
Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсию давлатӣ ба шумор рафта, аз ҷониби шаҳрвандон дар шакли озод гузаронида мешавад. Шаҳрвандон, шахсеро ки тарафдорӣ менамоянд ба таври пинҳонӣ, бе дахолати шахси дигар ба он овози худро медиҳанд. Маҳз интихобот метавонад, барои ризоияти дилхоҳ давлату миллат, бахусус Тоҷикистон заминаи мусоидеро муҳайё созад, зеро танҳо дар сурати ин унсурҳои демократӣ метавонад миллат дар сояи демократия зиндагӣ кунаду шукргузорӣ аз он намояд. Чунон ки ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳодар тамоми гӯшаву канори кишвар, маракаи бузурги сиёсӣ тайёрии ҳаматарафа дида мешавад.

Дар участкаҳои интихоботӣ барои хуб ва дар сатҳи баланд гузарондани ин маърака, шароитҳои зарӯриро фароҳам овардаанд. Хобгоҳи умумиҷумҳуриявии аспирантон яке аз нуқтаҳои баргузории интихоботи президентӣ буда, учаскаи интихоботии №52 ро дар бар мегирад.
Мудири хобгоҳи умумиҷумҳуриявии аспирантон Фарҳод Авезов дар суҳбат бо мо гуфт, ки маъсулини хобгоҳ ҳанӯз як моҳ пеш ин нуқтаро барои хуб баргузор кардани интихобот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои овоздиҳандагон кӯшиш ба харҷ доданд.
Дар хобгоҳи мазкур утоқҳои алоҳида барои модару кӯдак, утоқи тиббӣ, хоначаи махсуси овоздиҳӣ барои маъюбон, нуқтаҳои тақсими блютенҳо аз рӯи нишондоди ҷойҳои истиқомат ва ғайраҳо омода гардидаанд.

Номбурда ҳамчунон дар мавриди барномаҳои пешазинтихоботии номзадон ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда, илова кард, ки : “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, як барномаи воқеӣ, рӯзмарра ва ҷавобгӯи талаботи тамоми табақаҳои аҳолии кишварамон буда, амалисозии он дар

ҳақиқат ҳам рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро то соли 2027 таъмин месозад. Боварии комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар таърихи 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда баҳри рушди иқтисодиёти кишвар ва зиндагии шоиста овоз медиҳанд».
Гулҳаёи Мадимар
«Минбари Халқ»