
25 январи 2020 дар Теҳрон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии исломии Эрон Алиасғар Мунисон баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи hamsafon.tj дар такя бо иттиллоъи сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ муҳокима намуданд. Фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳо дар ин соҳаҳо, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ҳар ду тараф, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ва тавсеаи гардишгарӣ аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои зикршуда таъкид карданд.