Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Истиқлолият калиди осоиш

Истиқлолият калиди осоиш

15-09-2016, 09:40
Хабарро хонданд: 495 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият калиди осоиш
Ҳаммеҳанони мо дар соли равон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу осоиш ва дӯстиву рафоқат бо тантана ҷашн гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз дошта буданд, ки соли 1991 дар куҳдиёри мо воқеа ба амал омад, ки дар таърихи халқи тоҷик гардиши куллӣ ба амал овард. 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақили соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, ки аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти халқи мо башорат дод.

Ҳарчанд халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунёст, ҳарчанд аз ҷумлаи миллатҳоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштаанд, ҳарчанд фарзандони бонангу бо фарҳангаш мисли нигини тобнок тоҷи давлатдориҳои аҷнабиёнро шукуҳ бахшиданд, вале худ баъди фурупошии сулолаи Сомониён дар тӯли пеш аз ҳазор соли охир аз ҳукумати миллӣ маҳрум буд. Бинобар ин, санаи 9 сентябри соли 1991 барои мо, - таъкид мекунад Президенти маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи адолати таърихӣ азизу арҷуманд аст. Дар байни мардум чунин ақидаи барғалат мавҷуд аст, ки гӯё Истиқлолият барои мо осон ба даст омадааст. Агар ба тӯли таърих назар кунем, ба гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигарем, мебинем, ки он пур аз талошу муборизаҳо баҳри озодӣ адолат, худшиносӣ будааст.

Талошу муборизаҳои гузаштагонамон, ки дар таърих бо номи пешвоён ва саркардагонаш Спитамен, Муқаннаъ, Шерак, Восеъ ва садҳо ёд мешаванд, ҳама мубориза баҳри худшиносӣ, дифоъ аз марзу бум ва этъибори инсонӣ ва миллиро ташкил намудааст. Ҳатто дар асри 20 дар тӯли 70 соли мавҷудияти давлати Шӯравӣ низ ин ҷаҳту талошҳо қатъ нагардидаанд.

Оё талошу муборизаҳои Садриддин Айнӣ, Саид Алӣ, Вализода, Шириншо Шоҳтемир, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмандони мо баҳри дифоъ аз манфиатҳои миллат моҳияти истиқлолиятҷӯӣ надоштанд. Бале ҳама фаъолияти сиёсию ҷамъиятии фарзандони фарзона, қаҳрамонии миллат ба ҳамин мақсади наҷиб, ба ҳамин мақсади волову бузург нигаронида шуда буд ва онҳо лаҳзае аз он андеша фориғ набуданд.

Дар охири солҳои 80-ум ва аввалҳои соли 90-ум барои соҳибихтиёрии мо заминаҳои мусоид фароҳам омаданд ва бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мо ин дури мақсадро ба каф овардем ва дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳамин тавр бо гузашти зиёда аз 1000 соли баъди фурупошии Сомониёни бузург давлати нави миллии ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд, ки имсол мо 25- солагии соҳибихтиёрии онро бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш ҷашн мегирем. Давлати ҷавони тоҷикон аз қадамҳои аввали худ бунёди ҷомеаи адолатпарварро мақсади худ қарор дод ва барои ягонагии халқи тоҷик, ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён ва таъмини якпорчагии сарзамини худ саъйю кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод ва ин талошҳо имрӯз самараи дилхоҳ дода истодаанд. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзи таъмин гардид ва дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ шинохта шуд. Чоряк аср барои таърих давраи тӯлонӣ нест, вале дар ин муддат халқи соҳибфарҳанги тоҷик зери парчами фатҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа фарҳанги сиёсии он, рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар корҳои назаррасеро ба анҷом расонад, дар ин давра садҳо километр роҳҳои мошингард такмилу таҷдид карда шуданд, ҷиҳати баҳампайвастагии минтақаҳо даҳҳо километр нақбҳо канда шудаанд. Нақбҳои «Истиқлол», «Шаршар», «Шаҳристон» аз ҷумлаи онҳоянд. Бо мақсади раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ дар минтақаҳои кишвар даҳҳо истгоҳои барқии хурду миёна бунёд шудаанд. НБО–и «Сангтуда-1» ба кор даромад. Сохтмони бузургтарини неругоҳи барқии обии Роғун босуръат идома дорад. Бо шарофати Истиқлолият беш аз 2000 созмонҳои ғайриҳукуматию ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар кишвар фаъолият доранд ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ба сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ мекунад ва саҳм мегузоранд. Ташкил намудани парлумони касбӣ ва дар он фаъолият доштани фраксияҳои ҳизбӣ бо шарофати Истиқлолият аст. Пешвои маҳбуби миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамояд, ки Истиқлолияти мо як дастоварди воқеии халқи заҳматкашу бошарафи тоҷик буда, ягон кишвар ё давлати абадқудрати хориҷӣ ҳақ надорад, ки низоми сиёсӣ, идеология ва ғаразҳои геополитикиро ба мо таҳмил кунад. Бигзор Истиқлолияти мо асрҳои аср поянда бошад.
Зиҳӣ Истиқлол!
Зиҳӣ Тоҷикистон !

Ширин Қурбонова, номзади илми таърих,
раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Илмпешагон»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: