Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Беҳтаринҳо ҷоиза гирифтанд

Беҳтаринҳо ҷоиза гирифтанд

12-12-2019, 13:27
Хабарро хонданд: 41 нафар
Назарҳо: 0
 Беҳтаринҳо ҷоиза гирифтанд

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни «Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ» бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин маросим, ки 4 декабр дар Театри опера вабалети ба номи Садриддин Айнӣдоир шуд, муовини РаисиҲХДТ Раъно Бобоҷониён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия ва дигар сохторҳои ҳизбии пойтахт иштирок доштанд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз ёфта, сипас Зулфиқор Гулаҳмадзода сухан карда,гуфт, ки чунин озмунҳо барои ҷалби бештари сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, хусусан, ҷавонон ва занон ба барнома ва амалкардҳои ин ҳизби воқеан мардумӣ замина мегузорад.
Раъно Бобоҷониён аз номи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ҳозиринро ба солгарди таъсисёбии ҲХДТ шодбош гуфта, зикр кард, ки «ҲХДТ ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллиро дар Оинномаи худ сабт намудааст Тӯли 25 соли фаъолияти худ дар байни мардум номдор гардида, имрӯз ҷонибдорони зиёди худро дорад. Аз ҳама муҳим фаъолияти ҲХДТ устувор, бо низом ва ҳамешагист.
Мавсуф афзуд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош мекунад.
Зоир Раҳмонзода иброз дошт: «Дар тамоми шаҳру навоҳии ватани маҳбубамон 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ аз ҷониби ҳизбиён ва ҷонибдорони он бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Барои мо, аъзои ин ҳизб боиси ифтихору хушнудист, ки ин ниҳоди мардумӣ дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ тавонист дар фазои сиёсии мамалакат ҳамчун ҳизби тавоно ва пешбарандаи ҳокимияти сиёсӣ мақому манзалат ва ҷойгоҳи муносиби худро пайдо намояд».
Чуноне иштирокчиёни ин маросим ёдоварӣ карданд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи ҷаҳонии давлатдориву ҷомеасозӣ ба вуҷуд омад, ташаккул ёфт ва дар роҳи фаъолияти чорякасраи худ зинаҳои нав ба нави густаришу пешрафтро сипарӣ намуд. Маҳз ҳамин сиёсат манфиати ҳамаи табақаҳои ҷомеаи моро ифода намуда, таи ин солҳо он воқеан ҳам ба ҳизби халқӣ ва ифодакунандаи ормонҳои мардумӣ табдил ёфт.
Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки обрӯ ва эътибори ин ҳизби имрӯз бонуфуз пеш аз ҳама, натиҷаи татбиқи ниятҳои созанда ба хотири осудагии рӯзгори мардуми кишвар буда, ба сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Дар идомаи маросим озмуни «Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ» аз руйи 10 номинатсия, аз ҷумла беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, беҳтарин кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, беҳтарин маҳалла, беҳтарин муассисаи истифодабарандагони манзил, беҳтарин таблиѓотчӣ, беҳтарин утоқи ҳизбӣ, беҳтарин гӯшаи ҳизбӣ, фаъолтарин вакил, беҳтарин бахши намояндагии «Созандагони Ватан» ва беҳтарин бахши кор бо занон дар ташкилотҳои ибтидоӣ ҷамъбаст ва ба ѓолибон ҷоизаҳо тақдим гардид.
Ѓолибон бо ҷоиза, диплом ва туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар маҳфил ҳунармандони шинохта ва гурӯҳҳои ҳунарӣ бо иҷрои суруду оҳанг ва рақсҳои дилошӯб хотири иштирокчиён ва меҳмононро шод гардониданд.
Ю.Солеҳ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: