Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

«ГУЛҲОИ ХУДРӮ»

23-10-2020, 10:19
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
«ГУЛҲОИ ХУДРӮ»
Китобиёт



Чунин ном дорад маҷмӯаи таронаҳои шоири ориф Абдулқодири Раҳим, ки ба наздикӣ нашриёти «Русская литература» ба табъ расонидааст.
Тавре дар пешгуфтори китоб омадааст: «Ҳама дар зиндагӣ: дар наврасӣ, ҷавонӣ ва ё ҳатто дар ғуруби рӯзгор ба касе дил додаем, дар ишқи касе сӯхтаем, аз ғам гиристаем… Вале танҳо ба касони дорои истеъдоди худодод даст додааст, ки ин эҳсосотро ба шеваи орифона изҳор кунанд». Бале, ҳар як таронаи шоир касро беихтиёр ба андеша мебарад, хаёл мекунад, ки он аз қалбу вуҷуди ӯ таровидаааст. Ба гунаи мисол:

Аз бозе, ки туро ошиқам, мардум ба ҳолам механданд. Ин хандаҳо гӯё камӣ мекунад, ки ту низ, эй ёр, механдӣ.
***
Нимашаб марг дари хонаи маро зад. Намедонам, дар чӣ ҳол афтодам, зеро гумон кардам, ки касе аз ту паём овардааст. Вақте дарро кушодаму ӯ ба ҳолам назар кард, гирён шуд ва гуфт: Худоё, маро ба сӯи ошиқон мафирист.
***
Азизам, ту хобӣ. Хоби хуш бароят орзу мекунам, бошад, ки маро дар ин хоб хуш бубинӣ.
***
Намехоҳам, ки таронаҳоям машҳур шаванд, зеро номеҳрубонии туро аз онҳо дарёбанд.
***
Тарона духтари бод буду фасона духтари хок ва қалам духтари оташу коғаз духтари об. Миёни ин духтарон туро, эй духтараке, ки дӯстат медоштам, надидам ва ба ҳарфат бовар кардам, ки ошиқ кӯр аст.
***
Дунё як рӯз дар сурати модари ман омад. Сарбанди сафед дошт ва куртаи зебои пур аз гули сурх. Аммо ҳамчунон аз назарам гузашт, ки гӯиё маро ҳеч гоҳ пеш аз ин надидааст ва ҳам нашинохтааст. Хостам бо садое ӯро аз роҳ баргардонам ва чун як фарзанди содиқ дар оғӯш бигирам.
Он лаҳза дар ҳама умр аз ӯ ношунавотар касеро дарнаёфтам ва ҳам ҳар ду поям аз ин номеҳрубонӣ шикаст.

«Гулҳои худрӯ», ки тайи солҳои гуногун аз тафаккури муаллиф рӯидаанд, акнун домони андешаи хонандаро таровати тоза мебахшанд. Лаҳни ширин, тасвирҳои зебои шоирона, ҳикмати зиндагӣ, хулосаҳои файласуфона ин «гулҳо»-ро боз ҳам муаттар кардаанд.
Алӣ ҶӯРА


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: