Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ баргузор мешавад

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ баргузор мешавад

28-07-2021, 10:00
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Дар кори он вазирони мудофиаи Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Русия, Узбекистон ва Беларус, инчунин Дабири кулли СҲШ ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ ширкат меварзанд.

Дирӯз Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэ, ки барои иштирок дар ин мулоқот ба Тоҷикистон омадааст, доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои ҳарбии дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ карда, доир ба санадҳои ҳуқуқӣ ва созишномаҳо, ки қаблан байни вазирони мудофиаи ду кишвар ба даст омада буданд, мубодилаи афкор намуданд.


Дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Хаттак баргузор гардид.


Тибқи рӯзномаи ҷаласа, вазирони мудофиа масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, таъмини амният ва субот дар Афғонистон ва марзҳои он бо кишварҳои узви СҲШ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ мекунанд.

Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи СҲШ, ки имсол таҳти унвони «Миссияи сулҳҷӯёна- 2021» дар яке аз кишварҳои узви СҲШ баргузор мегарданд, муҳокима мешаванд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: