Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАҚОЛАЕ, КИ 6 СОЛ БОЗ ДАСТУРАМ ҲАСТ

МАҚОЛАЕ, КИ 6 СОЛ БОЗ ДАСТУРАМ ҲАСТ

9-06-2021, 10:48
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
МАҚОЛАЕ, КИ 6 СОЛ БОЗ ДАСТУРАМ ҲАСТ
Бозгашт ба мавзӯъ


“Пирӣ – бофтаест аз тахаюли танбалон”- зери ин унвон 6 сол пеш (3.02.2016) мақолаи Ҳуриннисо Ализода дар ҳафтавори “Минбари халқ” нашр гашта буд ва ман онро пайваста аз нав мехонам.
Донишмандон мегӯянд, миллатро, ки Худо дӯст дорад, роҳбари оқилу доноро насибаш мегардонад. Маҳз ақлу заковат, ҷасорату ҷуръат, фидокориву ҷоннисорӣ, меҳнатдӯстиву раиятпарварии Сарвари давлат буд, ки мо – мардуми бофарҳанги тоҷик ба чунин рӯзҳои хуш расидем.
Воқеан, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихсоз дар марҳилаи кунунӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии мо тавонист, ҳар қавлеро, ки ба мардум дода буд, сарбаландона иҷро намояд. Тоҷикистонро аз харобаҳои баъдиҷангӣ бурун сохта, ба кишвари чароғону обод табдил дод, роҳ ба сӯи рушди устуворро пеш гирифт. Ҷавонии худро фидои ҳамеша ҷавон мондани Тоҷикистон ва мардуми тоҷик намуд. Сидқан дӯст доштани Ватану миллатро ба ҳамагон бо амал омӯзонд.
Устуворӣ дар роҳи ба даст овардани мақсад иродаи матин ва рӯҳафтода нашудан дар назди мушкилиҳо ва накӯтарин хислатҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо Пешвои муаззами миллат дар шароити пурталотуми ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатдории миллиии моро пеш бурда истодаанд.
Мо-пирони даврони Истиқлолият интизори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон мебошем.
Ман, пири 85-сола дар деҳаи Мадми ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд зиндагонӣ ба сар мебарам.
Фаъолияти кориам аз соли 1957 то 2002 тӯл кашид. 30-соли умрамро дар корҳои роҳбарӣ гузаронидам. 10 фарзанд ва 82 набераву абера дорам. 20 сол мешавад, ки нафақахӯр мебошам. Меҳнатро дӯст медорам ва доимо бо меҳнаткашони диёри худ мебошам. Китоб мехонам, рӯзномаву маҷаллаҳоро ба таври доимӣ мутолиа менамоям.
Агар аз кори яксола самар хостӣ, гандум бикор.
Агар ду сол самар хостӣ, ниҳол бипарвар.
Агар сад сол самар хостӣ, мардумро тарбия кун,-мегӯянд пирони хирадманди тоҷик.
Ба ҳам ошиқ шавед, меҳр парваред, раҳоиро дар дӯст доштан биҷӯед. Зеро ягона роҳи дил бастан ба зиндагӣ ин меҳр бастан аст, - мегӯяд журналист дар мақолааш ва мо низ медонем, ки:
Бӯй агар нест, тафовут накунад гул аз хар,
Илм агар нест, зи ҳайвон набувад фарқи башар.
Боз мегардем, ба мақолаи “Пирӣ-бофтаест аз тахаюли танбалон”. Пир шудани одамон, яъне ба синну сол, ё даврае, ки баъди расидан ба давраи баркамолӣ, соҳибэҳтиромӣ, хирадмандиву куҳансолӣ ба унвони инсони ботаҷриаву боақли дунёдида бешак як давраи хосаест, онро ҳамеша чун дуои нек ба одамон медиҳанд.
Матуридии Самарқандӣ мегӯяд:
Ҳар кӣ ба солу умр аз ту беш бошад, ӯро бузург дор.
Бертран Рассел (1872-1970) 98 сол умр дидааст. Донишманд ва файласуфи англис замоне гуфта буд: “Хурсандие, ки аз фиреби худ ҳосил шавад, пойдор нахоҳад буд ва ҳар қадар ҳам, ки ҳақиқат талх бошад, боз беҳтар аст, ба он бояд якбор барои ҳамеша рӯ ба рӯ шуд, то ин ки битавонем ба он одат бикунем ва зиндагии хешро дар робита ва мутобиқ ба он ба роҳ монем”.
Ҳуриннисо Ализода мегӯяд: “Чаро ба таҳлукаи пир шудан дар тавъамӣ бо андешаи бечора шудан аст? Зеро ба ақидаи аксарият пирӣ ин замони беморӣ, камқувватӣ, заифии андеша, костагии хотира ва аз ҳама ваҳшатнокиаш давраи бепуливу дастнигарист”.
Ман ба хулосае омадам, ки шахсе, ки умраш доим сарфи меҳнати ҳалол аст, ба пояи баланди эътибор мерасад. Вале дар гулистон баъзан хор ҳам баланд қад мекашад. Гулу гиёҳҳо зери сояи он мемонанд. Мешавад, ки гоҳе ба баландӣ мебароӣ ва сарат чарх мезанад ва чашмонатро сахт мепӯшӣ, то аз баландӣ наафтӣ. Чун болотар мебароӣ, санги сартезро дудаста маҳкам медорӣ, то туро шамол набарад. Ба поён наменигарӣ, метарсӣ, чашмонат сиёҳ мезанад. Вале ҳаргиз баландии сунъиро ҳавас макун.
Бо кӯмаки дигарон сари қулла баромада, худро фотеҳ машумор!
Мо пирон бояд худро канор нагирифта, ба Ватани худ ҳиссагузорӣ намуда, бо меҳнати софдилона барои ҷавонон намуна бошем.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои худ бо пирон дидорбинӣ намуда, дили ононро шод мегардонанд ва аз пирон дӯои нек мегиранд.
Зиндагиро кӣ гуфт номард аст
Ҳар кӣ гуфтаст, то куҷо мард аст?
Зиндагӣ марду мард мехоҳад
Сари болову дард мехоҳад.
Агар хонае бувад, ки онро равзана набошад, ҳароина аз он нур бебаҳра монд, пас, агар дили ҳозир аст ва он раҳгузар нури файзи вуҷуд ба вай хоҳад расид ва агар ғофил аст, он нур аз вай дар хоҳад гузашт.
Даврони пирӣ шарафи инсон аст, -хулоса мебарорам ман имрӯзҳо.
Ҳуриннисо Ализода мегӯяд: “Пирӣ бад ва ҷавонӣ хуб аст” – гуфтан ин стериотип ё қолаби шахшудае беш нест. Зеро худ қазоват кунед, ки бе ҳеҷ амалу ҳаракате оё як ҷавон худ ба худ хушбахт шуда метавонад? Не, албатта. Барои хушбахтӣ заҳмат бояд кашид. Ҳадди ақал, агар барои ин волидонат бояд меҳнат карда бошанд.
Барои хушбахтӣ дар пирӣ низ бояд талош варзид ва онро бо дастону ақлу заковати худ ташкил бояд кард, зеро бе хоҳиш ва саъю талош чизе ба даст намеояд. Зиндагӣ ҳаракат аст, рӯзе, ки аз рушду ҳаракат мондед, хушбахтиву ҳаёт худ шуморо тарк мекунанд.
Мо пирон бояд кӯшиш намоем, то қувваи худро ба ободии кишварамон сарф созем ва барои гул-гул шукуфтани Тоҷикистони азизамон ҳиссагузор бошем.
Инсон бояд илм омӯзад.
Инсон вақте ки хирадманд шавад, дилу рӯҳаш шабеҳи оина мусаффо мешавад. Пас бояд дар оина ғубор набошад. Зотан поккорӣ дар роҳи пешакӣ дилхоҳ саодати ҳақиқист.
Некдил бош, то некбин бошӣ. Мо пирон ба ин гуфаҳо амал карда, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят мекунем.

Мо пирони даврони истиқлолият ҳамеша “Минбари халқ”-ро мутолиа карда, умедвор ҳастем нашрия боз дар бораи пирон менависад ва пирон аз он ғизои маънавӣ мегиранд.
Гадобой Раҳматуллоев,
85-сола, Аълочии маорифи Тоҷикистон,
деҳаи Мадм, ҷамоати Урметан, ноҳияи Айнӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: