Як рӯз бо сарбозон22-02-2016, 15:35
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Иди касбии муҳофизони Ватан, албатта барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва ҳар як шаҳрванди ба ору номуси ин сарзамини аҷдодӣ санаи муҳим ва пурифтихор шуморида мешавад. Зеро низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва ҳар як фарди некбини ҷомеаи имрӯза дар таъмини амнияти давлату миллат, ҳимояи марзу бум ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистони азиз саҳми бориз доранд.
Ин аст, ки солҳои охир рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сар то сари кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ба хотири баланд бардоштани обрӯю нуфузи Артиши миллӣ дар байни аҳолӣ, ба хусус ҷавонону наврасони мамлакат ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабиниҳои гуногун барпо мегардад. Ба муносибати таҷлил аз солгарди навбатии Қувваҳои мусаллаҳ рӯзи 20-уми феврали соли равон, бо ибтикори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо рӯзномаи «Вечёрка» дар толори «Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз» миёни рӯзноманигорон ва хизматчиёни ҳарбӣ аз рӯи 4 намуди варзиш, аз қабили футболи хурд, бандкашӣ, дастхобонӣ дар вазнҳои (68, 74, 90+94 кг) ва афшурдан (отжиманий) мусобиқа сурат гирифт. Сабқатҳои варзишӣ миёни хизматчиёни харбӣ ва рӯзноманигорон нахуст аз бозии футболи хурд шуруъ шуд. Дастаи «Рӯзноманигорон» бо либосҳои сурх ва дастаи «Хизматчиёни ҳарбӣ» бо либосҳои кабуд ба майдон баромаданд. Дар ин сабқат дастаи «Хизматчиёни ҳарбӣ» бартарияти бештар нишон дода, ба дарвозаи ҳарифони худ 6 тӯб ворид карданд. Бозигарони дастаи «Рӯзноманигорон» дар нимаи дуюми дидор танҳо ба як голи задаи ҳарифони худ посух дода тавонистанд. Ҳамин тариқ бо ҳисоби 6 бар 1 пирӯзӣ насиби дастаи «Хизматчиёни ҳарбӣ» шуд. Аз намуди дастхобонӣ дар вазни 68 кг намояндаи рӯзноманигорон дастболо шуд ва дар вазнҳои 74 ва 90+94 намояндаи хизматчиёни ҳарбӣ пирӯзиро ба даст оварданд. Дар намудҳои афшурдан ва бандкашӣ ҳам хизматчиёни ҳарбӣ ғолиб омаданд. Дар анҷом ба иштирокчиёни фаъоли чорабинии варзишӣ медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии омодакардаи Вазорати мудофиа тақдим карда шуд. Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа мегӯяд, ҳадафи ташкили чунин чорабиниҳо асосан дар самти мустаҳкам намудани ҳамкории хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ва дар маҷмӯъ Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо аҳолии кишвар, ВАО, мубодилаи афкор дар ҳалли мушкилоту пешравиҳо, ҳамоҳангии доимӣ дар ҷодаи мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва муҳимтар аз ҳама мусоидат намудан дар пойдории сулҳу суботи Ватани азизамон мебошад. Нимаи дуюми рӯз масъулини Вазорати мудофиаи кишвар дар «Боғи Ирам»-и пойтахт барои аҳолӣ ошхонаи саҳроӣ ташкил карданд, ки рӯзноманигорон ҳам ба зиёфати сарбозон даъват шуданд. Дар ин чорабинии оммавӣ, ки бо иштироки Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар баргузор гардид, сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ пас аз гузашти низомӣ, бо ҳунару маҳорати баланди касбӣ усулҳои ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба танро намоиш доданд. Дар охир сарояндагони маъруфи кишвар бо барномаи консертӣ табъи ҳозиринро шод гардониданд. Ибодуллоҳи ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.