ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ15-10-2020, 16:21
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки 26 октябри соли 2016 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, сароғози баррасии ин падида дар расонаҳои иттилоотӣ гардид. Сабаби баррасии қонуни мазкур дар доираҳои илмӣ ва иҷтимоӣ дар он буд, ки чунин таҷриба дар таърихи навтарини кишвар падидаи нав ва нодир буд. Бояд таъкид кард, ки баррасии ин мавзӯъ аз тарафи зиёиёни тоҷик ҳанӯз дар соли 2011 оғоз ёфта буд. Падидаи сарварӣ умуман ва пешвои мушаххаси миллӣ таваҷҷуҳи намояндагони мактабҳои мухталифи илмии ҷаҳони муосирро ба худ ҷалб менамояд. Мавзӯи мазкур на танҳо дар маркази диққати олимони назарияшинос, ки машғули таҳқиқоти илмӣ дар бораи инсон, ҷомеа, сиёсат, равоншиносӣ, фалсафа, таърих ва дигар соҳаҳои фанҳои гуманитарӣ мебошанд, қарор дорад, балки таваҷҷуҳи аҳли амал – яъне сиёсатмадорони касбӣ, менеҷерҳо ва онҳое, ки бо ҷомеа робитаи мустақим доранд ва дигаронро низ ҷалб намудааст. Пешвоӣ чун падидаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва равоншиносӣ ончунон миқёснок, зиддиятнок ва гуногуншакл аст, ки эҳтимолан дар таҳқиқи он ҳеҷ гоҳ нуқта гузошта нахоҳад шуд. Замона тағйир меёбад, одамон дигар мешаванд, таҷрибаи пешвоёни гузашта таҳлил ва ҷамъбандӣ мешавад, аммо дар ҳар лаҳзаи замонӣ аз тарафи ҷомеа ба сифати пешво шахсе эътироф хоҳад шуд, ки посухгӯйи орзую омоли ҳамонрӯзаи мардум буда, тамоюли онҳо ба ояндаро пайгирона амалӣ месозад ва кафолат медиҳад. Ҳар як миллат бояд ба фарзандони барӯманди худ эҳтиром ва арҷ гузорад. Дар таърих шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки зиндагинома ва фаъолияти онҳо роҳи асосии рушди як мардум ва давлатро муайян менамояд. Яке аз чунин шахсиятҳо арбоби барҷастаи сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фаъолияти ӯ ба ганҷинаи санъати сиёсӣ дохил шудааст. Исми ӯ ба рамзи халқи тоҷик табдил ёфтааст, роҳи тайкардаи ҳаёти ӯ намунаи муҳаббат ва садоқат ба Ватан гардида, беҳамто будани ӯ ба олимон имконият медиҳад, ки мафҳуми «беназирии (феномени) Эмомалӣ Раҳмон»-ро ба гардиши илмӣ ворид созанд. Аз рӯи адолат бояд таъкид намуд, ки Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кашфкунандаи қабули Қонуни конститутсионӣ дар бораи Пешвои миллат намебошад. Масалан, чунин қонун қаблан дар кишварҳои ботаҷрибаи демократӣ, монанди Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Индонезия, Ҷумҳурии Қазоқистон қабул шуда буд. Ва бар хилофи иддаои мунаққидон, дар тамоми кишварҳои зикршуда қабули чунин қонун на танҳо демократия ва озодиро маҳдуд насохт, балки баръакс, ба муттаҳидшавии халқҳои ин кишварҳо мусоидат кард. Пешвои миллат арбоби сиёсие мебошад, ки рушди босуботи иқтисодӣ, муттаҳидии иҷтимоӣ, ваҳдати миллиро таъмин менамояд, самти дурусти рушди кишвар дар дурнамои дарозмуддатро муайян месозад, андешаи миллӣ ва намунаи миллии рушди демократиро шаклбандӣ намуда, ба халқи худ ва ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррафӣ менамояд. Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои душвортарини давлатдории навини тоҷикон аз пошхӯрии кишвар ҷилавгирӣ кард, суботро барқарор намуд, зиндагии осоиштаи мардум, рушди устувори иҷтимоӣ иқтисодии Тоҷикистонро таъмин кард. Ба ин маънӣ хидмати Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи тоҷик камтар аз он нест, ки Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ дар замони худ анҷом дода буданд. Бо номи Эмомалӣ Раҳмон таърихи навтарин Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст. Тайи тамоми ин солҳо ӯ чун шаҳрванд масъулият барои сарнавишти Ватанро ба дӯши худ гирифт, якҷо бо кишвар ва халқ аз имтиҳони сангин гузашт, давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро бунёд кард, заминаи устувори ояндаи дурахшони онро пайрезӣ намуд. Эҳёи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, илмиву фарҳангии халқи тоҷик тайи ин солҳо мустақиман бо номи ӯ вобаста аст. Ҳастаи ҷаҳонбинии фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанӯз дар давраи кор дар ноҳияи Данғара дар солҳои 80-уми асри ХХ заминагузорӣ шуда буд, бо пайванди тамоми шаклҳо ва воситаҳои хештангароии миллӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ ва амалисозии стратегияи рушди устувори мусоидатрасон ба таҳкими худшиносии миллӣ тавсиф карда мешавад. Идеологияи «роҳи тоҷикӣ»-и Эмомалӣ Раҳмон, ки ба асоси ғоявии давлатдории миллӣ табдил ёфтааст, ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони муосир пайдо намудааст ва омили муттаҳидкунанда барои тоҷикон ва тоҷикистониёни муқими кишварҳои дигар мебошад. Ба туфайли фаъолияти муассири Эмомалӣ Раҳмон эҳёи анъанаи давлатдории дунявии демократӣ дар Тоҷикистон дар охири асри ХХ ва таҳкими соҳибихтиёрии давлат муяссар гардид, ки ҷанбаи баргаштнопазирро ба худ гирифта, ҳаракати боэътимод ба пеш, рушди нуфуз ва ҳайсияти байналмилалии кишварро таъмин намуд. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихӣ мебошад, ки чун машъал роҳи ояндаи халқи Тоҷикистонро мунаввар сохтааст. Ба ин маънӣ, ӯ чун Пешвои миллат ба туфайли равиши воқеъбинона ва амалгароёна вазифаҳои барои халқи худ сарнавиштсозро ба дараҷаи олӣ иҷро карда, давлати муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикистониёнро бунёд намудааст, ки як маром, як ҳадаф ва як ният доранд. Ба ақидаи аксарият коршиносони соҳаи назарияи пешвошиносӣ, рисолати пешвои миллӣ бо ду омил муайян карда мешавад: ифодаи иродаи халқ ва таҳкими давлатдорӣ. Касби истиқлоли давлатӣ ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон зоҳир шудани Тоҷикистони соҳибихтиёр ба таҳияи намунаи худии (миллии) ҳокимияти давлатӣ ниёз дошт. Шаклгирӣ ва таҳкими ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон, ки ҳастаи низоми давлатдориро ташкил дод, маҳз бо шахсияти Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Зарурати бунёди ҳокимияти давлатии қавӣ ва босубот дар симои пешвои миллии интихобшуда аз солҳои аввали таҳаввулот дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ зоҳир шуд. Аллакай дар солҳои аввал, вақте ки Тоҷикистон касби истиқлол намуд, масъалаи бунёди асоси мустаҳками идоракунии давлатии кишвар ба миён омад. Ва дар мавҷи демократияи даркнашуда ва баъзан идоранашаванда ҳеҷ як неруи сиёсии кишвар он вақт барнома, стратегия ва тактикаи мушаххас, самтҳои рушд ва биниши аниқи ояндаи сиёсиро надошт. Ҳамаи инро маҳз Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард. Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои зарурии пешвоиро дар худ таҷассум намудааст, ки барои бартараф намудани муқовимат дар тамоми шаклҳои он, мисли норизоиятии мухолифин, арзу шикоят, нофаҳмии баъзе ҳамсафон ва ғайра лозиманд. Бадин тартиб, барои пешвои ҳақиқӣ чизе муҳимтар аз тамоси пайваста, наздик ва мустақим бо воқеият ва дарки ин воқеият нест. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бунёди давлати муосир, дунявӣ ва демократӣ, ки дар он одамон бояд зиндагии шоиста дошта бошанд, аз нахустин рӯзҳо бо таназзули давлатдорӣ, парокандагии дохилӣ, беадолатӣ, хилофи қонун будан ва дигар падидаҳои манфӣ ба мубориза бархост. Дар айни замон, ӯ аз зарба аз тарафи ҳам «дӯстон» ва ҳам «душманон» ҳарос надошт. Чунки дарк мекард, ки ҳаққи дар канор мондан аз раванди қабули қарорҳои сарнавиштсозро надорад. Ӯ ҳамеша мавқеи фаъоли усулиро ишғол мекард ва дар умқи воқеот қарор дошт. Омили дигари беназирии Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ бо як маҳорат фаъолияти идоракунии президентиро бо пешвоӣ пайванд додааст. Табиист, ки фаъолияти маъмурӣ вақти зиёд мегирад, вале беэътиноӣ ба ин кори муҳим дар идоракунии давлат ҷоиз нест. Аммо маъмури хуб ҳанӯз пешвои миллат нест. Чунки додани дастур фақат як қисмати кор, нисфи кори пешво аст. Қисми дигари муҳимтари кори ӯ назорат ба супориш аст. Пешво аз маъмур бо он тафовут дорад, ки амиқан, бо кордонӣ ва муҳимтар аз ҳама, шахсан назорат мекунад, ки дастурҳои ӯ чи гуна иҷро мешаванд. Барои ин пешво бояд тамоми масъалаҳои иқтисоди миллӣ ва нозукиҳои онро дарк намояд. Ин барои он зарур аст, ки одамон ҳузури пешворо эҳсос намоянд. Гузашта аз ин, зимни додани дастур, пешниҳоди машварати мушаххаси амалӣ ва кумак ба иҷрокунанда муҳим аст. Бадин тартиб, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими асолати фарҳангӣ ва маънавии миллат саъю талош намуда, халқи тоҷикро ба кори созандагӣ ва ба бунёди ҷомеаи одилона ва шукуфои оянда ҳидоят мекунад. Р.Ш. Нуриддинов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.