Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд

23-02-2021, 09:30
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, бо мулоқоти корӣ пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карданд.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки то ба имрӯз миёни кишварҳои мо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон бо ин Пешвои миллат зарурати татбиқи ҳамаҷонибаи санади дар соҳаи амниятӣ баимзорасидаро, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байни мақомоти умури дохилии ду кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст, бахусус таъкид карданд.

Вобаста ба ин Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои умдаи шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар пасманзари пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти бӯҳронӣ шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ низ, ки бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷиддан таҳдид мекунад, мавриди баррасӣ қарор дошт.

Дар ин зимн ҷонибҳо нисбати иқдомҳои амалии ҳукуматҳои ду кишвар ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: