Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲОМИИ МАНФИАТҲОИ МАРДУМ

ҲОМИИ МАНФИАТҲОИ МАРДУМ

9-12-2020, 15:42
Хабарро хонданд: 380 нафар
Назарҳо: 0
ҲОМИИ МАНФИАТҲОИ МАРДУМ
Аз таърихи гузаштаи на чандон дурр ба мо маълум аст, ки Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар даврае по ба арсаи ҳастӣ гузошт, ки ҷомеаро буҳрони азими иқтисодию сиёсӣ фаро гирифта буд. Баъди солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, дар ҷомеаи ҳамонвақтаи мо ҳизбу созмонҳои таъсис ёфта буданд, ки мақсади асосиашон аз тариқи паҳн кардани ақоиди иртиҷоӣ ва тарс додани мардум ба сари қудрат омадан буд. Байни онҳо якдигарнофаҳмӣ ва оштинопазирӣ ба назар мерасид ва маҳз ҳамин хушунату муқобилистиҳо ҷомеаро оқибат ба вартаи ҷангу хун кашид.
Ҷанги шаҳравндӣ агар аз як тараф ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёде оварда башанд, аз ҷонибидигарназари мардумро ба ҳаракатҳоисиёсӣ ва ҳизбусозмонҳотаѓйирдоданд. Лидерони сиёсӣ назару андеша ва ҷаҳоншиносии маҳдуди худро дар доираи барномаҳои ҳизбу харакатҳои мухталиф тарҳрезӣ намуда, мехостанд ба мардум иҷборан таҳмил намоянд.Ин амал баракс дар ҷомеа тухми низоъ ва тафриқаро мекишт. Ана дар ҳамон давараи сарнавиштсоз зарурати таъсис додани ҳизбепешомад, кисирф мардумӣбошад, назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеаро фаро гирадва мардумро ба ҳамовардатавонад. Боҳамин мақсаду мароми нек 26 сол қабл Ҳизби Халқии Тоҷикстон таъсис дода шуд, ки ташаббускори асосӣ ва бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Соли 1998 дар Анҷумани 4-уми ҳизб, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи ҳизб вожаи “демократӣ” ҳамроҳ карда шуд ва ҳизби мо “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ном гирифт ва дар ҳамон ҷаласа Сарвари давлат роҳбарии ҳизбро ба ӯҳда гирифтанд. Баъди Анҷумани 4 –умиҳизб фаъолияти он комилан таѓйир ёфт. Эътимоди мардум нисбат ба ҳизб хеле зиёд шуда, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ҲХДТ ба боварии мардум ноил шуд ва дар байни мардум маҳбубият пайдо кард. Яке аз омилҳои асосии дар байни халқ маҳбубият пайдо кардани ҲХДТ пеш аз ҳама мардумӣ будани он аст. Қабл аз ҳама ҳизби мо ҳомии манфиатҳои мардум аст, наманофеи қишрҳои алоҳидаи ҷомеаро ҳифз мекунад.
Ҳизби Халки Демократии Тоҷикстон нахустин ҳаракатисиёсиимиллӣдароѓози давраи истиқлолият дониста мешавад ва чун рамзи озодию демократия, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои халқ, Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини ягонагию тамомияти арзии кишвар таъсис дода шудааст. Ҳамаииназоншаҳодатмедиҳад, ки дар ҳизби мо ваҳдати миллӣ манзалати махсус дорад ва он ҳамчун омили ваҳдатсоз, давлатсоз ва ҳамчун омили сиёсатсоз минбаъд фаоъолият намуда, барои нигоҳдории сулҳу субот дар Тоҷикистон, мустаҳкам кардани давлати миллии тоҷикон хизмат менамояд.
Сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи ҷаҳонии давлатдориву ҷомеасозӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфт ва дар роҳи фаъолияти зиёда аз чорякасраи худ зинаҳои нав ба нави тавсеаёбиву такмилро паймуд.
Обрӯ ва эътибори ҳизби мо пеш аз ҳама дар натиҷаи татбиқи иқдоми созанда ба хотири осудагии рӯзгори мардуми кишвар буда, аз сиёсати дурбинона ва оқилонаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Ин ҳизби созандаву бунёдкор ҳанӯз зимни қабули аввалин барномаи хеш эълон намуд, ки ҳадафи вай тибқи Оиннома, иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон аст.
Дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ ормонҳои халқ ва принсипҳои бунёдии демократияқарор гирифтаанд, чунки он маҳсули тафаккуру эъҷоди Пешвои миллат ва халқи тамаддунофари мо маҳсуб мешавад.
26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба кулли ҳамсафон муборак бошад!



Қосим Раҳбар- собиқадори ҲХДТ




























Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: