Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » То соати 12:00 ду миллиону 295 ҳазору 459 нафар ё 46,44% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд

То соати 12:00 ду миллиону 295 ҳазору 459 нафар ё 46,44% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд

11-10-2020, 12:00
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
То соати 12:00 ду миллиону 295 ҳазору 459 нафар ё 46,44% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд
Тавре пештар иттилоъ дода будем имрӯз аз соати 06:00-и субҳ дар 3375 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ идома дорад. Ба иттилои узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) Носирҷон Салимӣ то соати 12:00 ду миллиону 295 ҳазору 459 нафар ё 46,44% интихобкунандагон дар интихобот иштирок намуданд.

Носирҷон Салимӣ афзуд, ки аз рӯи маълумоти ба мо расида, мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба участкаҳои интихоботӣ омада, дар фазои озоду шаффоф бо риояи қонунгузории интихоботии мамлакат ва қоидаҳои беҳдоштии муқаррашуда, ба номзади мавриди назари худ овоз дода истодаанд.

Бо мақсади таъмини шаффофияти интихобот раванди овоздиҳиро мушоҳидони миллӣ, намояндагони субъетҳое, ки номзад пешбарӣ намудаанд, шахсони боэътимоди номзадҳо ва мушоҳидони байналмилалӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷи дуру наздик мушоҳида намуда истодаанд.

Овоздиҳии шаҳрвандон идома дорад ва бо дастрас шудани маълумоти тоза дар бораи рафти овоздиҳӣ хабар дода мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: