Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ХУРШЕДИ ВАҲДАТ

ХУРШЕДИ ВАҲДАТ

25-07-2021, 10:00
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
ХУРШЕДИ ВАҲДАТ
Неъмати бегазанд ва пурфайзу баракати илоҳӣбаъди ҷанги таҳмилшудаи шаҳрвандӣдар 27-уми июни соли 1997 бо номи сулҳ ва ё Ваҳдати миллӣнасиби халќи тоҷик гардид. Сулҳ паёми осмонӣва иршоди илоҳӣбуда, хушбахтиву саодатмандиро барои башарият таъмин менамояд. Вожаи Ваҳдати миллӣмоҳиятан маънои тоза ва навро фарогир гашт. Таҷассумгари ормонҳои мардумӣва рамзи уҳуввату якдигарфаҳмиро дар худ фароҳам сохт. Андеша ва ормонҳои худшиносии миллӣва худогоҳии имониро дар ќалбҳо эҷод намуд. Алорағми ҳамагуна афкори ботил, андешаи носавоб ва кинатузиву ватанзудоии мухолифони миллати тоҷик офтоби Ваҳдати миллӣандар осмони кишвари Тоҷикистон нурафшон гардид. Оштӣва Ваҳдати миллӣягона роҳи ҳалли муноќиша аз ҷангу размандагӣпазируфта шуд.
Ҷанги таҳмилшудаи соли 1992-юми мелодӣҷони ҳазорон ҷавонмардон ва ҳамватанони гиромиро аз олами ҳастӣба коми нестӣфурў бурд. Ҳазорон модарону хоҳарон ва кўдакону мўйсафедон бо амри таќдир тарки манзил ва диёр намуданд. Ќатлу куштор, ғорату роҳзанӣ, бераҳмию беинсофӣва ќиматию нодорӣ, фаќру гуруснагӣавҷ мегирифт. Ҳамзабону ҳамдин бадгумону дар ќатли якдигар камар баста буданд. Уламо хору донишмандон овора гардиданд. Ба ҷойи ашки шодӣаз чашми модарон ашки дарду ғам ва навмедиву хун метаровид:
Зи ишќи модарони лола гулгун,
Зи дарди хоҳарони дида дар хун,
Сари шаб то саҳар дил пора кардам,
Ба ҷисми навҷавонони кафангум.
Ин манзараи риќқатовари дарднок мардумро ба биёбони яъсу ноумедӣкашида, умед бар ояндаи дурахшонро ба боди фано дода буд.
Хавфи аз байн рафтан ва пора шудани кишвар ба пуррагӣэҳсос мегашт. Истиқлолияти кишвар дар арсаи заволёбӣқарор гирифта буд:
Ҷигар сад пора, тан оғуштаи хун,
Ҳазорон лола дар каф ҷомаи хун.
Зи марги гулрухони тоҷиконам,
Ватан вайрона, дил оғўштаи хун.

Баъзе аз сардамдорони вақт, ки ҳамон замон масъули ҳаёти осоишта ва боҳамоии миллат буданд, аз чи бошад, ки хомўширо шеваи худ сохта ва қисмате чун парандагони мавсимӣфирорӣгаштанд. Дар чунин шароити мураккаб ва сарнавиштсози таърихӣбарои миллати мутаддаини тоҷик, ки пайкараи вуҷуди худро захмин ва пурҷароҳат карда буд, табибони ҳозиқ чун Бўалӣва Розӣзарур буд.
Зарурияти пешгирӣва хомўш намудани оташи ҷанги ҳамдигаркушӣбарои соҳибхирадон аҳамияти хоса касб мекард. Андешаи ҳамдигарфаҳмӣ, авф, гузашт аз гуноҳи якдигар, сабру суботпазирӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ағёршиносӣ, сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар андар ақли солим ва ҷисми солим эҷод гашт. Иддае аз фарзандони баору номуси ватанхоҳ ҷон дар кафи даст ба хотири баҳамоиву иттиҳоду якпорчагии давлат ва миллат рў ба сўи сангарҳои хунини ду ҷониб шитофтанд. Аввалин ҳарфу ҳиҷои сулҳ аз ҷониби ин фарзонагони миллат зери сарварии Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии кишвар ҷаноби ЭмомалӣРаҳмон ба само печид. Ташнагони сулҳу оштӣ, ки дар ҳар ду сангар дар муқобили яъсу навмедӣистодагарӣмекарданд, бо гўши ҷон ин садоро шунида, сўи ин садои рўҳнавоз шитофтанд. Иддаи дигар бошад, зери васвоси сароби орзуҳои хунин бо силоҳшўрҳои гумроҳгаштаи бозичаи дасти аҷнабиёнгардида дар муқобили модари хунин кафани хеш дар муқовимат буданд. Аммо ростиву поктинатӣбоимониву миллатсозӣва ватанхоҳии роҳбари тозаинтихоби кишвар марҳаме бар ҷароҳати мардумон гардид. Ҳамакнун, хуршеди бахту иқболи мардум аз пушти тираабрҳои ниқору кина бурун гардида, бар торикиҳои қалбҳои дардошно нуру сафо бахшид. Ҳамагон дар сурати ин ҳодӣва мунодии сулҳу якпорчагӣғамхору ғамшарики хешро дарёфтанд. Ва ин хирадманди ватанхоҳу кишваркушо нахустгомҳои созандаашро дар роҳи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣгузошт.
Аз худ гузаштану худро дарёфтан…
Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон аз аввалин родмардони ватанхоҳ буд, ки ҳамчун раҳбар ва Пешвои миллат андешаи гузашт намудан ва бахшишу таҳаммулпазириро шеваи худ сохт. Ва барои роҳҳои ҳалли муноқиша ва хомўш намудани оташи ҷанги ҳамдигаркушикамари ҳиммат баст. Ва баён дошт, ки барои ба даст овардани сулҳу таъмини оромии кишвар ҷони худро дареғ нахоҳад дошт. Иродаи матин, саъю талош ва неруву имондории комил Президенти кишварро сарбаланду сарфароз ва арҷманд гардонид. Парчамбардори андешаи оштӣва Ваҳдати миллӣгардид ва дар ин бахш донишмандону таърихнависонро зарур аст, ки ба фаъолият ва зиндагиномаи Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон баҳои дурусти илмӣва таърихӣбидиҳанд. Зеро аз худ гузаштан ва худро дарёфтан то кунун ба таври саҳеҳ инъикоси хешро андар китобҳои таърихӣдарнаёфтааст. Ва дар ин ришта ковишҳои илмӣсаъю талоши бештар ва ҷиддиро аз донишмандон тақозо мекунад.
Бо лутфу марҳамати Худованд Роҳбари тозаинтихобу ҷавони кишвар муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ҷониби муқобилро ба сулҳу салоҳ ва оташбаси абадӣдаъват кард, ҳарчанд ки монеаҳо, мушкилот ва нофаҳмиҳо хеле зиёд ва фазои сиёсии кишвар ноором буд. Сўиқасд ба ҷони донишмандон ва уламои кишвар зиёд мегашт. Одамрабоӣва гаравгонгирӣавҷ мегирифт. Ағёрҳои миллати тоҷик дар ҳеҷ ҳолат намехостанд, ки байни бародарони тоҷик якдигарфаҳмӣва сулҳу суботи ҷомеа дастболо гардад. Бад-ин хотир, интишор ва истифодаи хабарҳои бардурўғи иғвоангез аз тариқи расонаҳои хориҷӣ андар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ҳар роҳу восита пурзўр мегардид. Пирзолҳои сиёсии пасипардагӣтибқи нақшаи пешакӣтарҳрезишудаи худ болои сўхта намакоб мерехтанд.
Ва дар чунин шароити тақдирсоз барои ҳастии миллат ва халқи тоҷик ҳушёрӣва зиракии сиёсӣбарои ҳар фард омили асосии бақои миллат ва сулҳу суботи ҷомеа буд. Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон барои сарнавишти марзу буми аҷдодӣва тақдири миллати хеш камари ҳиммат баст. Ончунон, ки Мавлоно Иқболи Лоҳурӣфармуда:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Бад-он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ниҳоят он рўзи деринтизор фаро расид. Худованди бахшандаву меҳрубон бар гўши ҷонҳо муждаи сулҳ овард.
Пайк ва паёми дўстӣқалби ҳазорон бошандагони кишвар ва муҳоҷиронро лабрези нуру сафо гардонд. Дар баробари ин, баъзе атрофиёни роҳбарияти Иттиҳоди неруҳои мухолифини кишвар дудилагӣмекарданд. Ба ояндаи сулҳи оғозгашта боварӣнадоштанд, балки билкул мухолиф буданд. Аммо роҳбарияти комиссиюни оштии миллӣбарои ба даст овардани сулҳ ноумедиро ба худ роҳ намедод ва ягона роҳи наҷот ва хушбахтии муҳоҷиринро на дар ҷанг, балки дар ба даст овардани сулҳ ва оштии миллӣмедонист. Пайваста ин ҷумларо вирди забон мекард: «Мо бо сулҳу салоҳ ба Ватан хоҳем баргашт. Ва набояд ин таъбири мардумиро фаромўш сохт, ки «Гадоӣдар Ватан, шоҳӣ ғарибӣ».
Робитае, ки мусалмонро бо бародари мусалмонаш мепайвандад, ин робита ва алоқаи имон доштан ба Аллоҳ таъоло мебошад. Яъне «ҳамоно муъминон бародари якдигаранд». Аз ҳамин лиҳоз, ки муъминон бародари якдигаранд, фарди мусалмон ҳуқуқҳои бародари мусалмонашро мебояд, эҳтиром гузорад ва даст ба қатлу ғорат назанад. Зеро дар ҳолати вайрон шудани ин аҳди инсонӣасосии мусалмонӣ, ки бародарӣмебошад, осебпазир гардида, бинои сулҳу оштӣвалангор мегардад. Дар асоси ин аҳди Қуръонӣфарди мусалмон ҷонибдори бехатарӣва амнияти бародари худ мебояд бошад. Ана ҳамин таъбири саропо пур аз панди рўзгор сангрезаи зербинои сулҳу оштии миллиро гузошт.
Таъсиси комиссиюни Оштии миллӣ
Бо дарки баланди масъулият аз ҷониби Ҳукумат бо супориши Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва аз ҷониби дигар бо роҳбарии намояндагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва кишварҳои кафили сулҳ ҳайати комиссиюни Оштии миллӣтаъсис дода шуд.
Маҳз дар пояи ҳамин ақоид «Мо бо ҳам бародарем», хишти аввалини Оштии миллӣгузошта шуд. Ҳарчанд ки аз ҳарду ҷониб буданд нафароне, ки бо қарордоди Ризоияти миллӣва сулҳу оштӣбо назари шубҳа аз пушти пардаҳои сиёҳи пур аз дудаи ҷангу хун назар мекарданд.
Шояд ҳамин шаку шубҳаҳо буда бошад, ки аз ду ҷониб намояндагони сулҳу оштӣба дурнамои сулҳ он қадар бовар надоштанд, вале иродаи қавии миллатдўстиву ватанхоҳии Роҳбари ҷавони тозаинтихоби кишвар Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон онҳоро водор намуд, ки силоҳ бар замин гузошта, дар талоши сулҳу оштӣбошанд. Ана ҳамин тавр, аз рўзи аввали фаъолияти кориаш Пешвои муаззам дар мақоми Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон будан, хишти аввалин кохи бегазанди истиқрори сулҳу якпорчагии миллатро гузошт. Ҳамин иқдоми сулҳофарии Пешворо аз аҳли калом ва қалами кишвар аввалин шуда, устоди зиндаёд шоири шаҳири миллат Ашўр Сафар таърихи 26- ноябри соли 1992 муборакбод гуфта, бо боварӣба фардои нек мақдами нахустини сулҳофарии Пешвои муаззамро бо муҳаббат ва самимияти зиёд чунин рўи саҳфа овардааст:
Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ,
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сар-сари дидаи ман омадаӣ.
Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,
Ба рухат акси рухи себ диҳад.
Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,
Дар бағал боғу чаман омадаӣ.

Ҷомаи тоза муборак бошад,
Ҳусни шероза муборак бошад.
Раҳи пурнур дар он метобад,
Зи раҳи нурфикан омадаӣ.

Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,
Ҷомаро дор нигоҳу мадарон.
Сари ҳар риштаву кўкаш бахт аст,
Бахт дар бар ба Ватан омадаӣ.

Тирамаҳ ранги баҳорон бигирифт.
Зиндагӣаз сари нав ҷон бигирифт,
Оби ҷў соф шуд аз хуноба,
Марҳами реши бадан омадаӣ.
Ва ин муборакбодии шоири зиндаёди шаҳири миллат ниҳоли умеду ормонҳои қариб хазонгардидаи миллатро нашъу нуму бахшид. Бар қалбҳои ҳазин неруву тавонмандӣато намуда, мардумро дар атрофи ин абармарди таърихи навини миллат муттаҳид сохт. Ва шояд ҳамин дуои устод буд, ки қанди сухани Пешво ширинӣба коми мардуми хастаҷону хастадил овард.
Ва муколамаву гуфтугўҳо оғоз гардид. Роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифин раиси комиссияи оштии миллӣСайид Абдуллоҳи Нурӣдар симои ЭмомалӣРаҳмон на рақиб, балки муҳиби кишвар ва мардуми хешро дарёфт. Шефтаи далерӣ, баландҳимматӣва таҳаммулпазирию дурандешии хирадмандонаи ЭмомалӣРаҳмон гашт. Дар симои ин абармарди таърихи навини миллат роҳкушоеро дарёфт, ки дар сиёсат ва дурандешӣболотар аз шунидааш буд.
Пеш аз ҳама, ҳамдинӣ, ҳаммазҳабӣва ҳамзабонии ду раҳбари хирадманд омили асосии Ваҳдати миллӣгардид. Фитратан қалбҳои онон майли сулҳу оромӣдоштанд, аммо монеаҳо сангин ва душвор буд. Ҷавҳари азалӣва иродаи илоҳӣПешвои муаззами миллат -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нуриро ҳамчун бародари имонӣба ҳам наздик кард ва онҳо якдигарро ба дурустӣва хубӣдарк намуданд ва якдигарро фаҳмиданд. Ҳама мардуми мусалмони тоҷик, ки дар чаҳорчўбаи аҳкоми шариат ҳанафимазҳаб буда, ба ҳамин васила, Худованд бори дигар неъмати раҳмат ва баракаташро ба рўйи миллати тоҷик фароҳам овард.

Коршиносон ва таҳлилгарони сулҳи тоҷиконро зарур аст, ки на аз нигоҳи таассуб, балки бо муҳаббати ватандорӣасрори сулҳро мавриди омўзиш қарор диҳанд.
Ва ҳамон гуруҳҳои васвосии тундгарои исломие, ки миёни мардуми бедониш ва сустирода таблиғоти бардурўғи мазҳабӣмебурданд, оқибат шарманда гардида, роҳи гурезро интихоб намуданд. Конфронсу симпозиумҳои фарҳангӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар саросари кишвар гузаронида мешуд, эътибори давлат ва роҳбарияти онро афзун намуда, Тоҷикистонро дар ақсои олам ва ҷаҳони ислом соҳибэътибор намуд. Ҳама мардуми мусалмони тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон аз ҳама арзишҳои милливу мусалмонии хеш пуштибонӣнамуда, ба ҷаҳониён собит намуданд, ки Тоҷикистон дар қораи Осиё ягона кишвари мусалмоннишини амнтарин буда, арзишҳои мусалмононии онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумат ҳамеша пуштибонӣмеёбанд, ин мусалмонпаноҳӣва поктинатии Пешвои муаззами миллат эътиборашро миёни ҳама қишрҳо ва ҷомеаи башарӣзиёд намуда, аксари кулли муҳоҷирони иҷборие, ки аз Афғонистон ва Эрон баргаштанд, бо муҳаббат ва самимияти зиёд ба Ҳукумат пайвастанд. Ҳол он ки иддае аз ин кўрдилони нотавонбин, ҳанўз аз сангарҳои ниқору кина санг бар пои миллати худ мезананд. Вале муҳаббати ватандорӣва ватанхоҳии мардумро наметавонанд, ки коста намоянд. Ин омили оштии миллӣсулҳи тоҷиконро неруву тавонмандӣбахшида, эътибори мардумӣбудани давлат ва ҳукуматро миёни мардум даҳчанду садчанд намуд. Ҳамин омилҳои баҳамоии миллӣкори комиссиюни оштии миллиро ҷоннок намуда, дар як муддати на чандон дарози таърихӣсулҳу ваҳдати миллӣпойдор гардид ва иттиҳоду якпорчагии миллат силоҳи боэътимоди осоиштагӣпазируфта шуд. Ҳар тардомане, ки иҳонат ба сулҳу якпорчагии миллат намуд, ба лаънати Худованд гирифтор шуда, ломакон гардид.
Комиссиюни Оштии миллӣзери сарпарастии Президенти маҳбуби кишвар ҷаноби ЭмомалӣРаҳмон фаъолияти пурсамари хешро ҷамъбаст намуда, миллатро бо ҳам оварда, иттиҳоду якпорчагиро дар саросари кишвар таъмин намуд. Ҳазорон нафар гурезаҳои иҷборӣба Ватан баргашта, дар қатори ёрону бародарони хеш дар хидмати Ватан –модар камар бубастанд. Суруди ҷовидонии Ваҳдати миллӣинак бисту чаҳор сол боз дар саросари кишвар танинандоз гардид. Ва таърихи 27 июни соли 1997 ҳамчун рўзи боҳамоии миллӣва давлатсозии навини тоҷикон бо номи Рўзи Ваҳдати миллӣдар саросари кишвар бо як тантанаи пурарзиши миллӣтабдил гардида, ҳама бошандагони кишвар новобаста аз мавқеъ ва мақоми сиёсиву иҷтимоӣва милливу мазҳабӣ ин рўзи сайидро ҷашн мегиранд. Ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву иҷтимоӣва фарҳангии кишвар паҳлу ба паҳлу зери ҳидоятҳои ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар эъмори як ҷомеаи фарҳангии мардумсолори саҳмгузори ободии кишвар мебошанд.
Ҳама қишрҳои ҷомеаи фарҳангсолори раъиятпарвари тоҷик иттиҳод ва сулҳу якпорчагии миллатро дар баҳои хону мони хеш чун гавҳараки чашм эҳтиром гузошта, ин рўзро чун тантанаи миллӣарҷ мегузоранд. Хуршеди ваҳдат, ки бо нури поку муҷаллояш бар торикистони қалбҳои нобоварон нури умед бахшидааст, самои поки кишварро ҳазорранг намуда, марҳаме бар ҷароҳатҳои соликони пайраҳаи Пешво гардидааст. Шоири ширинкаломи зиндаёди тоҷик яке аз соликони роҳи пурифтихори Пешво Алишери Муҳаммадӣ, ки саропояш сипосу ҳамди Ваҳдати миллӣбуд, хеле хуб фармуда:
Мо бар варақи санг навиштем зи Ваҳдат,
Мо бо қалами нанг навиштем зи Ваҳдат.
Бо хуни шаҳидону ҳам аз ашки ятимон,
Ҳамсанги сад «Аржанг» навиштем зи Ваҳдат.

Маро ба ҳам он ягона Яздон овард,
Моро ба ҳам арвоҳи шаҳидон овард,
Аз як тараф ар хандаи Иқбол мадад кард,
Аз сўи дигар дидаи гирён овард.

Поси шарафу шукуҳи инсон- Ваҳдат,
Хушнудии арвоҳи шаҳидон – Ваҳдат.
Таскини дили ватанпарасон –Ваҳдат,
Армони шаҳидону ятимон – Ваҳдат.

Нақше зи худогоҳии инсон – Ваҳдат,
Дарсе зи дилогоҳии инсон –Ваҳдат.
Дар дафтари рўзгор сабт аст чунин,
Рамзе зи худогоҳии инсон –Ваҳдат.
Ҳамин пораи пур аз муҳаббату садоқате, ки шоири зиндаёди тоҷик бо тапиданҳои ноороми қалби саршор аз меҳри ватангароияш рўи саҳфа овардааст, гувоҳи он аст, ки ҳама мардуми кишвар аз иқдомҳои сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат пуштибонӣнамуда, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣҷоннисор мебошанд.
Як омили бузурги баҳамоии миллат, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба миён омадааст, ин бахшандагиву меҳрубонӣдар рўзҳои ҷашнҳои миллӣва истиқлолияти давлатӣмебошад. Ватанхоҳиву миллатдўстӣва созандагиву ғамшарики мардум будани Пешво дар ҳама рўзҳои сахти миллат эътибори ўро миёни мардум хеле баланд бардошта, тамоми пиру барнои кишвар дар симои поки ў наҷотбахши кишвар ва миллатро мебинанд. Дар тўли даҳ соли охири тантанаҳои Ваҳдати миллӣ, ин ҷашн бо шукўҳи хосаи милливу имонӣдар тамоми гўшаву канори кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ҳама роҳбарияти мақомоти идории қаламрави кишвар зери роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ин ҷашни бошукўҳи миллиро дар рўҳияи иттиҳоду якпорчагӣҷашн гирифта, ба амалҳои созандаи Пешво пайравӣменамоянд. Китоби хонданбоби миллат ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат буда, ин ҳидоятҳои созандаи муттаҳидсозии миллат дар қалби пурҳарорати миллионҳо ватанхоҳони кишвар бо ҳарфҳои тиллоӣсабт гардидаанд. Ҷавонон, ки неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар мебошанд, дар пайравӣаз амалҳои созандаи ватанхоҳонаи Пешво ғояҳои иттиҳоду якпорчагӣва меҳанпарастиро миёни мардум таблиғ намуда, машъалафрўзи фардои дурахшони кишвар мебошанд. Маҳз ташаббусҳои созандаи шаҳрдори ҷавони пойтахт Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии кишвар Рустами Эмомалӣҷавонони бонангу номуси ватанхоҳро бо ҳам ҷамъ оварда, дар пайравӣаз амалҳои созандаи Пешво Душанбеи азизро ба як шаҳри ваҳдатсаро ва фарҳангофари қораи Осиё ҳамсонаш намудаанд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣбо чорабиниҳои мутантани фарҳангӣчанд моҳи охир эътибори фарҳангсолорӣва раъйиятпарварии давлат ва Ҳукумати кишварро зери роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат миёни мардум хеле афзун гардонида, шомилшавии насли нави ояндасози миллат бо ин ниҳоди пурэътибори кишвар нисбати як соли пеш сӣдар сад боло рафтааст. Ин ҳама гувоҳи сиёсати фарҳангӣва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буда, ниҳодҳои таълимӣ- таҳлилӣва иҷтимоии кишварро зарур аст, ки дар асоси дастури бевоситаи арконҳои ҳокимияти давлатӣдар ин самт корро бештар ба роҳ монанд. То бинои муҳташами сулҳу ваҳдати миллӣбегазанд бошад.
Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: