КИТОБХОНА-МАХЗАНИ ГАНҶ!9-06-2021, 11:40
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Турсунзода бахшида ба 110-солагии шоири бурзурги тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, китобхонаи мактаб баъди таъмиру таҷдиди ҷиддӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин амали нек бо ибтикор ва бо дастгирии соҳибкори фарҳангдӯсту фарҳангпараст, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода, узви фаъоли ҲХДТ Ҷамшед Раҳматуллоев созмон ёфт. Дар маросими ифтитоҳи ин маскани илму дониш муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, фарзанди Мирзо Турсунзода – Фируза Турсунзода, собиқадори хизматчии давлатӣ Майсара Калонова, муовини раиси шаҳри Турсунзода Фахрия Бобоҷонзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Нурулло Ҳабибуллозода ширкат доштанд. Китобхонаи мазкур, ки хеле зебо ва тамоми таъҷизоти зарурияш муҷаҳҳаз аст, як падидаи неки фарҳангиист. Ин китобхона ҳарчанд дар деҳот мавҷуд аст вале китобхонаҳои шаҳрҳои бузург камӣ надорад. Ин махзани муътамади илму донишу адаб ҳамчун дастурхони маънавӣ барои наслҳои имрӯзаву оянда хизмати босазо карда, ҳатман ҷойи дӯстдоштаи хонандагон хоҳад шуд. Нотиқон аз аҳамияти бузурги китобу китобхонӣ ёдовар гардида, ба ҳиммати баланду азму ғайрати соҳибкор Ҷамшед Раҳматуллоев аҳсан гуфтанд. Ҷ. Раҳматуллоев чанде қабл намои берунаи муассисаи мазкурро рангу бор намуда, майдончаи варзиширо бо тамоми шароити зарурияш ба истифода дод. Ҳамчунин, дар ташкили синфхонаи маркази инкишофи кӯдак, сохтмони толори варзиши дар МТМУ №37 ва сохтмони 13 синфхона дар МТМУ №91 ҳиссагузор аст. Маросими кушодашавии китобхона ба иди ҳақиқии омӯзгорон, хонандагон ва аҳли деҳа табдил ёфт. Барномаи фарҳангии пешниҳоднамудаи хонадагони мактаб ҷолиб, шавқовар ва фаромӯшнашаванда буд. Ҳотам РАБИЕВ,
рӯзноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.