Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Саймумин Ятимов: «Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад»

Саймумин Ятимов: «Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад»

1-05-2021, 07:37
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Саймумин Ятимов: «Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад»Дар вилояти Бодканд (Қирғизистон) музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Ташиев роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба 24.kg.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва амалҳои минбаъдаро барои ҳалли низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карданд.

«Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад», — гуфт Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Камчибек Ташиев.

Ба гуфтаи ӯ, мардуми ин ду давлат дар ин минтақаҳо муддати тӯлонии таърихист, ки зиндагӣ мекунанд.

«Мардум дӯстанд, онҳо ба ҳамдигар даъвое надоранд. Мо бояд ба мардумонамон имкон диҳем, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд. Имрӯз, дар мулоқоти намояндагони ду давлат, мо дар бораи ҳалли масъалаҳои таъмини сулҳ дар сарзамини қирғизҳову тоҷикон ба тавофуқи усулӣ расидем. Боварӣ дорам, ки мо ин корро карда метавонем ва дар муддати кӯтоҳ ҳамаро ҳал хоҳем кард», — гуфт ӯ.

Раиси КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон Камчибек Ташиев зикр кард, ки имрӯз ҳайатҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ба манфиати ду кишвар протокол иборат аз чор бандро қабул карданд.

«Имрӯзҳо мардуми Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзҳои душворро аз сар мегузаронанд, фоҷиа рух дод. Дар ин ҳангом барои мо доир намудани мулоқот душвор буд, аммо бо вуҷуди ин, бо дастури сарони давлатҳо мо ин музокиротро баргузор кардем ва тасмим гирифтем, ки тирандозиро комилан қатъ кунем ва нерӯҳоямонро аз марз бозпас гардонем. Худо хоҳад, дар кишварҳои мо оромии комил ва сулҳ ҳукмфармо хоҳад буд», — иброз дошт Камчибек Ташиев.

Ёдовар мешавем, ки созиш дар бораи баргузории ин музокирот зимни суҳбати телефонии сарони ду давлат ҳосил шуда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: