Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

30-12-2020, 17:20
Хабарро хонданд: 605 нафар
Назарҳо: 0
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД
Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат, дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву хайрхоҳонаи роҳбарияти олии ҳизб, ба аёдати пирони рўзгордида, шахсони яккаву танҳо ва ҷавонону наврасони дорои маъюбият рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуда ва ба қадри имкон ба эшон дасти мадад дароз менамоянд, ки чунин амали неки ҳизбиён боиси хушҳолии афроди ниёзманд мегардад.
Гарчанде имсол бо сабаби бемории ҳамагири коронавирус ҷашни Соли нави мелодӣ дар кишвар ба таври густурда таҷлил нагардад ҳам, аммо масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ афроди ниёзмандро фаромуш накарда, дар якҷоягӣ бо дигар аъзо ва ҷонибдорони саховатпешаи ҲХДТ ба аёдати афроди ниёзманд шитофтанд.
Чунин ташаббусу иқдомҳои неку созандаи ҳизбиён бо ҷалби фаъолони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад, ки фишурдае аз иқдомҳои солинавии ҳизбиёнро манзури хонандагон мегардонем.

КЎЛОБ
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

НИЁЗМАНДОН АЗ ДАСТГИРИИ ВАКИЛИ ҲИЗБӢ БАРХЎРДОР ГАРДИДАНД
Дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд аз амалҳои хайру савоб буда, яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ маҳсуб меёбад.
Бояд зикр намуд, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд. Бо мақсади анҷом додани амали хайриявӣ аз ҷониби вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кўлоб, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Саидов Мирзоалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ 10 нафар ниёзмандон аз маҳаллаи Суғдиёнишаҳри Кўлоб аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Аз ин иқдоми хайрхоҳона аёдатшудагон болидаруҳ гардида, ба шахсони саховатпеша миннатдории хешро баён намуданд.

Бохтар

АЁДАТИ ПИРОН
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Дар арафаи Соли нави мелодӣ роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати чанд нафар пирони рўзгордида, шахсони яккаву танҳо ва ҷавонону наврасони дорои маъюбият рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуда, зимнан ба эшон кумаки яквақтаина расонида шуд.
Ёдрас мешавем, ки зимни роҳандозӣ намудани ин иқдоми хайр, мудири шуъбаи мораифи шаҳри Бохтар Шарипова Ш., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳизода Н., узви гурўҳи вакилӣ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Иргашева С. ва Бақоев С. иштирок намуданд.

Ҷ.БАЛХӢ

ИҚДОМИ СОЛИНАВИИ ҲИЗБИЁН
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар арафаи Соли нави мелодӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати 3 оилаи ниёзманди ҷомеа рафта, ба онҳо кумакҳои моддии яквақтаинаи ғизоӣ расониданд.
Дар ин ташаббус Ҳакимҷон Ишмуродов, мудири шуъбаи таблиғотватаҳлили Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, Маҳмадалӣ Акрамов, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» ва Маҳмасаид Абдулҳаев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок доштанд.
Аъзои оилаҳои ниёзманд аз ин иқдоми наҷиби ҳизбиён рўҳбаланд гардида, ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Кӯшониён

ИҚДОМИ НЕКИ ҲИЗБИЁН
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси ноҳияи Кўшониён Вализода Икромиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кўшониён Мунаввара Абдусаломзода ба аёдати собиқадорони меҳнат ва ниёзмандон рафта, ба эшон кумаки яквақтаинаи моддӣ расониданд.Собиқадорони меҳнат ва ниёзмандон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри осоиш ва гулгулшукуфоии ин сарзамини биҳиштосо дасти дуо кушоданд. Дар ин бора, аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар ҳузури эшон, аз ҷумла гуфт, ки пирони рўзгордида, ятимону бепарасторон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд: “Имрўз мо баҳри болидарўҳӣ ва ошно шудан ба вазъи саломатӣ ва зиндагии шумо ба наздатон омадем. Он корҳое, кишумобаҳрирушдидавлатумиллаткардаедбесамарнахоҳад буд.Шумоҳамешамавридитаваҷҷуҳимоҳизбиёнқарордоред”,-гуфтМиралиёнҚиёмиддинАбдусалимзода.

ВАХШ

ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодии 2021 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, С. Мўсозода ҷиҳати дасти сахо дароз намудан ба ятимону бечорагон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳия кумаки моддӣ расонида шуд.
Дар ин рўз кормандон ва тарбиятгирандагони мактаб-интенрат барои дастгириву ғамхориҳои беназири шахси ватандўсту худогоҳ болидахотир гашта, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони саховатпеша изҳор доштанд.

Хуҷанд
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД
АЁДАТИ ҶАШНӢ


Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи Соли нави милодӣраиси КИ ҲХДТ дар вилояти СуғдИсмоилзодаЗуфарМуртазохонҳамроҳи кормандон, собиқадорони ҳизбу меҳнат собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, собиқадори меҳнат Холиқова Муқаддам, шаҳрванди фахрии ноҳияи Б. ҒафуровСангиноваТўхтанисо, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Бузрукова Мукаррамаро аёдат намуданд.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон аёдатшудагонро бо соли нави милодӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар рафти мулоқот собиқадорон аз ин иқдом шод гардида, барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ миннатдории хешро, пеш аз ҳама, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдизҳор намуданд. Барои фаъолияти минбаъдаи ҳизб муваффақияту комёбиҳо таманно намуданд.
Арҷ гузоштан ба меҳнату заҳмати собиқадорони ҳизбу меҳнат дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, чунин иқдомҳо аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, вакилон вааъзоёнифаъолиҳизбӣ пайваста роҳандозӣ мегардад.

Конибодом
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

КУМАК БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ


Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси КИ ҲҲДТ дар вилояти СуғдИсмоилзода Зуфар Муртазохон тарибиятгирандагони Мактаб-интернати санатории №40 воқеъ дар шаҳри Конибодомро аёдат намуда,ба онҳо маводҳои хўрока аз қабили орд, макарон, равган, сабзӣ, пиёз ва шириниҳо тақдим намуд.
Боядзикрнамуд, киМактаб-интернати санатории №40 воқеъ дар шаҳри Конибодом соли 1970 барои 250-нафар тарбиятгиранда таъсис дода шуд. Имрўзҳо дар мактаб 90-нафар (34-нафар духтарон, 56-нафар писарон) таҳсилнамуда ба онҳо 22-нафар омўзгорон дарс меомўзонанд ва 24-нафар кормандони хоҷагӣ, тарбиятгирандагонро парасторӣ менамоянд.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкурро бо соли нави милодӣтабрик намуда аз онҳо даъват намуд, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода, дар оянда шахси соҳибмаълумоту донишманд ба воя расанд ва дар ободониву пешрафти Тоҷикистон саҳми хешро гузоранд.

Исмоили Сомонӣ

ТЎҲФАИ СОНИНАВӣ БА ЯТИМОН
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии хайриявии идона баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Руқия Амробекова, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, Насим Ҳомидзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Ҷўрахонзода Ҷумахон, муовини роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ширкат варзиданд. Онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия рафта, зиёда аз 30 адад туҳфаҳои идона ба ятимони кул дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ тақдим намуданд.
Ғайр аз ин, феълан дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чунин маъракаҳои хайриявии идона идома ёфта истодаанд, ки аксарияти онҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб роҳандозӣ шуда истодааст.

Шоҳмансур

САХӢ ДАР ҲАРДУ ОЛАМ САРБАЛАНД АСТ
НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳидоятҳои инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт,ҳамроҳ бо шахсони саховатпеша, дар арафаи Соли нави мелодии 2021 ба аёдати шахсони маъюбиятдошта ва ятимону оилаҳои ниёзманд рафтанд.
Дар доираи иқдоми солинавии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба як нафар маъюби гурўҳи якуми сокини маҳаллаи Бўстон-1 аробачаи маъюбӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
Ҳамзамон, ба 46 нафар кўдакони Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе туҳфаҳои солинавӣ ҳадя карданд.
Инчунин, дар доираи ин иқдом,аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикагролизинг” ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Карим Иброҳим ба 22 нафар шахсони ниёзманди ноҳия ба миқдори 300 сомонӣ маблағватуҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.
Зимни роҳандозии иқдоми мазкур Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Гулаҳмадзода Зулфиқор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, аёдатшудагонро бо Соли нави мелодӣ табрик намуданд.

Таҳияи Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: