Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАСОИЛИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ДАРКИ ДУРӮСТИ ОН

МАСОИЛИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ДАРКИ ДУРӮСТИ ОН

17-12-2020, 10:06
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
МАСОИЛИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ДАРКИ ДУРӮСТИ ОН
Имрӯз масъалаи энергетика яке аз соҳаҳои муҳимми фаъорияти давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, зерои назари хоссаи Президенти кишвар қарор гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт андешаҳои гуногун вуҷуд дорад, ки ҳар яке онҳо таҳлилҳои амиқи илмиро талаб дорад. Масъалае, ки зери таваҷҷуҳи мо қарор гирифт ин лимити қувваи барқ ва масъалаҳои энергетикаи кишвар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз аҳолии дунё, ва аз ҷумла Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш қарор дорад ва илова бар ин рӯз то рӯз асбобҳои гуногнуи барқӣ барои рӯзгор ва дигар корҳои маишӣ сохта ва ба истоифодаи умум гузошта мешаванд. Ҳар яке онҳо миқдори муайяни қувваи барқро талаб мекунанд, ки истифодаи онҳо ба сатҳи маърифатнокии мо вобаста аст. Яъне дуруст дарки масъала ва хуб ба роҳ мондани ашиёи қувваи барқ талабкунанда аз маърифати баланди мо вобаста аст. Агар ба чашми хирад ва жарфтар ба ин масъала назар афканем, ки имрӯз ҳукумати кишвар ба ин масъала ва ё рушди энергетикаи кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардааст.
Масалан, дар самти соҳаи энергетика Пешвои миллат таъкид гардид, ки (2019): «Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем. Соли 2019 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» бо маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳаҳо дар неругоҳи «Сарбанд» бо маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад.
Имрӯз корҳо барои оғозӣ бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо суръат идома дорад».
Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки дар ду соли сипаригардида дар кишвар ба истифодадиҳии ду агрегати НБО-ии Роғун дастёб шудааем. Соҳаи энергетика ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат қарор дошта, зина ба зина вобаста аз имкониятҳои дохилию хориҷӣ барномаҳои нави энергетикӣ амалӣ шуда истодааст. Инчунин, ба истифодадиҳии агрегатҳои неругоҳҳои хурду бузург дар минтақаҳои дурдасти кишвар мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст, ки дар амалишавии ҳадафи стратегии кишвар - истиқлоияти энергетикӣ ҳиссагузор мебошанд. Танҳо аз мардум фарҳанги сарфакорона истифодашавии неруи барқи истеҳсолшуда талаб карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре аст, ки иқтидорҳои обии зиёд дорад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар сурати ба пуррагӣ ба кор даромадани НБО-и «Роғун» кишвари мо ба қатори се кишвари аввали истеҳсолкунандаи неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза («энергияи сабз») дар олам шинохта мешавад. Воқеан, ҳамин хел бояд бошад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре аст, ки дар саргаҳи ин иқтидорҳо қарор дорад.
Бояд гуфт, ки дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат дар ин самт зиёд аст ва ҳама баҳри ободию оромии кишвар аст. Мо бояд то арафаи ҷашни умумимилии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ободкорӣ ва созандагиро вазифаи авалиндараҷаи худ дониста, барои ободу зебогии кишвари азизамон Тоҷикистон меҳнат намоем.
Умед дорем, ки мардуми кишвар бо дарки масъала ва бо маърифати баланди инсонӣ мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаро дуруст фаҳмида, ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, рушд намудани соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, баҳри беҳтар намудани буҷаи оилаи худ аҳлона заҳмат менкашанд.
М.Т.Ғайратов,
устодони факултети геология

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: