Таносуб ва пайванди унсурии давлати миллӣ ва ҳукумат дар амалияи сиёсӣ22-04-2021, 10:55
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Мафҳуми «давлати миллии классикӣ» марҳалаи ибтидоӣ ё аввалияи ташаккули давлати миллӣ дар назар аст, ки дар он давлат аз марҳалаи сохтории «давлат–ҳукумат» гузашта, ҳамчун воҳиди фарогири маҷмӯаи арзишу усулу манфиатҳои умумӣ шакл гирифтааст, аммо ҳанӯз ба марҳалаи давлати иҷтимоии фарониҳодии хидматгузори постмодерн нарасидааст. Дар як таърифи умумишудаи бунёдию корбурдӣ, давлат шакли махсуси сиёсӣ ва идории ташаккули ҷомеа (1) бо ҳуқуқи истисноии ҳокимият (2) ва бо аҳолӣ (3) ва сарзамини (4) муайян мебошад, ки бар пояи арзишҳо, манфиатҳо ё сарнавишти муштарак (5) шакл гирифта, дар он ҳудуд ба воситаи қонуни пазируфта (6) ва қудрати иҷроии давлатӣ (7) меъёрҳои ягонаи танзими муносибатҳои аъзои ҷомеаро (7) мустақилона (8) ҷорӣ намуда, ба ин восита ҳуқуқу манфиатҳои аъзои он ҷомеаро таъмин ва ҳимоят менамояд (9). Барои дарки мафҳумӣ ва ташаккули амалии давлат ҳамаи нишондиҳандаҳои зикршуда, ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар якҷоягӣ муҳим буда, ҳамоҳангӣ ва омезиши мавзуни онҳо мафҳуми давлат ва дар амалия, худи давлатро ташаккул медиҳанд. Дар баёни содатар, давлат як мафҳуми бузургу фарогир буда, пеш аз ҳама, худи кишвар, ҳамаи шохаҳову зинаҳои ҳокимияти сиёсӣ, замину обу фазо, мардум ва арзишҳои аслӣ, истиқлоли сиёсӣ ва амнияти миллӣ, танзими меъёрҳои ягонаи муносибат ва масъулияти таъмини манфиатҳои аҳолии онро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, давлат мафҳуми аслӣ ва бунёдӣ буда, дар фаъолияти сиёсии дохилӣ ва дар давлатдорӣ масъалаи буду набуд, ягонагии ҳудудӣ, истиқлоли сиёсӣ, суботу амнияту манфиатҳо, ҳаёту ҳуқуқу номуси шаҳрвандони он ва ғайра мавриди савол ва мавзӯи муомилаи сиёсӣ қарор намегиранд. Дар асри ҳозир, аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шакли «давлати миллӣ» таъсис ва созмон ёфтаанд, ки таърифи бунёдии давлат барои онҳо муносиб ва созгор аст. Имрӯз мавҷудияти «давлати миллӣ» нишонгари олитарин сатҳи камоли як миллат ба ҳисоб рафта, дар айни замон, муҳимтарин афзор ва механизми таъмини бақо ва рушди он миллат аст. Дар шароити «давлати миллӣ» ҳам ҳукумат, ҳам ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам шаҳрвандон вазифадоранд, ки давлатро аз назари ҳудудӣ (сарзаминӣ), сиёсӣ (истиқлол), моделӣ (демократӣ) ва арзишӣ (моҳияти миллӣ) як арзиши олӣ дониста, ҳифз ва риояти манфиатҳои онро аз ҳар манфиати дигар болотар гузоранд. Вале, бо тафовут аз давлат, «ҳукумат» як ниҳод ё институти олии идорӣ ва иҷроии давлатист, ки аъзои он ба намояндагӣ аз миллат масъулияти идораи умури ҷории давлатиро ба уҳда доранд. Аъзои ҳукумат гурӯҳи муайяни одамоне ҳастанд, ки дар муҳлати муайян дар доираи қонунҳое, ки шохаи қонунгузори давлат (парлумон) ба намояндагӣ аз мардум қабул кардааст, умури иҷроиро идора мекунанд ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро роҳбарӣ ва дар доираи қонун танзим менамоянд. Ҳукумат мафҳуми мухолифи давлат нест, аммо аз назари ҷойгоҳу фарогирӣ танҳо як ниҳоди давлатӣ аст. Аз ин рӯ, давлат кулл аст, вале ҳукумат ҷузъ аст, давлат асл аст, ҳукумат фаръ аст, давлат як арзиши усулист, ҳукумат як афзори иҷроист, давлат тағйирнопазир аст, ҳукумат тағйирёбанда ва ниҳоят, ба забони сиёсии имрӯз, давлат яке аз муқаддасот аст, вале ҳукумат чунин мақом надорад. (Бояд гуфт, ки истилоҳи «муқаддас» ва «муқаддасот» дар матнҳои сиёсии тоҷикӣ ба маънои шаръӣ, ибодатӣ ва илоҳии ин калима нест, балки ба маънои арзиши олӣ, муҳим ва дахлнопазир будан аст.) Албатта, тавре дар баҳси назариявӣ зикр шуд, дар забони форсии имрӯза (дар Эрон) гоҳе давлат низ ба маънои ҳукумат (ҳокимияти иҷроия, кобинаи вазирон) истифода мешавад, вале дар забони тоҷикии имрӯз марзу фарқи калимаҳои «давлат» ва «ҳукумат» хеле рӯшантар аст. Акнун бояд ба ин савол низ посух дод, ки чаро дар асри давлатҳои миллӣ давлат «муқаддас» дониста мешавад? Албатта, давлат як падидаи осмонӣ ва илоҳӣ нест ва муқаддасии он ҷанбаи эътиқодӣ надорад. Балки он як падидаи иҷтимоию сиёсӣ буда, афроди як миллат ё шаҳрвандони як сарзамин онро ҳамчун ниҳоди ифодакунандаи иродаи худ ва ҳифзкунандаи ҳуқуқу манфиатҳо ва арзишу хостаҳои усулии худ ташкил намудаанд. Яъне, давлат ниҳодест, ки ба воситаи он, ба воситаи будани он, афроди ҷомеа маҷмӯи ҳуқуқу манфиатҳои худро тазмин ва бима намудаанд. Дар шароити давлатҳои миллӣ, миллатҳо (афроди миллатҳо) на танҳо ҳуқуқу манфиатҳо, балки бақои худ ва бақои ҳувияти миллии худро низ бо тариқи ташкили давлати миллии худ тазмин кардаанд. Дар чунин сурат, масъалаи буду набуди давлати миллӣ тақрибан маънои буду набуди худи миллат ва ҳувияти онро мегирад. Ин аст, ки давлат, ҳамчун ниҳоди баёнгар ва таъминкунандаи ҳуқуқу манфиатҳои афроди миллат ва ҳамчун ниҳоди тазминкунандаи бақои миллат ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи олӣ ва муқаддас мегирад. Пас, давлат низ ба зоти худ муқаддас нест, балки он офаридаи инсон буда, бино бар нақши зикршудаи худ дахлнопазир ва муқаддас дониста мешавад. Мутлақ набудани муқаддасии давлатҳоро метавон чунин шарҳи сода дод: масалан, як давлати ишғолгар низ давлат аст, вале он барои шаҳрвандони минтақаи ишғолшуда муқаддас нест, зеро он давлат ифодакунандаи иродаи он мардум, ифодакунандаи ҳуқуқу манфиатҳои он шаҳрвандон набуда, бақои миллӣ ва бақои ҳувияти миллии онҳоро вазифаи худ намедонад. Аз ин рӯ, як давлати ишғолгар, гарчи аз назари ниҳодӣ давлат аст, вале муқаддас нест. Пас, меъёри муқаддасии давлатҳо барои шаҳрвандони он давлатҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки давлат ифодакунандаи арзишу ормону иродаи он мардум, ифодакунандаи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва тазминкунандаи бақои миллӣ ва ҳувиятии онҳо мебошад. Ин аст, сабаб ва меъёри муқаддас дониста шудани давлат. Бо ин ошноии мухтасар, бо маънои истилоҳии калимаҳои «давлат» ва «ҳукумат», масъалаи аслии ин баҳсро ёдовар мешавем, ки омезиши дониста ё надонистаи байни ин мафҳумҳо яке аз осебҳои фазои фикрӣ ва сиёсии мо мебошад. Яъне, гоҳе шаҳрвандон ё фаъолони сиёсӣ аз надонистани ин тафовут бо андаке ранҷиш аз ҳукумат ё як масъули он, нисбати давлату давлатдорӣ эътироз мекунанд ва ба ҷойи дар амали он шахс ё ниҳод ҷустани масъала, бо худи давлат ва арзишҳои бунёдии он дар низоъ қарор мегиранд. Аммо, ҷониби дигари ҳамин мушкила, гоҳе мақомоти давлатӣ ба як барномаи ҳукумат назари танқидӣ доштани як шаҳрванд ва ё онро нақд кардани як доираи сиёсиро ба маънои мухолифати он бо давлат фаҳмида ё ба ин маъно шарҳ медиҳанд. Бештар аз ин, гоҳе ҳатто нақди амал ва мавқеи як аъзои ҳукумат, ё як намояндаи як вазорат «мухолифат бо давлат» шарҳ дода мешавад. Ин аст, ки гоҳе камтарин баҳс бисёр ҷиддӣ мегардад ва мо ҳамдигарро ба гуноҳҳои азиме, чун «мухолифат бо давлат», «мухолифат бо манфиатҳои миллӣ» ва баъзан ҳатто ба «душманӣ бо давлат» ва ғайра айбдор менамоем. Вале, рӯшан шудани фарқи мафҳумҳои «давлат» ва «ҳукумат» боис мешавад, ки ҳам шаҳрвандон ва ҳам ҳизбҳои сиёсӣ дар сурати танқиду рақобат мавзӯъ ва марзи рақобати худро ба хубӣ бидонанд. Яъне, бидонанд, ки новобаста аз «хуб» ё «бад» будани як ҳукумат ва ё муваффақ ё ноком будани барнома ва намояндаи алоҳидаи ҳукумат, давлат ҳамеша гиромӣ ва муқаддас буда, он камбуди ҳукумат ҳаргиз «бад» будани давлатро ифода намекунад. Ҳамзамон бо ин, нақди фаъолияти мушаххаси фаъолияти як намоядаи ҳукумат низ амали зиддидавлатӣ набуда, дар шароити давлати миллӣ маҳз мухолифат бо ҳастӣ ва усулу манфиатҳои давлат масъаласоз мебошад. Таҷрибаи таърихӣ дар кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки ҳукумат на танҳо айни давлат нест, балки гоҳе ҳизбҳои сиёсӣ аъзои ҳукумат ва ё намояндагони онро барои расонидани зиён ба давлат ва ба манфиатҳои миллӣ танқид мекунанд. Зеро, гарчи ҳифзи давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи аввали ҳукуматҳо ба ҳисоб меравад, вале он фақат вазифаи ҳукумат нест, балки он вазифаи ҳар ҳизби сиёсӣ, ҳар неруи ҷамъиятӣ ва ҳар шаҳрванди огоҳи он кишвар мебошад… *** Пас, пойгоҳу ҷойгоҳи ҳукумат чист? Ҳамзамон бо дарки мақоми олӣ, дахлнопазир ва муқаддаси давлат, набояд чунин пиндошта шавад, ки ҳукумат як мафҳуми мухолиф бо давлат аст ва дар муқоиса бо он комилан «номуқаддас» ва беарзиш аст ва метавон қудрати онро эътироф накард. Дар амал, аз назари механизми ташаккули давлату давлатдорӣ, ҳукумат низ ҳамчун органи олии иҷроияи давлат, аз мақому эътибору имтиёзҳои хоссае бархӯрдор мешавад, ки эътирофу риояи онҳо барои шаҳрвандони он кишвар ҳатмият меёбад. Ин мақоми ҳукумат, пеш аз ҳама, бар ду пояи асосии зерин устувор мебошад: 1. Пояи ҳуқуқӣ: Яъне, ҳукумат ҳамчун ниҳоди олии иҷроияи давлат, маҳз дар асоси қонунгузории давлат ташкил мешавад, дар доираи қонунҳои таъйиннамудаи давлат фаъолият мекунад ва вазифаҳоеро, ки қонунгузории давлатӣ барои ҳукумат вогузор кардааст, амалӣ менамояд. 2. Пояи амалӣ: Ҳукумат ҳамчун ниҳоди олии иҷроияи давлат, маҳз худи он давлат, ягонагию истиқлолият, манфиатҳои миллӣ давлат, фарҳангу арзишҳо ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз ва ҳимоя намуда, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии аҳолиро ҳал намуда, суботу амнияти миллӣ ва шароити муносиби рушди он давлатро фароҳам меоварад ва ё дар ин самт талош меварзад. Ҳамин тавр, вақте ҷойгоҳи як ҳукумат аз ин ду поя бархӯрдор бошад, он ҳукумати машрӯъ ё легитимии он кишвар аст. Зеро, дар амалияи давлатдорӣ машрӯият (легитимность) фақат мафҳуми сирф ҳуқуқӣ нест, балки илова бар пояи ҳуқуқӣ, бояд ҷанбаи амалӣ низ дошта бошад. Яъне, машрӯъияти сиёсии як ҳукумат аз ҳамзамон ҷамъ шудани ду унсур–қонунӣ будани раванди ташаккулёбии ҳукумат (1) ва дар фаъолияти он ифода шудани таъйиноти қонунгузории давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ (2) иборат мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, вақте ҳукумат аз ин ду пояи устувори машрӯъият бархӯрдор мешавад, он ҳамчун органи олии иҷроияи давлат яке аз муҳимтарин ниҳодҳои давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, маҳз дар доираи қонуни таъйиннамудаи давлат ба намояндагӣ аз давлат амал мекунад. Фалсафаи ба ихтиёри ҳукумат вогузор шудани имкониятҳои моддию идорию қудратии давлат маҳз дар ҳамин аст ва фалсафаи аз тарафи шаҳрвандон итоат ва риоят шудани муқаррароти ҳукумат ва эътирофи ҳукми ҳукумат низ маҳз дар ҳамин аст. Яъне, ҳукумати машрӯъ на ба хотири он, ки қудратро дар ихтиёр дорад ва аз назари физикӣ бартар аст, балки ба хотири он, ки он як мақоми олии иҷроияи давлат буда, ба намояндагӣ аз давлат амал мекунад, аз сӯйи шаҳрвандони он давлат эътироф ва итоат карда мешавад. Пас, то замоне, ки як ҳукумат бар пояи қонунҳои давлат амал мекунад ва то замоне, ки амали он манфиатҳои давлат ва мардумро ифода мекунад, эҳтиром ва итоати талаботи қонунии он барои шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. Ба ин восита, дар партави муқаддас будани давлат, ҳукумат то замони берун набудан аз ин доира, ҳамчун намояндаи иҷроияи давлат навъе эътибори ҳатмӣ касб мекунад. Яъне, «муқаддасии ҳукумат» ҳамчун муқаддасии давлат як сифати моҳиятии он набуда, балки муқаддасии ҳукумат вобаста ба машрӯияти он, вобаста ба муносибати он ба манфиатҳои миллӣ, вобаста ба барнома, амал ва натиҷаи кори он ҳукумат дар самти ҳифзу таъмини рушди давлат ва хидматгузорӣ ба шаҳрвандони он аст. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки пас марзи танқид ва марзи мухолифат бо ҳукумат ва аз барномаҳои ҳукумат низ бисёр мушаххас аст. Агар шаҳрванд, ҳизб ё неруи сиёсие ҳукуматро маҳз ба хотири он мавриди интиқод ва заифсозӣ қарор дода бошад, ки «ту бирав, то ба ҷоят ман соҳиби қудрат бошам», ин як мантиқи солими фаъолият ва рақобати сиёсӣ нест. Вале, агар шаҳрванд, ҳизб ва ё неруи сиёсие як ҳукуматро маҳз ба хотири халалдор шудани яке аз ду пояҳои зикршудаи машрӯияти он мавриди танқид қарор диҳад, он танқиди дуруст ва машрӯъ аст. Яъне, агар як ҳукумате ба хотири аз доираи қонунгузории давлат берун рафтани аъзо ё намояндагони он ва ё барои бар хилофи манфиатҳои пазируфтаи давлатӣ ва миллӣ, бар хилофи арзишҳои усулии миллат, бар хилофи ҳуқуқҳои шаҳрвандон амал кардани аъзои он ва ё ба хотири аз сӯйи он ҳукумат ҳал нашудани масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мардум ва дуруст ироа нашудани хадамоти муайяннамудаи қонунгузории давлатӣ ва ғайра аз тарафи шаҳрвандон ё неруҳои сиёсӣ танқид шавад, он танқид машрӯъ ва табиист. Маҳз будани ҳамин гуна нигоҳ ва ҳамин гуна танқиди солим дар ҷомеа метавонад ҳам ҳукуматро ҳушёру такмил кунад ва ҳам манфиатҳои давлатӣ ва давлатдории миллиро ҳифз намояд. Ва агар ин масъаларо ҷамъбаст намоем, метавон гуфт, ки давлат марзи муқаддас ва ҳастии он арзиши муҳокиманопазир аст, вале ҳукумат ниҳоди идорист ва аъзои он тағйирпазиранд. Аз ин рӯ, зиддият бо давлат ва манфиатҳои давлатию миллӣ барои шаҳрванди он давлат норавост, вале нақди солими барнома ё намояндаи ҳукумат дар ҷомеаи демократӣ як амале маъмулист. Дар асри давлатҳои миллӣ, ҳифзу ҳимояти давлат, миллат ва ватан дар ҳар сурат арзиш аст ва дар ҳар ҳолат ҳатмист, вале дӯст доштани ҳукумат ва ё маҳбубияти аъзои он ба мавқеи онҳо, ба барномаю фаъолияти онҳо, ба салоҳияти онҳо ва ба натиҷаи амалии кори онҳо дар ростои манфиатҳои давлат ва миллат вобаста мебошад. Дар айни замон, ҳамчун марзи муқаддас ва хатти сурх эътироф ва эҳтиром намудани худи давлат ва манфиатҳои он барои ҳамаи шаҳрвандон ва хусусан, барои ширкатдорони фазои сиёсию иттилоотӣ ва неруҳои сиёсӣ зарур аст. Дар ин ҳолат, яке аз муҳимтарин меъёрҳои дурустии мавқеи шахс ё неруи сиёсӣ маҳз ҳамин аст, ки он мавқеъ то куҷо ба устуворӣ ва манфиатҳои давлат созгор буда, то куҷо ба ин арзишҳо таҳдид меофарад. Дар шароити давлати миллӣ меъёри ҳаққи фаъолияти расмии сиёсӣ ва меъёри ҳуқуқи ҳузури машрӯъ дар фазои ҷамъяӣ низ маҳз ҳамин мебошад. *** Ҳамин тавр, баррасии масъала нишон медиҳад, ки «давлат» ҳам дар назария ва ҳам дар воқеияти сиёсӣ мафҳуму падидаи басе васеътар ва бунёдитар аз «ҳукумат» буда, он дар асл зарф ва низоми нигоҳдорандаи миллат, таъминкунандаи рушду бақои он ва кафолатдиҳандаи амнияту манфиатҳои афроди он мебошад. Ин аст, ки давлат ҳамчун ифодаи арзишҳои олӣ ва манфиати умумии миллат, на танҳо нуктаи пайвасти ҳамагонӣ ва меҳвари такягоҳи миллӣ, балки ҳамчунин, хатти сурх ва марзи муқаддаси андеша ва фаъолияти ҷамъиятию сиёсии фард ва гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Дар дидгоҳи давлатмеҳвар мафҳуми «давлат» маҳз ба ҳамин маънои бунёдӣ ва фарогири он корбурд ёфтааст. Дар ин хусус, Устод Бурҳониддин Раббонӣ – раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон чунин гуфтааст: «… Вазифаи таърихии тамоми неруҳо дар Тоҷикистон ин аст, ки давлат ва вазъияти мавҷударо ҳифз кунанд. Доштани давлат ба унвони як бистар масъалаи бисёр асосист, ҳамаи неруҳо ва ҳамаи мардум бояд донанд, ки имрӯз ҳифзи давлат асл аст. Аввал давлат, аввал ҳифзи давлат, баъд аз он идеоложиҳо, тарҳҳо ва ҳадафҳои дигар. Дигар ин ки барои ҳама дар Тоҷикистон имрӯз ҳифзи амният зарур аст. Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки амниятро ҳамчун як ваҷибаи динӣ ва вазифаи шаръии худ ҳифз кунанд…». Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси сиёсӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.