Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АСОСИ ОСУДАГӢ ВА САОДАТИ ХАЛҚ

АСОСИ ОСУДАГӢ ВА САОДАТИ ХАЛҚ

3-06-2021, 12:30
Хабарро хонданд: 111 нафар
Назарҳо: 0
АСОСИ ОСУДАГӢ ВА САОДАТИ ХАЛҚ
Ба истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ


Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ибтидои солҳои дуҳазорӯм дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд:
«Аз шаҳрванди одӣ сар карда, то корманди давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то вакил ва аъзои парламент-вазифаи асосии онҳо таблиғи бедории миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватанпарварӣ ва ватандӯстӣ, густариши ғояҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ натиҷаи ниҳоии гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва мураккаби байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи мухолифини тоҷик моҳи апрели соли 1994 оғоз ёфта, соли 1997 бо муваффақият анҷом пазируфт. Аммо, ин бо осонӣ набуд, зеро тӯли он Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят вазнин ва вазъияти хеле мураккаб бо мухолифин дар ҳудуди давлатҳои хориҷи дуру наздик панҷ маротиба мулоқот намуд ва дар ин гуфтушунидҳо душвортарин масоили муносибати тарафайнро тадриҷан баррасӣ кард. Хушбахтона, дар ин раванд дар ҷомеаи мо афкори нави ҷамъиятӣ ташаккул ёфт. Ҳар як узви ҷомеа дарк намуд, ки то дар хонаи худ сулҳ набошад ва амният барқарор нашавад, то ҷонибҳои даргир си-лоҳ ба замин гузошта, ба ҷои он олоти меҳнат ба даст нагиранд, ҳеҷ як кӯмаки ҳамсоядавлатҳо вазъи кишвари моро беҳ гардонда наметавонад. Фурӯ нишондани кинаю адоват, ҳисси бадбинӣ, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор канор гирифтан ва олоти маргро зери пой партофта, шуғл ба бунёдкорию созандагӣ кардан роҳи халосӣ аз вазъияти зуҳуркарда буд ва чунин ҳам шуд. Иродаи сулҳофарини халқ зӯровариро ҳамчун воситаи расидан ба мақсад беқурб гардонд.
Бояд садоқатмандона ва бо ифтихор гуфт, ки нақши Сарвари давлати навтавлид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чи хеле аз забони вакилони халқ борҳо шунидем, дар таъмини сулҳи деринтизор, ризоияти миллӣ, ривоҷи ҷунбиши пуриқтидори халқӣ чун Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон равшан буд, имрӯз ин амали боҳамоӣ чун қутбнамои фаъолияти ҳамагон эътироф шудааст ва эътибори қавӣ пайдо кардааст.
Сари хони андеша нишаста, ба хулосаи қатъӣ омадем: яқинан дар паси ҳар қадами ба сӯи созиш гузоштаи мардуми мо нишони ҷонбозиҳои инсонҳои бомаърифат барои истиқлолу якпорчагӣ, кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди фарзандони фарзонаи миллат, талошҳои бузурги маънавии халқи тоҷик ҷилвагар аст. Хулоса, истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик умеди озодиву сарсабзӣ дода бошад, ваҳдат умеди зиндагӣ, шукуфоӣ ва пешрафту тараққиётро дучанд гардонд. Равшан мебинем, ки тамоми халқ бо якдилию иттиҳод Тоҷикистони азиз ва кишвари ҳамешабаҳори худро муташаккилона обод ва сабзу назаррабо мегардонанд, кӯшиш мекунанд, ки давлати соҳибистиқлоламон тараққикардаю пешрафта бошад. Давраи нави таърихи Тоҷикистон бо созандагию бунёдкорӣ, болоравии шуур ва худшиносии миллӣ, эҳтиром гузоштан ба роҳи тайкардаи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷараён дорад. Воқеан, таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмиву фарҳангӣ тадбирҳои короӣ андешида мешаванд. Дар Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста,ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардуми минтақа дар заминаи дӯстию рафоқат ва ҳусни эътимод мебошад. Ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд… Итминон дорем, ки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Маълум, ки ин ҳадаф пухта ва хости давлатҳои минтақа ҳам мебошад, зеро натиҷаи ин ҳадаф бо кушодани на танҳо дарвозаи сарҳадҳо, балки дари дили мардуми бо ҳам дӯсту бародар-Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону ӯзбекистон бараълоина маълум шуд. Ва ин раванд, албатта, идома хоҳад ёфт.
Инобат Гадойбоева,
Саодат Бобоева,
омӯзгорони кафедраи «Ҷамъиятшиносӣ»-и Коллеҷи
тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: