Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе оид ба ҳифзу тарғиби арзишҳо ва дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ мулоқот сурат гирифт

Дар Душанбе оид ба ҳифзу тарғиби арзишҳо ва дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ мулоқот сурат гирифт

23-04-2021, 08:53
Хабарро хонданд: 76 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе оид ба ҳифзу тарғиби арзишҳо ва дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ мулоқот сурат гирифт Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдон баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби арзишҳо ва дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ сурат гирифт.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо ёдоварӣ аз Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра ҷалб намуда, иброз дошт, ки имрӯз мамлакати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаааст.

Мавсуф иброз намуд, ки “мардуми мамлакат дар арафаи таҷлили 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин рӯ, мо, сокинони пойтахтро зарур аст, ки чун ҷузъи ҷудонопазири халқи шарафманди тоҷик ин санаи муҳимро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромиву осудагии мамлакат пешвоз бигирем”.

Ҳамчунин дар мулоқот дигар аъзои гурӯҳи таблиғотӣ низ ба сухан баромада, аз хусуси масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим, тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, ободониву сабзгардонӣ, бунёди биноҳои муҳташам ва муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ, роҳу ҷодаҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналхалқӣ дар чаҳор навоҳии пойтахт ва дигар дастовардҳои солҳои охир дар шаҳри Душанбе ва мамлакат, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа сухан гуфтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: