Корномаи Нусратулло Махсум – намунаи ибрат барои миллат30-06-2021, 17:21
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Нусратулло Махсум яке аз бузургмардони сарзамини мост, ки барои соҳибдавлат гардидани миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодию истиқлоли мо ҷони худро фидо кардааст. Корномаи қаҳрамони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, фаъолияту хизматҳои шоёни ӯ барои миллати тоҷик намунаи ибрат ва омӯзанда мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари илмию тадқиқотии хеш «Фарҳанг ҳастии миллат», дар бораи гиромидошти фарзонафарзандон ва аламбардорони миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик навишта буданд: «…бояд силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем». Пас аз ин ҳам, Пешвои миллат дар баробари масъулияти бузурги давлатдорӣ, омӯзиш ва пажӯҳиши хешро оид ба сарнавишти шахсиятҳои бузурги миллат идома дода, ишора ба ин нукта мефармоянд: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул мешавам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушоянд». Аз ин рӯ, яке аз нахустэҳёгарони суннатҳои волои таърихию фарҳангии ниёгон ва абадигардонандагони шахсиятҳои бузурги миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир Сарвари давлат, чанде аз абармардон ва аламбардорони миллат ва таъсисдиҳандагони ҶШС Тоҷикистонро ба унвони олии кишвар Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ карданд, ки яке аз онҳо Нусратулло Махсум аст: Нусратулло Махсум, ин марди шуҷоъ, Дар радифи қаҳрамонон ҷо гирифт. Эй хушо, ки чашмаи нанги диёр, Сабку оҳанги дили дарё гирифт. Дар осмони ситорарези давлати тоҷик, инчунин, кавкабони рахшанда кам нестанд. Яке аз он анҷуми ҷилобахш, ки дар саргаҳи давлати тозаэҳё ва навбунёди тоҷикон қарор дошт, маҳз Нусратулло Махсум мебошад. Зеро як давраи томи таърихи ҷадиди халқи тоҷик ва як марҳилаи ҳассосу сарнавиштсози миллат бо ин номи муборак пайвандӣ ногусастанӣ дорад. Чунки дар байни сиёсатмадорону роҳбарони солҳои 20-30-юми асри гузашта аз байни тоҷикон фарзанди содиқи миллат ҷои махсусро ишғол менамояд. Нусратулло Махсум дар зарфи ҳашт сол давлати Тоҷикистонро сарварӣ карда, дар бунёди сохтори сиёсии он саҳми бузург гузошт. Ин давлатдори асил аз рӯзҳои аввали тавлиди ҷумҳурии мухторамон ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳар чи зудтар ҷумҳурии мустақили иттифоқии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Маҳз бо ҷонфидоиҳои ин арбоби шоистаи миллат кишвари мо он замон аз мухторият бароварда шуда, ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ - Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бунёд гардид. Баъди тақсимоти солҳои 20-уми асри гузашта ва ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон дар зеҳнияти миллии халқи тоҷик як таҳаввулоти бузурги инқилобӣ ба амал омад ва тоҷикони соҳиби ақлу хиради миллӣ ин падидаро нодида намегирифтанд. Зеро баъди суқути давлати бузурги Сомониён қариб дар тӯли ҳазор сол онҳо амалан аз давлатдории миллӣ маҳрум гардида буданд. Роҳбари онвақтаи давлати миллии тоҷикон Нусратулло Махсум яке аз муборизони сарсупурда, яке аз мубаллиғони оташинсухан ва аламбардори давлати тозабунёди тоҷик буд. Ба миллати дар тӯли ҳазор сол аз муҳаббати давлатдории миллӣ дуршуда, ин рисолати бузурги таърихӣ - сарварии давлати ҷумҳурии тозаэҷоди Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум муяссар гардида буд. Яъне, ин марди шариф орзу ва ҳадафи ҳазорсолаи миллати тоҷикро амалӣ гардонид. ӯ ҳамеша бо шавқу завқи инқилобӣ, бо меҳру муҳаббати миллӣ ва бо дӯстдории меҳан заҳмат кашида, дар сохтмони таҳдоби давлати тозабунёди тоҷик нақши арзанда гузошт: Ҳар он чӣ некие аз мост бар оянда мемонад, Нишони дасти мо дар ин Ватан поянда мемонад. Ин фидоӣ ва эҳёгари миллат 1 июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии водии биҳиштосои Рашт ба дунё омада, сипас ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғона (имрӯза ӯзбекистон) сафар кардааст. Нусратулло Махсум дар давраи инқилоби якуми Русия (солҳои 1905-07), дар намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзида, баъд аз инқилоби халқӣ - демократии Бухоро дар соли 1920 ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ шомил мегардад. Аз соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини Артиши Сурх хизмат карда, ҳамчунин, дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе ширкати фаъолона доштааст. Сипас, ба ҳайси раиси комиссияи фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқӣ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст. Нусратулло Махсум солҳои дар ин вазифа фаъолият карданаш барои ташкили ҷумҳурии мустақили иттифоқии Тоҷикистон заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва миллию маданиро ба вуҷуд оварда, як қатор суннатҳои волои таърихию фарҳангии миллии тоҷиконро эҳё намуд. Вале, шӯрбахтона ин сарсупурдаи миллат ба гирдбоди таъқиботҳо ва «душмантарошӣ»-ҳои солҳои 30-юми асри ХХ афтода, 1 ноябри соли 1937 дар шаҳри Москва ба қатл расонида шуд. Пас аз гузашти 20 сол, моҳи декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокуратураи Генералии ИҶШС Нусратулло Махсум бегуноҳ бароварда шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ номи ӯ аз нав барқарор гардид. Ҳарчанд ӯро ҷисман нобуд сохтанд, аммо кору пайкор, ҷонфидоиҳо барои халқ ва ташкили давлати Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ то абад боқӣ хоҳанд монд. Ин абармарди миллат ва давлатмадори мумтоз воқеан ҳам кадхудои садаи ХХ тоҷикон аст. Нусратулло Махсум, чун давлатдори дурандеш, ба тамоми арсаҳои ҳаёту зиндагии мардуми заҳматкаш, ба тамоми масъалаҳое, ки нуфуз ва обрӯю эътибори давлатро меафзуданд, хостан таваҷҷуҳ мекард ва ҳар як масъаларо аз мавқеи адолати иҷтимоӣ, аз мавқеи давлату миллат ҳаллу фасл менамуд. ӯ, пеш аз ҳама ба масъалаи занону ҷавонон дахл карда, хариду фурӯши зани тоҷик, дар торикию ҷаҳолат нигоҳ доштани он, масъалаи бисёрзанӣ ва соири муносиботи ғайриинсониро сахт маҳкум мекард ва дар ин раванд бештар ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва зиндагӣ такя менамуд. Дар баробари ин ҳама, бузургтарин хидмати ин марди наҷиб ба ҳам пайвастани чанд шикастпораҳои давлати Сомониён ва сарҷамъ овардани як иддаи халқи парокандаю парешонгаштаи тоҷик буд. Бояд ёдовар шуд, ки Нусратулло Махсум на танҳо дар умури сиёсию давлатдорӣ аз худ осори амиқе боқӣ гузошт, балки хонадони намунавӣ ба ёдгор монд ва фарзандони оқилу фозилеро ба воя расонид. Зеро халқи тоҷик на танҳо бо номи ин қаҳрамони кишвар, балки бо кору пайкори фарзандони меҳнатдӯсту огоҳаш низ ифтихор менамояд. Фарзандони ӯ: Хайринисо (1910-1978), Мунаввар (1911-1998), Анвар (1918-1941), Хосият (1925- 2007), Акбар (1928-2001) ва Музаффар (1937-2013) мебошанд. Камина дар бораи ҳаёту фаъолияти дигар фарзандони ин абармарди миллат маълумоти кофӣ надорам, вале фарзанди хурдии ӯ - Музаффар Махсумовро хеле хуб мешинохтам. Зеро солҳои донишҷӯӣ ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, оид ба масъалаҳои мухталифи астрономия аз кормандони ин муассиса дарсҳо меомӯхтам, ки яке аз устодонам Музаффар Нусратуллоевич буд. Шодравон Махсумов М.Н. яке астрономҳои номвари собиқ ИҶШС ва Тоҷикистон буда, аз соли 1970 то соли 2010 дар вазифаи мудири Шуъбаи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳои Институти астрофизикаи АИ ҶТ фаъолият кард ва солҳои 1977-1992 сарварии муассисаи мазкурро ба уҳда дошт. Самти илмии ин астрофизики асил ба сохт ва динамикаи системаи ситораҳо ва физикаи галактикаҳо бахшида шуда буд. Устоди равоншод М.Н. Махсумов дар ин соҳа аввалин шуда усулҳои тадқиқотии динамика ва таҳаввулоти таъсири ғайризарбавии системаи зарраҳои ба таври ҷозибавӣ алоқманд ва ба вуҷуд омадани динамикаи ҷозибаи байниҳамдигарии ситораҳои галактикаҳоро ҳамчун системаҳои статистикӣ кор карда баромад. ӯ дар заминаи мушоҳидаю тадқиқотҳои илмии худ беш аз 60 асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба нашр расонидааст. Бо ибораи дигар, Мухсумов М.Н. ҳамчун фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон бо меҳнати ҳалол, кори шоён ва фаъолияти пурсамараш на танҳои номи неку рӯҳи бузургвори падарашро шод гардонид, балки исми шарифи хешро дар қабли ҳар як физику астрофизик ва дӯстдори табиату олами кайҳон ҷовидона сабт намуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки агар падар дар таъсиси давлати мустақили миллии тоҷикон саҳми бориз гузошт, писар дар рушди яке аз соҳаҳои илми дақиқи ин меҳан нақши арзанда дорад. Ҳамин тавр, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Маҳсум роҳбари қалби ҳассосаш моломоли ишқи миллат ва замири покаш огандаи иқши меҳан буд. Аз ин рӯ, то замоне, ки Тоҷикистон ҳаст, зикри хайри ин фидоии миллат ва родмарди ватан хоҳад буд. Исми шарифи ин гуна давлатдор чун зиннатбахши таърихи миллат ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд. Номвар ҚУРБОНОВ
устоди ДМТ, узви ИЖТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.