Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

29-07-2019, 12:24
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

Сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро, ки қабл аз ин дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои эътимоди комил, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд, инчунин мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст карданд.

Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намуданд.

Бо таъкиди имкониятҳои васеъ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати афзоиши гардиши мутақобилаи мол чораҳои зарурӣ андешида, ба роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург ва миёнаву хурд, ки нишондиҳандаи сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мусоидат намоянд.

Ҳамчунин мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифта, амалҳои муштараки минбаъда дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба муайян карда шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар арсаи обу энергетика мавриди баррасӣ қарор доштанд. Қайд гардид, ки ба кор андохтани иқтидорҳои гидроэнергетикии ҷонибҳо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа барои Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳаммияти фарогир дорад. Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоқикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор – 2030 ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки берун аз миқёси он такони мусбат хоҳад бахшид.

Аҳаммияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда шуд. Зарурати ба роҳ мондани амалияи мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳӣ қайд карда шуд.

Бо мақсади фаъол гардонидани ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ду кишвар Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои бародаршаҳриро миёни шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишварҳояшон барпо намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: