Сабаби сохтмони девор дар марзи Эрону Туркияро Эмин Билмез, роҳбари вилояти Ван Меҳмет дар "фишори муҳоҷират"-ӣ мебинад
Раиси вилоят гуфт, ки девор дар марз бо Эрон, ки 64 километрро ташкил медиҳад ,то охири соли 2021 сохтмони он ба итмом мерасад. Ҳоло омодагӣ ба тендер барои 63 км боқимондаи марз идома дорад,- иттилоъ додааст рӯзномаи МК.
Оқои Билмез гуфт: «Деворе, ки сохта мешавад хусусияти низомӣ дорад. Ғайр аз ин марз бо симхораҳо, минтақаҳои назоратӣ, манораи алоқа мустаҳкам карда мешавад, ки бо камераҳои назоратӣ ва сенсорҳо ва низоми назорати оташ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд”.
Туркия бо Эрон 534 километр марз дорад ва он ба як гузаргоҳи муҳоҷирони Афғонистон табдил ёфтааст. Манбаъ хабар додааст, ки аксари афғонҳо тариқи Эрон фирор кардаанд. Ин раванд баъд аз хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз ин кишвар ва пешравиҳои ҷангҷӯёни Толибон (созмони мамнӯъ дар Русия) сурат гирифтааст