Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Собиқадорони меҳнат ҳунарманду соҳибкоранд

Собиқадорони меҳнат ҳунарманду соҳибкоранд

26-05-2021, 10:55
Хабарро хонданд: 56 нафар
Назарҳо: 0
  Собиқадорони меҳнат  ҳунарманду соҳибкоранд

Эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баҳри пешрафти ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Ванҷ такони хубе бахшид. Дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ собиқадорони меҳнат низ дасти расо доранд.
Алҳол, пирони шасту ҳафтодсола ба ин касби наҷиб сару кор гирифтаанд. Табақу қошуқ тарошидаи ҳунармандони рустоҳои Ширговад, Мудехарв ва Ғӯмасти водии Ванҷи боло, аз ҷумла усто Мирумбек ва писараш Шаша харидорони зиёде доранд. Табақу қошуқ ва катҳои басо ҳам зебо ва ороишии Бовар Рӯзиев аз деҳаи Ғӯмаст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Ванҷ хеле писанд омад. Маҳсули дастонашро ин устои ҳалолкор бо самимият ба Пешвои миллат туҳфа карданд. Роҳбари давлат дар ҷавоби ин инъоми хоксорона ба ин ҳунарманди мардумӣ туҳфаи пурқимат тақдим карданд.
Табару теша, досу каланди оҳангарон Ҷамшед Чақолов ва Назаралӣ Қурбонов писанди на танҳо сокинони вилоят, балки сайёҳони хориҷиву ватанӣ ва меҳмонони сершумор низ гардидааст.
Сокини калонсоли деҳаи Ғӯмасти Ҷамоати деҳоти Рованд Давлат Мирзоев ҳунари қадимаи мардумӣ аз масолеҳи дар маҳалли зисташонбуда тайёр кардани собунро ба роҳ монд. ӯ барои бунёди корхонаи хурди собунбарорӣ зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ масраф кардааст.
Чанд нафар собиқадорони меҳнати ноҳия баъди ба нафақа баромадан ба соҳибкорӣ машғул шуданд. Дар қатори онҳо Зариф Лашкаров маркази савдои чорошёнаро бо номи «Ванҷ», Алифбек Шарипов маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаро барои сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ дар шаҳраки Рохарв, Фарҳод Ноёфтов дар мавзеи Хехаки ҳудуди Ҷамоати деҳоти Язгулом меҳмонхона, ошхона ва нуқтаи таъмири нақлиёт сохтаанд.
Соҳибкори куҳансол Паҳлавӣ Нуралиев аз Ҷамоати деҳоти Ҷовидон дар деҳаи Бунай зиёда аз 2 гектар боғи себу нок ва зардолу бунёд кард. Салом Ғайратшоев ва Амриддин Асоев дар рустои Скади Ҷамоати деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев коргоҳҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва шарбати меваро мавриди истифода қарор доданд. Соҳибкор Сарабек Маҳмадбеков вусъати баланди амалҳои ободонӣ ва созандагиро дар Ванҷ ба эътибор гирифта, дар Ҷамоати деҳоти Водхуд корхонаи истеҳсоли хиштҳои сементро созмон додааст.
Ҳамаи ин ободгарӣ ва бунёдкориҳо аз ҷониби собиқадорони меҳнат дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихор 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ роҳандозӣ гардиданд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР.























Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: