Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАРҲАНГИ СИЁСӢ ДАР РАВАНДИ ИНТИХОБОТ

ФАРҲАНГИ СИЁСӢ ДАР РАВАНДИ ИНТИХОБОТ

28-02-2020, 09:00
Хабарро хонданд: 674 нафар
Назарҳо: 0
ФАРҲАНГИ СИЁСӢ ДАР РАВАНДИ ИНТИХОБОТ
Омили муайянкунандаи хусусияти иштироки сиёсии шаҳрвандон дар раванди интихобот ин сатҳи фарҳанги сиёсӣмебошад. Омӯзиши фарҳанги сиёсии ҷомеа имконият медиҳад, ки мафҳуми падидаи ҳаёти сиёсӣ, ки табиати онро бо роҳи таҳлили таркиб ва вазифаҳои ниҳодҳои сиёсӣ, моҳияти равандҳои сиёсӣ, конститутсия ва қонунҳо ошкор кардан номумкин аст, дарк карда шавад.
Фарҳанги сиёсӣдар рафтори сиёсии шаҳрвандон, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, таъсири мутақобилаи онҳо бо ҳамдигар ва шаҳрвандон зоҳир мегардад.
Фарҳанги сиёсӣ яке аз унсурҳои асосии таркибии иқтидори маънавии ҷомеа мебошад. Он моҳияти низоми иҷтимоӣ-сиёсиро ифода намуда, «қоидаҳои бозӣ»-ро дар сиёсат, арзишҳои асосии сиёсӣ ва мақсадҳои иҷтимоиро муайян мекунад. Бе фарҳанги сиёсӣ дар бораи одам ҳамчун як шахсияти муҳими иҷтимоӣсухан гуфтан имконнопазир аст. Вай гуногуншаклии ҳаёти сиёсиро инъикос намуда, ба мақоми иҷтимоии шаҳрванд таъсири ҳалкунанда мерасонад.

Демократия ҳамчун як низоми сиёсӣ ва шакли идоракунӣ дар ҷаҳони муосир хосияти бебозгашт мегирад. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳуриҳо мустақил гашт. Истиқлолият дар шароити нав донишҳои қавӣ ва амиқро дар соҳаи идоракунии давлат талаб мекард. Мутаассифона, ба даст овардани истиқлолият назар ба таҳкими он осонтар буд, чунки марҳалаи аввали ташаккули соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон бо мухолифатҳои мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ сурат мегирифт.
Ҷаҳонбинии маҳдуди сиёсиро, ки дар ҷомеа ба мушоҳида мерасид, метавон ҳамчун натиҷаи бегонашавии солҳои тӯлонии мардум аз ҳокимият дида баромад. Маълум аст, ки тоталитаризм ба шахс барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ имконият намедиҳад. Хусусияти хоси тоталитаризм, ки сиёсат –ин кори халқ нест, ба он мусоидат намуд, ки шаҳрванд мавқеи худро, ки Арасту гуфта буд- «...инсон табиатан мавҷудоти сиёсие мебошад, ки ҳатто нафароне, ки ба ягон чиз эҳтиёҷ надоранд, кӯшиши якҷоя истиқомат карданро доранд»,гум кард.
Сабаби дигари ғайрифаъол будани шаҳрвандон ва бегонашавӣ бо ҳокимият дар мавҷудияти монизми идеологӣ дар фаъолияти низоми яккаҳизбият, ки барои мардум интихоб намемонд, мебошад. Монизми идеологӣ аз тарафи ҳизби роҳбарикунанда, ки ба фиреби шуури оммавӣ машғул буд, онро ҳамчун идеологияи бенуқсон нишон медод. Ин ба он мусоидат кард, ки «Халқ дар ҳақиқат аз ҳокимият ҷудо буда, бовар мекарданд, ки ҳокимият манфиатҳои онҳоро нисбат ба худи ӯ метавонад амиқ ва пурра баён намояд».
Навъи рафтори худнамоишдиҳии (намоишкоронаи) иштирокчиёни равандҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1991-1992 бо эҳсосот, таҳаммулнопазирӣ, импулсивӣ, ки мухолифатро бештар мекарданд, ҷонибҳои мухолифро монда карда, низоъро кашол медоданд, чунки тарафҳо зери таъсири ниятҳои кӯтоҳмуддат қарор дошта, мақсади ниҳоии худронадоштанд.
Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки хусусияти хоси равандҳои сиёсии нимсолаи аввали солҳои 90-ум дар Тоҷикистон «тамоюли ҷалби умумӣ ба сиёсат» гашт. Аз як тараф ҷалбшавии умумӣ - ин як омили мусбие мебошад, ки ба фаъолнокии шахс, шаффофияти сиёсат ва дараҷаи демократикунонии ҷомеа мусоидат менамояд. Вале аз тарафи дигар, дар ҷомеае, ки таъсири омилҳои беруна сахт буда, арзишҳое мавҷуд набуданд, ки дар шароити нав моҳияти онҳоро инъикос карда тавонад, нишонаҳои фарҳанги сиёсии демократӣ вуҷуд надорад, ҷалби умумӣ метавонад оқибатҳои манфӣ дошта бошад.
Модели хоси тоталитарӣ-авторитарии фарҳанги сиёсии Тоҷикистон дар он марҳала бо афзалиятнокии асосҳои коллективӣ фарқ мекард. Тафаккури сиёсӣ ва арзишҳои ҷомеа дар маҷмӯъ ташаккул меёфтанд. Иттилооти сиёсӣ дар ҷомеа хусусияти маҳдуд кардашуда ва қолабӣ дошт.
Ташаккули арзишҳои фарҳанги нави сиёсӣ дар шароити шадиди фаъолнокии сиёсӣба амал меомад. Аммо, ин фаъолнокӣ заминаи мустаҳкам надошт, ки ба вай такя карда, бо боварии комил талаботҳои демократӣ пешниҳод карда шаванд. Фарҳанги сиёсии мавҷудбуда якпорчагӣ ва муттаҳидии ҷомеаро таъмин карда наметавонист, чунки аз таъсири арзишҳои он аз тарафи аҳли ҷомеа истифода намешуд. Аллакай то ин вақт арзишҳои дигар ба фаро гирифтани шуури гуруҳҳӣ оғоз карданд.
Пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, имрӯз оқибатҳои муҳимтарин давраҳои мураккаби таърихиро паси сар кард. Аз нуқтаи назари пешрафти умумиҷаҳонӣ таъсиси истиқлолияти ҷумҳурӣ як саҳифаи нави «ҳуввияти миллӣ» барои миллати тоҷик гашт. Зеро муносибатҳои байналмилалӣ васеъ гашта, зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон онро ҳамчун як давлати мустақил эътироф карда, он узви комилҳуқуқи Созмони Миллалӣ Муттаҳид гашта, имконияти рушди мустақилонаи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар тамоми соҳаҳои маънавӣ ва моддии ҳаёт, аз ҷумла асоси фарҳанги сиёсии ҷомеаи соҳибихтиёр шуд.
Дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон марҳалаи ташаккулёбии системаи муосир ва фарҳанги нави сиёсӣ аз соли 2000-ум оғоз ёфтааст. Чунки баъд аз баргузор шудани райъпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон (санаи 26-уми сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003, 22 майи соли 2016), заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои бозсозии сохти давлатдорӣ гузошта шуд. Баргузор шудани райъпурсӣ ва қабул шудани тағийру иловаҳо аз як тараф аз он шаҳодат медод, ки сокинони кишвар зарурати ворид кардани дигаргуниҳоро саривақт дарк карданд, аз тарафи дигар шаҳодат аз он медод, ки дар ҷомеа меъёру арзишҳои нав пайдо шуданд. Ин ду омил дар навбати худ барои ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлолмусоидат мекард.
Таъсис додани парламенти касбии иборат аз ду палатаи намояндагон қадами қатъие буд барои бунёди давлати демократӣ. Яке аз талаботи давлати демократӣ мавҷудияти шохаҳои мустақили ҳокимият ва таъмини плюрализми сиёсӣ дар ҷомеа мебошад. Плюрализми сиёсӣ бошад аз талаб ва дархости сиёсии шаҳрвандон ба воситаи интихобот маншаъ мегирад.
Бояд қайд намуд, ки бисёрҳизбӣ ифодакунандаи манфиат ва мавқеи мухталифи аъзои ҷомеа мебошад. Азҳоби сиёсӣ ифодакунандаи ормонҳои сиёсии омма мебошанд. Натиҷаи интихобот баёнгари дар миёни интихобкунандагон чӣқадар маҳбубият доштани ин ё он нерӯи сиёсӣ мебошад. Маҳбубият доштан ва ё надоштани ин ё он ҳизби сиёсӣ пеш аз ҳама аз барномаи ҳизб, аз шахсияте, ки ҳизбро роҳбарӣ мекунад, аз фаъолияти пешвоён ва фаъолони ҳизб, ки дар миёни интихобкунандагон ва ҷонибдорони ҳизб кор мебаранд, вобастагӣ дорад.
Таҳлил ва тадқиқоти натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар давраи солҳои 2000-2015 тадриҷан ва босубот рушд гирифтану такомул ёфтани як қатор азҳоб ва дар баробари ҳамин торафт кам шудани нуфуз, маҳбубият ва шумораи аъзои азҳоби дигарро баён месозад. Интихобот оинаест, ки потенсиали мавҷуда ва имконияти воқеии ҳар як ҳизбро инъикос мекунад.
Дар интихоботи соли 2000-ум шаш ҳизби сиёсӣ барои роҳ ёфтан ба парлумони касбӣмубориза бурда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба гирифтани 36 курсӣ, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба гирифтани 13 курсӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ба гирифтани 2 курсӣ дар парлумони мамлакат муваффақ шуданд.
Дар интихоботи соли 2005-ум тағйироти ҷиддӣ дар электорати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба амал омад: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба гирифтани 49 курсӣ, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба гирифтани 4 курсӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ба гирифтани 2 курсӣба парлумони кишвар роҳ ёфтанд.
Баъдан интихоботи парлумонии соли 2010 баргузор гардид, ки он низ натиҷаҳои фарқкунанда дошт. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба гирифтани 55 курсӣ, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба гирифтани 2 курсӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ба гирифтани 2 курсӣ дар парлумоникишваришғолнамуданд.
Дар интихоботи соли 2015 8 азҳоби сиёсии расман ба қайд гирифташуда иштирок карданд. Барои ишғоли 63 мандати депутатӣ 285 номзад номнавис шуданд, ки аз ин ҳисоб 30 нафарро занон ташкил медоданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 65,4%, Ҳизби аграрии Тоҷикистон - 11,7%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 7,5% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 5,5% овози интихобкунандагонро ба даст оварда, бо намояндагони худ дар парлумон роҳёфтанд.
Гарчанде Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои КМИР (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ) ба ҳамаи азҳоби сиёсӣ дар гузаронидани корҳои ташвиқотии пешазинтихоботӣ бо истифода аз телевизион ва дигар Васоити ахбориомма шароити якхела муҳайё намуда буд, аммо дигар ҳизбҳои сиёсӣ натавонистанд садди 5 фоизаро гузаранд.
Ҳамаи ин шаҳодат аз он аст, ки дар давоми 10-15 соли охир на танҳо фарҳанги сиёсии интихобот дар мамлакат ба таҳаввулоти ҷиддӣ дучор шудааст, ҳамчунин афкори ҷамъиятии интихоботкунандагон низ дигар шуд. Акнун интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро на аз рӯи ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар асоси барномаи азҳоби сиёсии фаъол, ҳизби ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат интихоб мекунанд.
1 марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими сиёсӣ - интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Вобаста ба ин, 5 феврали соли 2020, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) дар доираи мӯҳлатҳои дар моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинишуда пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи 7 ҳизби сиёсии расман ба қайд гирифташуда, рӯйхати номзадҳоро ба қайд гирифт.
Дар байни онҳо - аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 нафар, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 5 нафар, Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон - 26 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 7 нафар, Ҳизби демократии Тоҷикистон - 4 нафар, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон - 5 ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон - 5 нафар.
Бо фарқият аз интихоботи марҳалаҳои пешин, занон дар маъракаи сиёсӣҳамчун номзад ба вакилӣ иштирок хоҳанд кард, ки ин мавқеи фаъоли сиёсии онҳоро нишон медиҳад. Дар айни замон, шумораи занҳои номзадҳои ба қайд гирифташуда: аз ҳавзаҳои якмандатӣ - 28 нафар, тибқи рӯйхати ҳизбӣ - 21 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба интихоботи парлумонии солҳои 2010 ва 2015 якчанд маротиба зиёд аст.
Ҳамин тариқ, дар баррасии масъалаи иштироки сиёсӣ ва фарҳанги сиёсии ҷомеаи тоҷик метавон чунин хулосабарорӣ намуд:
- Марҳалаи муосири рушди ҷомеа, ташаккули арзишҳо ва муносибатҳои нав, тадриҷан самти умумии рушди фарҳанги сиёсии ҷомеаро тағйир медиҳад;
- Таҷрибаи танзими низои дохилӣ дар Тоҷикистон аз ташаккули шакли нави фарҳанги сиёсӣ- фарҳанги сулҳофарӣ шаҳодат медиҳад, ки ба ризоият ва гузашти мутақобила ба хушунат ва усулҳои ҳаллу фасли ихтилофот бо роҳи зӯроварӣ, афзалиятнок дониста шавад;
- Нишондиҳандаи меъёри хурдтарини фарҳанги сиёсӣ– иштирок дар раванди интихобот, дарки ҳамаҷонибаи ваколати ҳокимиятро, ки инъикоси иродаи шаҳрвандон дар ҷараёни интихоботҳои қонунии рақобатнок ва даврӣ гузаронида мешавад, дар бар мегирад ;
- Рушди арзишҳои демократӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии иштирок дар раванди интихобот – унсури муҳими муосири сиёсати давлатӣ, тағйироти иҷтимоӣ дар ин соҳа мебошад.

Маҳбуба Камолова,
Сармуҳаррири рӯзномаи
«Народная газета»
Номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: