Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқоти С.Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Мулоқоти С.Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

17-05-2017, 16:18
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0

Мулоқоти С.Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид мулоқот намуд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд.

Аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд. С.Аслов ва Ҳ.Шмид оид ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкории минтақавӣ табодули назари судманд доштанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2030, инчунин ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 изҳори умедворӣ кард.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: