Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фарҳод Авезов: Хобгоҳи аспирантон барои баргузории интихоботи президентӣ комилан омода аст

Фарҳод Авезов: Хобгоҳи аспирантон барои баргузории интихоботи президентӣ комилан омода аст

5-10-2020, 10:30
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Фарҳод Авезов: Хобгоҳи аспирантон барои баргузории интихоботи президентӣ комилан омода аст
Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсию давлатӣ ба шумор рафта, аз ҷониби шаҳрвандон дар шакли озод гузаронида мешавад. Шаҳрвандон, шахсеро ки тарафдорӣ менамоянд ба таври пинҳонӣ, бе дахолати шахси дигар ба он овози худро медиҳанд. Маҳз интихобот метавонад, барои ризоияти дилхоҳ давлату миллат, бахусус Тоҷикистон заминаи мусоидеро муҳайё созад, зеро танҳо дар сурати ин унсурҳои демократӣ метавонад миллат дар сояи демократия зиндагӣ кунаду шукргузорӣ аз он намояд. Чунон ки ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳодар тамоми гӯшаву канори кишвар, маракаи бузурги сиёсӣ тайёрии ҳаматарафа дида мешавад. Фарҳод Авезов: Хобгоҳи аспирантон барои баргузории интихоботи президентӣ комилан омода астДар участкаҳои интихоботӣ барои хуб ва дар сатҳи баланд гузарондани ин маърака, шароитҳои зарӯриро фароҳам овардаанд. Хобгоҳи умумиҷумҳуриявии аспирантон яке аз нуқтаҳои баргузории интихоботи президентӣ буда, учаскаи интихоботии №52 ро дар бар мегирад.
Мудири хобгоҳи умумиҷумҳуриявии аспирантон Фарҳод Авезов дар суҳбат бо мо гуфт, ки маъсулини хобгоҳ ҳанӯз як моҳ пеш ин нуқтаро барои хуб баргузор кардани интихобот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои овоздиҳандагон кӯшиш ба харҷ доданд.
Дар хобгоҳи мазкур утоқҳои алоҳида барои модару кӯдак, утоқи тиббӣ, хоначаи махсуси овоздиҳӣ барои маъюбон, нуқтаҳои тақсими блютенҳо аз рӯи нишондоди ҷойҳои истиқомат ва ғайраҳо омода гардидаанд. Фарҳод Авезов: Хобгоҳи аспирантон барои баргузории интихоботи президентӣ комилан омода аст
Номбурда ҳамчунон дар мавриди барномаҳои пешазинтихоботии номзадон ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда, илова кард, ки : “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, як барномаи воқеӣ, рӯзмарра ва ҷавобгӯи талаботи тамоми табақаҳои аҳолии кишварамон буда, амалисозии он дар Фарҳод Авезов: Хобгоҳи аспирантон барои баргузории интихоботи президентӣ комилан омода астҳақиқат ҳам рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро то соли 2027 таъмин месозад. Боварии комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар таърихи 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда баҳри рушди иқтисодиёти кишвар ва зиндагии шоиста овоз медиҳанд».
Гулҳаёи Мадимар
«Минбари Халқ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: