Дар Гулистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид18-03-2021, 09:21
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
16-17 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид .
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои тарафҳоро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев роҳбарӣ карданд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба делимитатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Мулоқот дар фазои дӯстона гузашт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.