Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Созишномаи грантии сеҷониба барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расид

Созишномаи грантии сеҷониба барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расид

23-07-2020, 14:40
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Созишномаи грантии сеҷониба барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расид
22 июли соли 2020 миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони НБО «Себзор» ба маблағи 18,6 млн. евро Созишномаи сеҷонибаи грантӣ ба имзо расид, ки ин маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Хотиррасон бояд кард, ки 2 августи соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия Созишнома оид ба ҳамкории молиявӣ ба имзо расонида шуда, дар доираи созишномаи мазкур ҷониби Германия 17 млн. евро грант барои сохтмони лоиҳаи НБО “Себзор” пешбинӣ намудааст.
Инчунин 2 декабри соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария барои маблағгузориии бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ “Себзор-Хоруғ”, дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 110 кВ ва чорабиниҳо доир ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба маблағи грантии 9,55 млн. доллар Созишнома ба имзо расид.
Ҳамзамон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 1,9 млн. доллари ИМА барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии хати интиқоли барқи 110 кВ “Хоруғ-Ишкошим” ва аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 3 млн. доллари ИМА барои гузаронидани таҳқиқоти зарурӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҶСК “Помир энерҷӣ” маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидаанд.
Илова бар ин, дар доираи ин маросим Шартнома оид ба пешниҳоди маблағи грантӣ дар ҳаҷми 1 млн. евро барои кумакҳои мавриди ниёзи тиббӣ ҷиҳати бақайдгирии беморӣ ва омӯзонидани кормандони соҳаи тиб барои бартараф намудани паҳншавии пандемияи коронавируси COVID – 19 ба имзо расонида шуд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Конфедератсияи Швейтсария маблағҳои умумии грантиро дар ҳаҷми 55,2 млн. доллари ИМА барои сохтмони НБО “Себзор” ва инфрасохтори энергетикии он дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқтидори 11 МВт ҷалб намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: