Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ оғоз гардид11-10-2020, 06:30
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Соати 6:00-и субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон интихоботи Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР ҶТ), тибқи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат барои ташкил ва гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шудаанд.
КМИР ҶТ пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба қайд гирифт. Ҳамин тариқ 5 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бюллитини интихоботӣ ворид карда шуданд. Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и 11 октябр ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд. Тибқи иттилои КМИР 4 943289 нафар овоздиҳанда барои интихобот ба рӯйхат гирифта шудаанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд. Беш аз 145 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ интихоботро мушоҳида хоҳанд кард. Илова бар ин, интихоботро беш аз 267 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд. Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.