Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ВНМО ДАР БАНАНА ҲАҚИҚАТ Ё БОТИЛ?

ВНМО ДАР БАНАНА ҲАҚИҚАТ Ё БОТИЛ?

16-10-2019, 14:55
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
ВНМО ДАР БАНАНА ҲАҚИҚАТ Ё БОТИЛ?
Таи рўзҳои охир миёни ҷомеаи мамлакат сару садоҳои зиёде ба гуш мерасад, ки гўё бархе аз меваҷоти воридотии банана олудаи вируси ВНМО мебошад. Ин дар ҳолест, ки чунин иттилоъ дар шабакаҳои иҷтимоии интертенӣ низ мушоҳида мегардад.
Дар ҳоле, ки имрўз инсоният бо ВИЧ СПИД даргир ҳасту, олимони соҳаи тиб тамоми кушишҳоро ба харҷ медиҳанд, то давои ин маризии сироятиро дарёфт намоянд, ба миён омадани чунин сару садоҳо дар мамлакат боиси ташвиш аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки маҳсулоти прокипии банана, яке аз серистеъмолтарин меваҷоти воридотӣ миёни ҷомеаи кишвар дониста мешавад, вале бо оммавӣ шудани чунин сару садоҳо ин номгўй маҳсулот ба ҳадде харидорони худро аз даст додааст.
Мувофиқ ба гуфтаи мутахассисон бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Аммо то куҷо ҳақиқат дошани кушишҳо ҷиҳати олуда намудни одамон тариқи маҳсулоти хурока мавзўест, ки мо дунболаш шудем.
Алиҷон Солеҳов, муовини дирктори Муассилаи Давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» зимни суҳбат бо мо гуфт: «ин гуна овозаҳо ҳақиқате надоранд, чун вируси норасоии масъунияти одам, натҳо дар организми зинда метавонад вуҷуд дошата бошад, яъне тариқи маҳсулоти хурока сироят намудани одам аз ҳақиқат бур аст».
Ба гуфтаи А. Солеҳов роҳҳои аслии гузариши ВНМО инҳо мебошанд:
- Аз хун ба хун тариқи хунрезӣ ба бемор , дар вақти ҷарроҳиҳо, кандани дандон, ҳангоми пайвандсозии узви инсон (трансплантология)
- Манипулятсияҳои медико-эстетикӣ холкубӣ, сурохкунии гушҳо, агар асбобҳои тибби тоза ва таҳмиз нагашта бошад.
- Тариқи ришгирак, нохунгирак, чуткаи дандоншуяк ва ғайра, агар бо хуни сироятёфта олуда бошад.
- Бо роҳи алоқаи xинсӣ
- Аз модари сироятёфта ба фарзандаш хангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва синамаконӣ (агар ба табобати зиддиретровируси фаро нагирифта бошад).

Воқеан ҳам ВНМО яке аз маризиҳои бедаво то ба ҳол миёни ҷомеаи инсонӣ дар ҳоли доманпаҳннамоӣ қарор дорад. Мувофиқи омори расмӣ аввалин маротиба дар ҷумҳурии Тоҷикистон ВНМО соли 1991 ба қайд гирифта шуда, то ба имрўз 11 ҳазору 762 ҳолат ба қайд гифта шудааст, ки айни замон 8613 нафар мубталоён ба ин вирус дар қайди ҳайёт мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳанўз 1978 якчанд беморон дар ИМА ва Шветсия бо нишонаҳо ва шикоятҳое мурочиат намуданд, ки дар ояндаи наздик ин бемориро ВНМО ва ё ВИЧ номиданд. Нишонаҳои мазкур асосан дар байни мардон буд, муроxиаткунандагонаш аз гурўҳи нашъамандони тазриқӣ ва муханнасҳо буданд.
Соли 1983 олими Фаронсавӣ Люк Монтанйе аз институти Луи Пастеро антигени ин вирусро дар хуни инсон пайдо кард. Ва дар соли 1985 аз тарафи олимони xаҳон аниқ гашт, ки ин вирус танҳо дар хуни одам, нутфа, ва шири синаи модар ба фоизи баланд буда метавонад.
Олимони соҳа аз он дар ташвиш ҳастанд, ки шояд миёни ҷомеи сайёра нафарони зиёд мубталои ин вирус бушанду ҳатто худ хабар надоранд, чун ин мазирӣ нишонаҳои муайян надорад ва ҳатто давраи инкубатсионии тулониро фаро мегирад.
- Марҳилаи ноаёнӣ— аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад. Шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати то 3 ё 6 моҳ мавҷуд будани вирус дар хун ҳангоми ташхиси лабаратори муайян карда намешавад.
- Давраи инкубатсионӣ аз 2 то 10 сол бе ягон аломатҳои клиникӣ давом меёбад, то пайдоиши Бемории пайдошудаи норасоии масуният
Агарчӣ баҳри мо айён гардид, ки тариқи маҳсулоти хурока сироят ёфтан ба ин маризӣ гайриимкон аст, вале дар ҳар сурат риоя намудани талабот, ҷиҳати ҳифозаи сатҳи сиҳатӣ баҳри ҳар як фарди ҷомеа талаби рўз аст.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: