Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кӯлоб: сокинон бо шукргузорӣ аз Ватани орому осоишта ба участкаҳои интихоботӣ омада, овоз дода истодаанд

Кӯлоб: сокинон бо шукргузорӣ аз Ватани орому осоишта ба участкаҳои интихоботӣ омада, овоз дода истодаанд

1-03-2020, 09:30
Хабарро хонданд: 152 нафар
Назарҳо: 0
Кӯлоб: сокинон бо шукргузорӣ аз Ватани орому осоишта ба участкаҳои интихоботӣ омада, овоз дода истодаанд Пиру ҷавони шаҳри Кӯлоб бо табъи болида ва шукргузорӣ аз Ватани орому осоишта ба участкаҳои интихоботӣ омада, овоз дода истодаанд.

«Мо айни ҳол дар участкаи интихоботии №11 ва ҳавзаи 10-и шаҳри Қӯлоб қарор дорем. Тавре раиси участкаи интихоботии рақами 11 Меҳрубон Набиева зикр кард, дар участкаи интихоботӣ як ҳазору 234 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 20 нафарашон 18-сола буда, бори аввал овоз медиҳанд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки интихоботи имрӯза дар шаҳри Кӯлоб бо таври шаффоф ва дар сатҳи баланд хоҳад гузашт»,-гузориш медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Бино ба иттилои хабарнигор, дар шаҳри Кӯлоб ҷамъи умумии овоздиҳандагон 108 ҳазору 887 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 2 ҳазору 348 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд. Ба беморон ва шахсони имконияташон маҳдуд куттии сайёр омода намудаанд, ки онҳо имкон доранд дар манзилҳояшон овоз диҳанд.

Рустам Одинаев, ки дар участкаи интихоботии мазкур дар суҳбат гуфт, ки бори аввал овоз медиҳад ва изҳор дошт «бовар дорам, ки овози ман дар интихобот ҳалкунанда буда, номзадеро, ки дар интихобот арзанда донистам дар рушди маҳал ва мамлакат нақши сазовор мегузорад. Мо ҷавонон низ кӯшиш менамоем сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ гардонем, чунки Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро дастгирӣ менамояд».

Зарангези Шариф як сокини дигари шаҳри Кӯлоб, ки ӯ низ бори аввал овоз медиҳад, гуфт, ки «мо ҳамеша аз давлату миллати худ ифтихор дорем. Мутаасифона ҳастанд нафароне, ки барои иштирок дар маъракаи интихоботӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд, ки ин қобили қабул нест. Иштироки фаъол дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ қарзи шаҳрвадии ҳар як нафар аст. Мо бояд дар иҷрои он масъулияти баланд эҳсос намоем».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: