Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ПЕШВОИ МО

13-08-2020, 14:10
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШВОИ МО
Чаро пешвои ман, Президенти ман, Роҳбари ман, Сарвари ман нею Пешвои мо. Хонандаи азизу арҷманд худаш қазоват намояд, ки ин назари на як мани рӯзноманигор, балки хоҳиши воқеии наздики се миллион нафароне мебошад, ки дарки баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, башардӯстӣ ва мардумнавозиро дошта, бо хоҳиши худ ва муҳаббату садоқати беандоза ба фаъолият ва ҷоннисориҳои ин абармарди таърихи навини миллат дар роҳи созандагӣ ва ободии кишвар ба ин мақоми пурифтихори башарӣ сазовораш донистаанд. Воқеияти таърихӣ ин аст, ки бе ягон муболиға ва мақомхоҳии иҷтимоӣ ӯро мардум писандидаву интихобаш намудаанд. Имрӯз ҷомеаи башарӣ аз рӯи ченакҳои сиёсӣ, на аз мавқеи ҷуғрофиву иҷтимоӣ ва қавмиву нажодӣ ҷомеаи инсонсолориро дар манотиқи гуногуни сайёра дар сурати кишварҳои мардумсолорӣ рӯи кор оварда, дар шаклҳои сиёсии демократӣ ва сотсиалистӣ манзури оламиён гардонидаанд. Ва аркони роҳбарии кишварҳояшон аз ҷониби Президент, Раиси Ҳукумат ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ идора карда мешавад. Мо низ аз ин раванди таърихӣ қафо намонда, бо раъйи аксари мардум Президенти худро интихоб кардаем. Дар Шарқ бошад, мутобиқи урфу одатҳо ва суннатҳои қадимӣ аз рӯи дунявият Президент доранду аз мақоми аслияти шарқӣ мақоми пешвоӣ. Ин тақдироти мардумӣ дар Шарқи афсонавии тамаддунофар танҳо ба касе дода мешавад, ки кишвар ва қаламравро новобаста аз мавқеи милливу нажодӣ ва маҳалливу сиёсӣ, диниву мазҳабӣ тавонад, ки муттаҳид намуда, ҳамбастагии ҳама қавму миллатҳо ва нажоду гурӯҳҳои ҷудогонаи этникии қаламравро таъмин намояд. Ҳамин санҷиши таърихӣ оғози солҳои навадуми садаи гузашта кишвари азизи моро чун дигар бошандагони Шарқ, баъди ҳазор соли абоямон Сосониёну Сомониён аз имтиҳони қисмат ва сарнавишт гузаронид. Натиҷаи ин санҷиши таърихии қисмат ва сарнавишт ҳамин буд, ки ин миллати таърихофарину гурдофариди тоҷик тавонист, ки бо хиради азалӣ аз нав эҳё бигардад ва нафаре аз фарзандони номварро барои наҷоти худ рӯи кор биёрад. Ва ҳазорон шукр Парвардигори чорасозро, ки моро аз ин вартаи ҳалокат наҷот бахшид. Бо шукргузории зиёд нафареро аз миёни мардум баъди беш аз бист соли роҳбарӣ ва созандагӣ бар маснади Пешвоӣ баргузид. Ва ӯро бо мардум ва мардумро бо ӯ қарин намуд. Ҳамин муҳаббат ва садоқати ӯ бо мардум ва кишвари азизаш буд, ки Худованди некрой ва бахшандаи меҳрубон аз миёни ҳамагон ӯро пазируфт ва бо мадади ӯ ба кишвар муждаи сулҳу оштӣ оварда, кишвари анқариб порагаштаро чун пораҳои ҷони хеш ҷамъ овард ва сулҳу оштиро дар кишвар оғоз бахшид. Аввалин ҳарфи иттиҳод ва якпорчагии миллат ва қаламрав аз забонаш бар гӯшҳо расид ва дар қалби миллионҳо мардуми овораву сарсону саргардон тухми муҳаббат ва садоқатро кошт. Ва ин кишта бар қалбҳои ҳазини мардум баҳор овард. Ҳамин баҳори гулбасар мазраи умеду ормонҳои мардумро сарсабз гардонид. Ҳамагон дар симои поки ӯ содиқтарин фарзанди миллат ва созандаву наҷотбахши кишварро диданд. Аввалин ҳарфаш пайки оштӣ, бахшандагиву меҳрубонӣ ва дӯстиву бародарӣ буд. Новобаста ба он ки дар баъзе аз манотиқи кӯҳистони кишвар иддае зери номи тазвир ва риёву ниқор бо васвасаи баъзе аз гумроҳони бозичаи дасти аҷнабиён гардида, бо сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар муқовимат буданд, ӯ онҳоро ба сулҳу салоҳ даъват намуд. Ҷони азизи хешро дар хатар гузошта, он манотиқро аз он кажбину кажназарҳо поксозӣ кард. Шадидтарин муҷримонро бахшид, бахшояндагиву меҳрубониаш сафи ҷонибдоронашро лаҳза ба лаҳза зиёд мегардонид. Ва ҳамин меҳрубониву башардӯстиаш аз миёни мухолифин низ касони зиёдеро бар ҳалқаи муҳаббати ватандориву ватансозӣ овард. Агарчи иддаи дигари мухолифин хиёнат намуда, бо бадномӣ ва лаънати мардум гирифтор шуданд. Панҷ соли аввали роҳбарияш, ки дар муқовимат бо баъзе аз кажназарони нохудогоҳ пушти сар шуд, ба панҷоҳ сол баробар буд.
Дар дохили ҳукумат ҳамон шабу рӯз душманон рахна намуда, миёни баъзе аз мансабдорон тафриқаҳо ангехта ҳукуматро ба ноуҳдабароӣ муттаҳам менамуданд. Бо ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, барои сулҳу якпорчагии кишвар ва иттиҳод миёни мардум ҷоннисориҳо намуд. Оқибат ба боварии мардум сазовор гардид. Ва мардум гуфтанд:
Сарҷамъ ҳама кардиву бахшиди амонӣ,
Дунёи адолат туӣ Исмоили Сонӣ.
Ин баҳои мардум эътиборашро миёи ҳама ҳамсоягони ҳамҷавор зиёд намуд. Сулҳи овардаи ӯ на танҳо барои тоҷикон ва Тоҷикистон, балки барои тамомии Осиёи Миёна ва қаламрави собиқи Шӯравӣ манфиатбор буд. Ҳамин сулҳи тоҷикон буд, ки қаламрави Осиёи Марказӣ аз хатари терроризми ҷаҳонӣ наҷот ёфт. Ҳамон сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳамсоякишварҳоямон ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба қатори пешрафтатарин кишварҳои Осиёӣ пазируфта шуданд. Яъне сулҳу оромии Тоҷикистон манфиати бештаре барои минтақаи Осиё оварда, дар пешрафт ва тараққиёти минтақаҳои дигари Осиёву Аврупо саҳми бузурги хешро гузоштааст.

ПЕШВО ВА АМНИЯТИ МИНТАҚА


Минтақаи Шарқии Осиё, дер боз дар маркази диққати тамоми сиёсатшиносони ҷаҳонӣ қарор гирифта, печидагиҳои авзои сиёсии ин минтақа хатарҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Вазъияти ноороми кишварҳои арабии Сурия, Ливия, Ироқ, Баҳрайн, Лубнон, Фаластин ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда, зери парчами дини мубини ислом терроризми байналмилалӣ сафи худро аз ҳисоби ҷавонони бекори қораи Осиё зиёд намудаанд. Ин хатари галобалӣ борҳо аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифта бошад ҳам, то ҳол роҳи ҳалли хешро наёфтааст. Пешвои муаззами мо ҳанӯз соли 1999 ин хатари ҷаҳониро аз минбари баланди СММ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дода, аз Шӯрои Амнияти СММ хоҳиш намуданд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин хатар гирифта шавад. Вазъи ноороми иқтисодии кишварҳои ҷангзада бар ҷомеаи башарӣ хатарҳои нав эҷод менамояд. Моро зарур аст, ки барои пешгирии ин хатари глобалӣ дастҷамъона омодаи ин муқовиматҳо бошем. Вазъи ноороми кишвари ҳамсояи Афғонистон беш аз си сол боз минтақаи Осиёи Марказиро ба ташвиш оварда, ин хатари глобалӣ метавонад, ки на танҳо Осиёи Марказӣ, балки вазъияти ҷаҳониро ноором намояд. Як маркази таҳлилии сулҳи Осиё дар Олмон, бо номи “Маркази низоъшиносии Маршал Гауфман” аз қавли як намояндаи баландпояи ин мақом Ҳенри Эсперион овардааст, ки: “Баромадҳои Президенти Тоҷикистон аз минбари баланди СММ моро водор сохт, ки ба масоили сулҳу оштӣ дар кишварҳои Осиё бештар таваҷҷуҳ намоем. Низоъҳои дохилии кишварҳои ҷангзадаи арабӣ ва Афғонистон метавонад, ки на танҳо минтақа, балки вазъи сиёсии ҷаҳонро ноором намояд. Ҷанги беш аз сисолаи кишвари Афғонистон на танҳо ба ҳамсоягон, балки ба ҷаҳон метавонад таъсири сахти манфии хешро расонад. Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид қайд кардаанд, ки пеши роҳи ин хатари глобалиро гирифтан, наҷот бахшидан ба ҷомеаи башарӣ мебошад. Бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ва артиши муқтадир сулҳ ба миён намеояд. Забони сулҳ, забони музокирот, гузашткарданҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ буда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи барҷастаи он мебошад. Моро лозим аст, ки аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода намуда, сулҳу суботро дар минтақаҳои ҷангзада пойдор намоем».
Ҳамин тавр, эътибори сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат миёни сарони кишварҳои Осиё ва Аврупо хеле зиёд буда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо номи поку пурифтихори ӯ тавъам мебошад.
Институти татқиқотии стратегии назди Президенти Қазоқистон ҳанӯз моҳи июни соли 2006 иқдомҳои сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллатро дар мавриди Бехатарии Амниятӣ дар Минтақаи Осиё чунин баҳогузорӣ намуда буданд: “Саҳми Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳу субот ва амнияти минтақаи Осиё хеле бузург буда, сулҳи тоҷикон бо роҳбарии ин шахсияти хирадманди таърихӣ эътибори тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардоштааст. Маҳз талошҳои ватанхоҳонаи ин роҳбари хирадманд ва дурандеш буд, ки сулҳу субот дар минтақа устувор гардида, барои пешгирӣ аз фоҷиаҳои қавмиву этникӣ ва диниву мазҳабӣ институтҳои ҷомеашиносӣ фаъол гардида, ин ниҳодҳо дар конфронс ва симпозиуму мизҳои мудаввари хеш таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи барҷастаи баҳамоии ҷомеаи мардумсолорӣ ном бурдаанд”. Аниқтараш, таҷрибаи сулҳу баҳамоии тоҷикон дар беш аз дусад мақолаҳои илмии бузургтарин сиёсатшиносони ҷаҳон ва даҳҳо китобҳои низоъшиносии институтҳои таҳлиливу татқиқотии машҳури ҷаҳонӣ таҷассум гардида, матонату қаҳрамонӣ ва ватанхоҳиву мардумсолории Пешвои муаззами миллат шуҳраи оламиён гардидааст. Ҳеҷ ҷои муболиға набояд бошад, ки эътибори сиёсӣ, фарҳангӣ ва башардӯстии Пешвои мо миёни сарони кишварҳои Осиё ва Аврупо мақоми шоистаеро доро мебошад, ки дар сӣ соли охир ҳеҷ кадоме аз онҳо дар ин мақом набудаанд. Ҳамин хирадмандӣ ва тавоноии сиёсиаш будааст, ки дар даҳ соли охир се маркази бузурги сиёсатшиносии Олмон, Фаронса ва Бритониё ӯро сиёсатмадори сол пазируфта, номашро дар китоби сол набиштанд. Кишварҳои ҳамҷавори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имрӯз дар симои Пешвои муаззами миллат шахсияти барҷастаи сиёсиеро мебинанд, ки бо хирад ва тавоноии сиёсиаш метавонад, ки дар Амнияту осудагии минтақа саҳми бузурги хешро гузорад. Сатҳи баланди таҷриба ва донишу маҳорати касбии Пешвои мо ифодагари сиёсати ҷаҳонии Сосониёни далер ва Сомониёни кишваркушо буда, ин мактаби бузурги маҳорат дар бузургтарин донишкадаҳои сиёсатшиносии олам мавриди омӯзишу татқиқот қарор гирифтааст. Ҳамин таҷрибаи бузурги сулҳофарӣ ва ватансозиву ватандории Пешвои муаззами миллат хоби бисёре аз ҳасудон ва нотавонбинони сиёсиро нороҳат намуда, онҳо бо ҳар роҳу восита, бо дастандаркорону зархаридони кӯрдилашон ин эътибори худододиву азалиро нодида мегиранд. Бехабар аз он, ки муҳаббат ва самимияти ватандориву ватанхоҳӣ ва мардумсолории ӯ дар қалби миллионҳо бедордилони кишвар маскан гирифта, ин қувваи бузурги созанда дар сурати ӯ ягона пуштибонӣ миллат ва марзу буми аҷдодиро мебинанд.
Як маркази таҳлилӣ-татқиқотӣ ва иттилоотии Франкфурти Олмон моҳи июни соли 2019 дар як татқиқоти ҳамапурсии мардумӣ овардааст, ки татқиқотҳояшон дар шаҳри Хуҷанд, Душанбе ва Кӯлоб нишон додааст, ки агар ҳамон шабу рӯз интихоботи Раиси ҷумҳур гузаронида шавад, Президенти кунунии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон имконияти гирифтани 78,6% овозҳоро дорад. Яъне маҳбубият ва эътибораш миёни мардум хеле баланд буда, ба ягон неруи таблиғотии зиёдатӣ ниёз надорад. Ин ҳама гувоҳи он мебошад, ки Пешвои мо миёни мардумони саросарии кишвар соҳиби иззату икром ва эътибори баланди роҳбарӣ мебошад. Мардум дарвоқеъ, дар симои ин абармарди таърихи навини миллат Пешвои муаззам ва ғамхору ватансозро мебинанд.

ПЕШВО ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ


Ҳанӯз моҳи июни соли 1994 Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама мушкилиҳои сангини сиёсиву иқтисодӣ нигоҳ накарда, таҷлили ҷашни шашсаду панҷоҳсолагии олим, файласуф, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоссаи миллӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб таҷлил намуданд.

Ин маросими пурифтихори миллӣ дар он шабу рӯзе, ки мухолифини ҳукумати қонунӣ дар берун аз марзҳои кишвар, дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва Эрон ҳукумати вақтро бадном намуда, роҳбарияти кишварро бо бадномӣ ном мебурданд. Меҳмонони зиёди эронӣ ва афғонистонӣ бо ҳузурашон дар ин таҷлили бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шоҳиди он гаштанд, ки ҳукумат ва давлати Тоҷикистон зери Роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан аз асилзодагони миллат буда, барои сулҳу субот ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон омодааст, ки тамоми неруву тавоноии хешро сарф намояд. Ин ҷашни муборак ва фархунда мақдами нек ба бор овард.
Роҳбари ҳайати гурӯҳи меҳмонони эронӣ бо сарварии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Сайид Муҳаммади Хотамӣ дар ин маросими пуршукӯҳ иштирок намуда, аз наздик ба Раиси Шӯрои Олии Тоҷикситон Эмомалӣ Раҳмон ошноӣ пайдо намуда, дар сурати ӯ як фарзанди фарзонаи миллат, ҷоннисори фарҳангу суннатҳои беш аз ҳазорсолаи Сомониёнро дида, паёми Роҳбарияти Олии кишвари Тоҷикистонро ба Роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон расонида, онҳоро бовар кунонид, ки Роҳбари кишвари Тоҷикистон воқеан яке аз фарзонагони миллат буда, барои сулҳу субот дар кишвар ҷоннисор мебошад. Бо боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки хишти аввали бинои мӯҳташами сулҳу якпорчагии кишвар тавассути ҷашни пуршукӯҳи ин ориф, файласуф, шоир ва мутафаккири Шарқ дар шаҳри бостонии Кӯлоб гузошта шуд ва ҳамин тавр оғози соли 1995 гуфтушунидҳо миёни собиқ Иттиҳоди мухолифин пиёда гардид. Интиҳои ин гуфтушунидҳо ба бозгашти тамоми гурезаҳо ва халъи силоҳи мухолифини оштинопазир анҷом ёфта, фарҳанги баланди Пешвои муаззам гувоҳи он гардида, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардида, даҳҳо симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ фаъолият намуданд. Ва ҳазорон меҳмонони хориҷӣ аз наздик ба рӯзгор ва зиндагии мардуми тоҷик ошно гардида, дар симои Пешвои муаззами миллат як шахсияти бузурги фарҳангсолори таърихиро дарёфтанд. Арҷ гузоштан ба санъат ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз ҳадафҳои аввалини барномаи фарҳангии Пешво буда, ин ҳадаф дар тӯли даҳ соли охир бо сарбаландӣ иҷро гардид. Дар тақвими фарҳангии миллат ҷашнҳои пуршукӯҳи устод Рӯдакӣ, Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Соли тамаддуни Ориёӣ, 2700 - солагии Кӯлоби Бостонӣ, «Рӯзи Шашмақом» ва “Фалак”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардида, ин шукуфоӣ ва рахшандагӣ бо номи поки Пешво сахт тавъам мебошад. Барои мову манҳо ва садҳо ҳазор ватанхоҳон боиси ифтихор ва шарафи бузург мебошад, ки бо талошу ҷаҳд ва кӯшишҳои ватанхоҳонаи Пешво ҷашни қадимтарини Ориё “Наврӯзи Аҷам” мақоми ҷаҳонӣ гирифта, ин санаи бузурги таърихӣ, дар саросари Тоҷикистони азиз ба як тантанаи бузурги миллӣ табдил гардидааст. Бо мақдами мубораки ин ҷашни фаррухпай Наврӯзи соли 2018 аввалин сафари Роҳбари тозаинтихоби ӯзбекистони бародар ҷаноби Шавкат Мирамонович Мирзиёев ба Тоҷикистон равнақу шукуфоӣ овард. Баъди беш аз бист сол марзҳои ормони ин ду миллати ҳамсиришт кушода шуда, оғӯши пур аз муҳаббати ду бародари ҳамкеш боз гардид. Шоми дӯстӣ бо ҷилову рангҳои мунаққаш ва ҳунарнамоии ҳунармандони шуҳратёри ду кишвари дӯсту бародар бар қалбҳои миллионҳо бошандагони ин ду қаламрави Ориёӣ муждаи муҳаббат ва самимият овард. Баъди ин киштаи ташналабони ду соҳили Ому ва Сирдарё сарсабз гашт. Ва модарони мушти пари тоҷику ӯзбек бо кафи пур аз дуо, дуои ҷони ду Роҳбари хирадманд намуданд. Шоири шаҳири Тоҷикистон Назри Яздон мақдами ин рӯзи фархундафоли ду кишвари ҳамкешу ҳамтақдирро чунин муборакбод гуфта буд:
Як миллату ду забон чун ширу шакар,
Ду давлату як Ватан, ки хокаш ҳама зар.
Гавҳораву тобути ману туст яке,
Хуш ваҳдату хуш миллати олигавҳар.


Ғамхориву дилсӯзӣ ва фарҳангпарвариву фарҳангсолории Пешво гувоҳи он аст, ки садҳо кошонаву маъво бо хонаҳои фарҳанг дар кишвар бунёд гардида, дар пойтахти азизамон шаҳри орзуву умед ва ормонҳои миллат - Душанбе хиёбону гулгаштҳои афсонавӣ ба монанди: “Боғи Куруши Кабир”, “Боғи устод Рӯдакӣ”, “Гулгашти Аҳмади Дониш”, “Боғи фарҳангиву фароғатии Фирдавсӣ”, “Боғи Истиқлол”, “Гулгашти устод Ҷомӣ ва Навоӣ” ва даҳҳои дигар оғӯши гарму пурмуҳаббати хешро ба рӯи на танҳо бошандагони шаҳр, балки ба рӯи ҳазорон ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ боз намуданд.
Бинои хуштарҳу замонавии “Китобхонаи Миллӣ” симои саропо фарҳанги миллат буда, шукӯҳу шаҳоматаш рашки сад Лондону Порис ва Басраву Бағдоди афсонавӣ мебошад. Набзи фарҳангии Душанбе ва Тоҷикистони азиз дар таппиш буда, рӯз аз рӯз, лаҳза ба лаҳза дилписанду дилангезтар мегардад. Ин ҳама таровату зебоиҳо ва матонату қаҳрамониҳо дар ашъори шоирони асили миллат таҷассум гардида, хоса хонандаро мафтуни ин зебоиҳо менамояд. Ҳарчанд иддае аз кӯрдилони носипоси рашкзада ин ҳамаро дида наметавонанд ва аз расонаҳои хабарии иғвоангези хориҷӣ номи поки созандагони Ватанро доғдор намуда, санги маломат ба пои онҳо мезананд. Ҳамин аст, ки шоири донишманд ва хушкаломи тоҷик Гурез Сафар он кӯрдилони носипосро чунин мазаммат намудааст:

Ин олами зеборо,
Ин мулки дилороро.
Ин сулҳу мадороро.
Дирӯзи аламбору,
Имрӯзи гувороро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Аз неъмати истиқлол,
Аз давлати истиқлол.
Ҳар дил ба наво ояд.
Аз ваҳдати истиқлол,
Рақсидани дилҳоро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!


Ғамҳост пароканда,
Лабҳост пур аз ханда,
Гардид зи нав имрӯз,
Нарӯзи Аҷам зинда.
Ин базму тамошоро,
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Дунё ҳама дигар шуд,
Тоҷик музаффар шуд.
Лафзи хуши зебояш
Лафзи сари минбар шуд.
Дороии дороро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!


Мактаб чӣ фаровон шуд,
Матлаб чӣ фаровон шуд.
Дониш талабу илме,
Имрӯз, ки арзон шуд.
Ин маҳзани маъноро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Ҳар дил зи фараҳ нозад,
Аз шодии пур бозад.
Ҳар рӯз бинои нав,
Бо зеб қад афрозад.
Ин суръати эҳёро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!


Бас кун ту дигар ғайбат.
Озод шав аз нафрат.
Шукрона бикун дигар,
Бар ин Ватану давлат.
Ин заҳмати Пешворо
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!

Ҳимояи маънавии ин марзу бум ва пуштибонӣ аз талошҳои Пешвои муаззами миллат барои ҳар як фарзанди асилу ватанхоҳи миллат ҳам фарз будаву ҳам суннат.
Мақом ва ҷойгоҳи Пешвои муаззам дар рушду нумӯи фарҳанги миллӣ хеле баланд буда, ин мақом бо ҳарфҳои тилло дар китоби “Корномаи миллат” сабт гардидааст.

ПЕШВО ВА РУШДИ ИЛМ

Мактаб ва маориф як рукни боэътимоди давлат буда, рушду нумӯи он дар қаламрав гувоҳи соҳибмаърифатӣ ва соҳибдавлатии ҳар қавму миллат мебошад.

Пешвои муаззами мо ин матлабро борҳо ба такрор дар ҳар як вохӯриҳояш бо аҳли зиёи кишвар иброз намуда, дар роҳи пиёда намудани ин ҳадафи миллатсоз талошҳои зиёде намудааст. Ташаббусҳои ватанхоҳона ва созандагӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳаш қарор дошта, ҳангоми сафарҳои корӣ аввалин муждааш ба мардум мавриди истифода қарор гирифтани мактабу муассисаҳои фарҳангӣ мебошад. Тайи панҷ соли охири сарфарҳои корӣ ба манотиқи гуногуни кишвар даҳҳо мактабҳо сохта, мавриди баҳрабардории хонандагон қарор гирифтааст. Мақдами мубораки ӯ маърифатрезу маърифатхез буда, ҳамеша мардум интизори омаданаш мебошанд. Симои деҳу шаҳрак бо мақдами муборакаш дурахши фарҳангӣ пайдо намуда, садои зангулаи мактаб бар гӯшҳо муждаи маърифат меорад. Сохтмони иншоотҳои фарҳангӣ ва мактабу маориф бо қадами файзбораш равнақи дигар ёфта, ҳар сол дар арафаи рӯзи дониш даҳҳо мактабҳои нав мавриди баҳрабардории хонандагон қарор мегирад.
Барномаи рушди мактабу маориф яке аз ҳадафҳои аввалини созандагии ӯ ба шумор рафта, сохтмон ва таъмиру тармими онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷалби сармояи соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ дониста, бо таъкид аз онҳо хоҳиш менамояд, ки дар ин кори хайр ҳамеша мададгори мардум бошанд. Ҳарчанд, ки даҳҳо мактабҳои дигар аз ҳисоби маблағҳои ҳукумат сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамин ғамхорӣ ва муҳаббату самимият ба мактабу маориф будааст, ки имрӯз сатҳи дониши хонандагон боло рафта, дар олимпиадаҳои дохили кишвар ва хориҷ аз он хонандагони мактабҳои Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои пурифтихор ва барандаи медалҳои тиллоии олимпиадаҳои фаннӣ гардиданд. Ҳар сол хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои фаннии қаламрави Иттиҳоди кишварҳои ҳамҷавор ва ҳориҷи он иштирок намуда, шарафи мактабу маорифи тоҷикро хеле баланд бардоштанд. Бо ташабусси бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар дохили кишвар низ даҳҳо озмунҳои фаннӣ фаъолият намуда, хонандагони фаъол ва донишманд бо мукофотҳои пурарзиш ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин озмунҳо на танҳо дар мактабҳои мутавассита балки дар литсей ва коллеҷу мактабҳои олии кишвар низ дар чанд давр гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, барои хонандагони аълохон Идрорпулии президентӣ ва идрорпулии шаҳрдори Душанбе фаъолият дорад, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби дониш саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Хамин тавр, барои довталабони донишманд аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ маблағ ҷудо гардида, довталабони донишманд, ба шуъбаҳои буҷавӣ ворид гардида, баъди хатми донишгоҳу донишкада бо ҷои кор таъмин мегарданд. Ин иқдоми шоиста дар шуъбаҳои магистратура ва аспирантураи мактабҳои олӣ низ дар фаъолият буда, донишҷӯёни аълохон баъди зинаи аввали таҳсил дар зинаи дувум (магистратура) метавонад, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ таҳсилашонро идома диҳанд.
Ин ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати кишвар самараи хуб дода, олимони воқеӣ метавонанд, ки дар ояндаи наздик рӯйи кор биёянду шараф ва эътибори илми кишварро баланд бардоранд. Иқдоми дигари шоистаи Пешвои мо ин дар арафаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ сарпарастӣ намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...” ва “Тоҷикистон ватанам” мебошад, ки дар қалби миллионҳо хонандагон меҳру муҳаббат ба китоб ва Ватани азизамонро зиёд намуда, ин муҳаббат ва самимят онҳоро ба пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешво ҳидоят менамояд. Иқдомҳои созандагии Пешво дар рушду нумуи илм ва маърифат моро водор месозад, ки сатҳи маърифати миллиамонро баланд бардошта фарҳангсолориву маърифатпарварии ӯро пайравӣ намоем. Дар арафаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ таҷдиди нави сохтори Академияи Илмҳои Тоҷикистон воқеаи бузурги илмӣ буда, гувоҳи хирадсолорӣ ва донишмандии Пешвои мо мебошад. Дарвоқеъ, сохтори куҳна ва фарсудашудаи Академияи Шӯравӣ ба талаботи имрӯзаи ҷомеаи нав ҷавобгу набуда, мақоми илму олим ноаён монда буд. Дар таҷдиди нав, яъне Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебояд бо олимони воқеӣ, ки дар рушду нумуи кишвар саҳмгузор мебошад таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ҳамбастагии илм ба истеҳсолот наздик гардида, маҳсули эҷоди олимон ба талаботи имрӯзии бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Ба ибораи дигар, илм зербинои истеҳсолот гардида, суд биёрад на зиён. Ва аз ҳисоби он маблағҳо доираи фаъолияти илм ва татқиқотҳои нав васеъ гардонида шавад. Он вақт шукӯҳу шаҳомати илм ва олим ҷойгоҳи таърихии хешро дар ҷомеа хоҳад ёфт. Ин аст диди воқеии Пешвои мо ба илму маорифи кишвар. Хеле бамаврид мебуд, ки унвони аввалини академики Академияи миллии Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллат лоиқ дониста шавад, хидматҳои ин абармарди таърихи нави худшиносии миллӣ на камтар аз аллома Бобоҷон Ғафуров буда, Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Чеҳраҳои мондагор»-и миллат» сазовор ба ин унвони пурифтихори миллӣ мебошанд.
Ҷ. ТЕМУРЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: