Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Марде, ки миллион долларро нагирифт

Марде, ки миллион долларро нагирифт

20-05-2021, 15:51
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
Марде, ки миллион долларро нагирифт
Номи ин донишманди илми математика, ки аз гирифтани ҷоизае ба андозаи миллион доллар худдорӣ кард, як муддат дар аввали хабарҳои ҷаҳонӣ буд.
Григорий Перелман, донишманде аз шаҳри Санкт-Петербурги Русияро ба таври арзанда нобиғаи математика меноманд. ӯ дар давоми ҳаёти худ ду бор машҳур шуд- бори нахуст вақте ки фарзияи Пуанкареро исбот кард ва дигар, замоне, ки ҷоизаи миллион долларии Институти математикаи Клэя (ташкилоти ғайритиҷоратии хусусӣ, ки дар Кембриҷ, Массачусетси ИМА аз соли1998 фаъолият мекунад)-ро рад кард.
Ҷоиза марти соли 2010 ба Г. Перелман ато шуд ва ӯ июни ҳамон сол бояд ризоияти худро ба созмондиҳандагон медод ва барои гирифтанаш ба маросиме, ки баргузор мегардид, бояд мерафт.
Он чи ӯ аз гирифтанаш худдорӣ намуд, яке аз ҳафт ҷоизаи 7 миллион долларии ин пажӯҳишгоҳ буда, дарёфти он маънои ба даст овардани мақом дар ҷомеаи илмиро барои тамоми умр дорад. Дар сурати гирифтани ин маблағ Перелман, албатта, тамоми мушкилоти худро дар зиндагӣ ҳал мекард. Аммо ин шахсияти дар соҳаи математика шуҳратёфта, ғайричашмдошти ҳамагон ҷоизаро рад кард ва онро нагирифт. Ба пешниҳодҳо дар мавриди сафар ба маросиме, ки бояд дар шаҳри Мадрид (Испания) барои дарёфти ин пул баргузор мешуд, бо хунсардӣ гуфт: «Бигзор пул дар ҳамон ҷое, ки ҳаст, бимонад».
Дар пайи ин посух шӯру мағал бархост ва эҳтимол, бар асари ин шӯру ғавғои атрофиён ва ҳамчунин, баҳсҳое, ки тарафдорону мухолифони ин қарор дар матбуот ва шабакаҳои телевизионӣ бардоштанд, ӯ як муддат бемор шуд.
Дар омади гап, Перелман, инчунин, як ҷоизаи бонуфузи дигар - Медали Филдсро, ки ҳамчун Ҷоизаи Нобел дар соҳаи математика шинохта мешавад, низ рад кард. Маъруфтарин олимони ҷаҳон ин рафтори Перелманро аҷиб шуморида, ба ӯ муроҷиат ва ба гирифтани медал даъваташ карданд, аммо абрӯи ӯ боз ҳам хам нахӯрд ва аз раъйи худ нагашт.
Масъалае, ки ин донишманд ҳал кард, вобастаи соҳаи геометрияи фазои бисёрҷанба буда, онро олими фаронсавӣ Анри Пуанкаре соли 1904 навиштааст. Пас аз ӯ, дар тӯли 100 сол математикҳои сайёра кӯшиш карданд, ки ин муамморо ҳал кунандва бисёриҳо шубҳа надоштанд, ки барои ёфтани посух ҳадди аққал 100 соли дигар лозим аст. Аммо, Г.Перелман тавонист усулеро ба кор барад, ки онро ҳеҷ кадоме аз олимони пешин ба кор набурдаанд ва ба ин васила, мушкилро ҳал кард.
Дар зиндагӣ Перелмани 55-сола ба ҷуз модараш бо касе зиёд муошират намекунад. Вай акнун Институти математикаро тарк карда, дигар ҷое кор намекунад. Овозаҳое мавҷуданд, ки акнун ӯ шавқи омӯзиши математикаро ҳам гум кардааст. Гуфта мешавад, Перелман ва модари пираш дар хонаи хурде дар як бинои истиқоматии канори Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд. Перелман хеле кам аз хона мебарояд, танҳо бо мақсади хариди маводи ғизоӣ ба наздиктарин мағозаи маҳаллаи зисташ меравад ва зуд бармегардад. Баъзан рӯзноманигорон ӯро назди даромадгоҳи бино нигоҳ карда истода, кӯшиш мекунанд, ба суҳбат моилаш кунанд, аммо ҳар дафъа вай боадабона ҷавоб медиҳад: «Ман ба шумо гапи гуфтан надорам».
Солеҳ Юсуфов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: