҳои ғизоӣ аз тарафи аъзои фаъоли ҲХДТ расонида мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳаммаи маюбону барҷомондагони кишвар таҳти ғамхории бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.