Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар шахс аст30-06-2021, 16:51
Хабарро хонданд: 485 нафар
Назарҳо: 0
Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-меъморӣ ва фарҳангӣ яке аз самтҳои калидӣ ва меҳварии сиёсати фарҳангии давлат ба шумор меравад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва баромадҳояшон доимо таъкид мекунанд, ки мо бояд ҳимоятгарони мероси бобоён бошем. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги ҶТ» ба сиёсати фарҳангии давлат пайравӣ намуда, дар ин замина, шарики боэътимоди ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Вазифаи асосии оинномавии ин созмони мардумӣ таблиғу ташвиқ ва оммавӣ гардонидани ҳифзи муқаддасоти гузаштагон аст. Дар ҳайати раёсати ташкилот, чун сутуну пояи фарҳанги миллӣ-вазири имрӯзаи фарҳанг, 3 нафар собиқ вазирони фарҳанг, 4 нафар академики АМИТ, боқӣ докторону профессорон ва дигар шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ шомиланд. Он чи ки ман ҳоло дар зер гуфтаниам, фикру пешниҳодҳои ана, ҳамин 23 нафар аъзои раёсату 40 ҳазор фаъолону аъзои ин созмони мардумӣ мебошад. Бисёр таассуфовар аст, ки дар зери ҳар боғу иншоот, деҳаҳои навбунёд, бар асари беаҳамиятии иддае аз мансабдорону ашхоси мутасаддӣ сохташуда, дар зери чарогоҳҳою партовгоҳои мавзеи ёдгориҳо чи теъдод сарвати миллӣ абадан бе ному нишон шудаанд, ки аз донистани таърихи воқеиву дарёфти ин ганҷинаҳои бебаҳо имрӯз оҷизӣ мекашем. Яъне, баъзан аз бепарвоии идае аз соҳибмансабон ва ашхоси алоҳидаи миллат чизҳоеро гум мекунем, ки баъдан, мо онҳоро бо арзи тилло ҳам ёфта наметавонем. Ба ин мисол шуда метавонад «Хазинаи Амударё». Ман метавонам оид ба ин гуна муносибатҳои беэътиёна нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ даҳҳо мисолҳо биёрам. Ба кадом шаҳру ноҳияе наравед, дар муносибат ба беҳдошти ҳолати мероси ниёгон ба фориғиқболии роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо вомехӯред. Маблағ ёфтан мумкин аст. Фақат таваҷҷуҳу сафарбаркунии соҳибкорону аҳолӣ, бедор намудани ору номусу ҳисси ворис будан ба шоҳкориҳои бобоёнамон ва ба таври дилсӯзона иҷро кардани қарзи фарзандии роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо намерасад. Албатта, мо як ташкилоти мардумиему ба ягон ниҳоди давлатӣ ҳуқуқи супориш додану амр карданро надорем. Вале ҳаққу ҳуқуқи камбудиҳоро гуфтану роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод намуданро дорем. Бинобар ин, чанд пешниҳодеро, ки дар анҷумани ташкилот соли 2019 ва дар маҷлиси солонаи раёсати он 9-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби аъзои раёсат, фаъолони ташкилот, мутахассисон ва олимон пешниҳод гардид, ки баррасию тасдиқ шудаанд. Дар бораи ҳамаи пешниҳодҳои зерин ба ниҳодҳои дахлдор мактубҳо фиристода шуданду дар ҳолати корбарӣ қарор доранд: 1. Барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ба таври сохтмонӣ нею бо услуби реставратсионӣ ва илман асоснок бояд амалӣ гардад. 2. Хуб музд дар кишвар истеҳсоли хиштҳои таърихӣ ба роҳ монда шавад; 3. Аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба унвони Ҳукумати ҶТ оид ба тайёр намудани кадрҳои бахши реставратсия пешниҳод фиристода шавад, зеро аз набудани мутахассисони зарурӣ эҳтимолияти ба нестӣ рафтани ёдгориҳо мавҷуд аст; 4. Дар соли 2021 барои фаҳмиши ҳолати воқеии ёдгориҳои таърихии кишвар, бо ҷалби кормандони Вазорати фарҳанг, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги ҶТ» гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад; 5. Аз Вазорати фарҳанги ҶТ хоҳиш карда шавад, ки эҳёи бозрасии давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихро (дар гузашта инспексия) дар назди Вазорати фарҳанг пайгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки ин масъала дар Ҳукумати Ҷумҳурӣ, бо пешниҳоди раёсати ташкилоти мо, бо 7 воҳиди корӣ дастгирӣ ёфтааст; 6. Аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ хоҳиш карда шавад, ки дар барномаҳои «Асрори таърих», «Оинаи таърих», «Далели таърих», дар баробари таблиғу ташвиқи мероси ниёгон, оид ба камбудиҳо ва ҳолати воқеии ёдгориҳо бо таҳлил намоишҳои махсусро манзури бинандагон намоянд. 7. Аз ниҳодҳои дахлдор хоҳиш карда мешавад, ки озмуни «Мақолаҳои беҳтарини сол»-ро оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ эълон намоянд; 8. Аз Ҳукумати ҶТ хоҳиш карда шавад, ки дар сатҳи давлатӣ дар ҷумҳурӣ «Рӯзи таърих ва ёдбуди ниёгон» ба расмият дароварда шавад, ки он ҳамасола қайд гардад. Ин амали нек дар баъзе ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ амалӣ гардидааст; Ин иқдом таваҷҷуҳу масъулияти шахсони мансабдору аҳолиро, ҳамчун ворисони мероси ниёгон қавӣ гардонида, ба бедоршавии нангу номусу иҷрои қарзи фарзандии мардум дар назди бобоён кумак мерасонад; 9. Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири омӯзиш ва тарғибу ташвиқи мероси ниёгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар дарсҳои тарбиявӣ, озмунҳо мусоҳиба, нақли хаттӣ, иншо, сайр ва ташкили шанбегиҳо дар мавзеъҳои таърихӣ ба роҳ монда шавад. Хуб мешуд агар аз ҳисоби толибилмҳои синфҳои болию донишҷӯён гурӯҳҳои (дружинаҳои) корӣ созмон меёфту ободкориҳоро дар мавзеи ёдгориҳо ба роҳ мемонданд. (Вазорати номбурда ин корҳоро алакай аз аввали соли ҷорӣ ба роҳ монда истодааст); 10. Вазорати фарҳанги ҶТ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърихи АМИТ, 18-уми апрел-Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг дар осорхонаҳои кишварро чун Рӯзи дарҳои кушод эълон кунанд. Кормандони осорҳонаҳо ба коллективҳои меҳнатӣ рафта одамонро барои омадан ба осорхонаҳо дар ин рӯз ҷалб намоянд; 11. Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оид ба ин ё он ёдгории таърихии футурёфта ё фаромӯшшуда, дар ҳамдастӣ асарҳои саҳнавӣ, намоишҳои теле-радиоӣ пешкаши аҳолӣ гардонанд; 12. Вазорати фарҳанги ҶТ, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҷалби муовинони соҳавии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҶТ, нозирони ёдгориҳои таърихии раёсатҳою шуъбаҳои фарҳанги кишвар семинар-машварати омузишӣ, оид ба чи тавр ҳимоят намудани мероси ниёгон, гузаронанд; 13. Ба раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги ҶТ» супориш дода шавад, ки бо мақсади дарёфт намудани маблағ барои ковишҳои бостоншиносӣ, тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихии кишвар дар бонкҳои ҷумҳурӣ суратҳисоби махсуси хайриявӣ кушоянду ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ашхоси дорои имкониятҳои молӣ, умуман аҳли ҷомеа, дар телевизион ва радио васеъ таблиғ намоянд; 14. Аз мақомоти давлатии дахлдори ҶТ хоҳиш карда шавад, ки сохтмони намунаи ёдгориҳои таърихии дигар кишварҳоро, аз қабили манораи Эйфел, ки аллакай дар рӯ ба рӯи маркази савдои «АШАН»-и ш. Душанбе, қомат рост кардааст ва ин манора дар шаҳри Кӯлоб, маркази н. Дарвозу даромадгоҳи шаҳри саноатии Левакан низ пайдо шудасту ба расму таомул ва анъанаҳои миллии тоҷикон хос несту ба этикаи идеологӣ ва сиёсӣ рост намояд, хотима диҳанд. Ватани Наврӯз-Тоҷикистонро ба ватани Эйфел табдил надиҳанд, то ки ояндаҳо баъдан аз «гиребони» мо нагиранд. Аз Эйфелдӯстии мо мардуми Фаронса шояд дар ҳайрат монда бошанд. Охир, ба гумон аст, ки дар кунҷи ягон боғаки фаронса лоақал пайкараи Исмоили Сомониро гузоранд. Пас чаро мо ин қадар бегонапарстӣ намоем? Халқҳои дигар аз таърихи набуду буди худ таърих месозанду мо таърихи онҳоро таблиғу ташвиқ мекунем; 15. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ забони тоҷикиро чун мероси арзишманди ниёгон, ки нишонаи асосии ҳастии миллату давлат аст, дар корхонаҳо, марказҳои савдо, ҷойҳои ҷамъиятие, ки номгузории онҳо ба забони тоҷикӣ нею ба русӣ, англисӣ ва франсузӣ бештар дида мешаванд, барои аз омехташавӣ ба дигар забонҳо эмин доштан, тадобирҳо андешанд; 16. Вазорати фарҳанг, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Ховалинг-макони аввалин сокинони сайёра конференсияву симпозиумҳо гузаронанд. 17. Мақомоти дахлдор (ҳокимияти маҳаллӣ) номҳои қадимаро бе маслиҳати олимон тағйир надиҳанд, харитаи археологии ёдгориҳои таърихиро ба чоп расонида, ба роҳбарони шаҳрҳою ноҳияҳо дастрас намоянд; 18. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тармиму таҷдид ва барқароркунии чанде аз ёдгориҳои таърихиро ба уҳда гирад; 19. Вазорати фарҳанги ҶТ ба хотири ташвиқу тарғиби мероси ниёгон, дарёфти маблағ барои тармиму беҳсозии ёдгориҳои таърихӣ «лото-фарҳанг» мусоидат намоянд. Зиндагӣ бо маром ҷорист. Вақт мунтазир намеистад ва мо низ ба пеш қадам мезанему гузашти онро ҳамон замон мефаҳмем, ки агар ба қафо нигарем, осори ниҳону дастовардҳои аҷдодонро ҷӯё шавем. Аз ин рӯ, инсон набояд ҳеҷ гоҳ худро ба гузашта муқобил гузорад. Зеро имрӯзу ояндаи мо ҳатман дар заминаи гузашта бунёд мешавад. Мо бояд роҳи тайкардаи гузаштаҳоро пайгирӣ намоем, ки онҳо пораҳои дили худро бароямон гузошта рафтаанд. Мо ҳам замоне чун онҳо хоҳем шуд. Ҳаёту рӯзгори мо ҳам, тавре шумо медонед, қаҳрамониҳо, дастоварду фоҷиаҳои худро дошту дорад, ки дар он хандаҳову гиряҳоямон омезиш ёфтаанд. Пас набояд фаромӯш кард, ки ба кардаҳои мо ояндагон ба ҳамон андозае арҷгузор хоҳанд шуд, ки мо ба мероси гузаштагонамон арҷ гузоштаем. Ҳимояти мероси ниёгон ин иқдоми виҷдонӣ ва имонии ҳар шахс аст. Ватани ганҷи ниёгонро мо бояд эҳтиёту ҳифз намоем. Тавре олими асри 19-и немис Август Мюллер навишта буд: «Араб соҳиби дин, турк соҳиби давлат ва тоҷик соҳиби фарҳанг аст». Яъне мо миллати фарҳанги қадимадор ҳастем. Пас, ин фарҳанг бояд ба наслҳои баъдӣ ҳам бегазанд расонида шавад. Ривояту васиятҳои ҷаду аҷдодро сарчашмаи кори худ намоем, фарзанди миллат будани худро исбот намоем, аз гузашта сабақ гирему ояндаро созем. Мурод Ёров, раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги ҶТ» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.