Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5500-солагии Саразм

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5500-солагии Саразм

14-09-2020, 10:09
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5500-солагии Саразм
2.09.2020, шаҳри Панҷакент

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс — Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм табрик мегӯям.

Арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ойину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ муяссар гардид.

Дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат гирифта истодааст, ба таъсири харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ истодагарӣ кардан танҳо тавассути амиқ омӯхтани таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ имконпазир мебошад.

Таъкид месозам, ки муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад.

Воқеан, таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон аст.

Вазифаи олимону донишмандон, устодону омӯзгорон ва падару модарон аст, ки ба наслҳои наврас аҳаммияти ин мероси бузургро фаҳмонанд ва онҳоро ба омӯхтани таърихи бостониву пурифтихори халқамон ташвиқу роҳнамоӣ кунанд.

Имрӯз дар кишварамон се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Ёдгориҳои замони қадим, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Ҳулбук, Бунҷикат, Шаҳристон, Ҳисорак, Санҷаршоҳ, Карон, Ямчун ва даҳҳо мавзеи дигар ҳар сол бо роҳи ташкили экспедитсияҳои дохиливу байналмилалии бостоншиносӣ мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор дода мешаванд.

Саразм яке аз чунин ёдгориҳои куҳан ба шумор меравад.

Маънии ин ҷойноми таърихӣ “сари замин” ё “сарзамин”-ро ифода менамояд, ки далели қотеи таърихи пурифтихору деринаи халқи тоҷик мебошад.

Мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз барои ҳифзи ин мероси бузурги таърихиамон корҳои зиёдеро анҷом додем.

Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.

Ман солҳои 2003-2005 ду маротиба ба ин мавзеъ омада, бо вазъи он шинос шуда, дар хусуси ҳифзу омӯзиши ин мавзеи нодир дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузошта будам.

Дар шароите, ки имкониятҳои молиявии кишвар дар он рӯзҳо бисёр маҳдуд буданд, мо барои ҳифзи ин ёдгории нодир маблағҳои зарурӣ ҷудо кардем.

Дар натиҷа тайи солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти он болопӯш ва атрофи ёдгорӣ бо панҷара иҳота карда шуд.

Дар ин раванд, маводу далелҳои илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд.

Ва ин созмони бонуфуз 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ шомил намуд.

Баъдан доир ба ҷашни 5500 — солагии Саразм, ки аз тарафи аҳли илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги кишоварзиву ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эътироф шудааст, қарори дахлдори Ҳукумат қабул гардид.

Дар доираи ин санад дар шаҳри Панҷакент корҳои зиёди созандагиву ободонӣ амалӣ гардиданд ва имрӯз симои шаҳр хеле зебо шуда, сокинони он якҷо бо тамоми мардуми Тоҷикистон ҷашни диёри куҳанбунёди худро баргузор менамоянд.

Бо истифода аз фурсат, ҳамаи донишмандону муҳаққиқон ва шумо — ширкаткунандагони Симпозиуми байналмилалии “Саразм — оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон”- ро ба диёри зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри бостонии Панҷакент хуш омадед мегӯям.

Ёдгории шаҳри бостонии Саразм соли 1976 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии ин мавзеи таърихӣ дар бисёр анҷуману ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон, Итолиё, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Moлдова, Қирғизистон ва кишварҳои Африқо мавриди баррасии олимони сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, ин давра тақрибан ҳазораҳои чорум — сеюми то милод ва дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи дуюми пеш аз милодро дар бар мегирад.

Таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди ниҳоят муҳимми таърихӣ – ташаккулёбии истеҳсолот, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ дар ҳамин давра оғоз мегардад.

Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аввалин таҳқиқоти ҷиддӣ доир ба омӯзиши осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ солҳои 50 — уми асри гузашта дар ҳудуди Қайроққум ва водии Бешкент гузаронида шудааст.

Баъдтар осори асри биринҷӣ аз ҳудуди Истаравшан, миёноб ва поёноби дарёи Вахш ва дигар мавзеъҳои Тоҷикистон дарёфт шуданд.

Дар замони истиқлол осори дигари асри биринҷӣ аз Кангуртут, Тегузак, Даҳана, инчунин, миёноб ва поёноби Вахш, водии Ҳисор ва чанде пештар дар Фархор кашф шуд, ки ҳоло мавриди таҳқиқи мутахассисон қарор дорад.

Шаҳри Саразми бостонӣ аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ шимолтарин бошишгоҳи муқимии маданиву кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ аст ва тамаддуни Саразм қариб 1500 сол идома ёфтааст.

То соли 1980 аз ин ёдгорӣ бостоншиносони машҳур Александр Беленитский, Борис Литвинский, Рауф Мунчаев, Вадим Масон, Борис Маршак, Нӯъмон Неъматов, Аҳмадалӣ Аскаров, Филипп Колл, Карл Ламберг-Карловский, Анри Пол Франкфорт ва Бертил Леоне дидан кардаанд.

Аз ин пас Саразм ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқотии мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Аз соли 1984 марказҳои илмӣ ва бостоншиносии хориҷӣ, пеш аз ҳама, олимони Фаронса Анри Пол Франкфорт ва Ролан Безенвал ва як сол пас муҳаққиқони амрикоӣ Филипп Колл ва Карл Ламберг-Карловский, инчунин, муҳаққиқони рус Наталия Виноградова, Вадим Масон ва Любов Кирчо ба таҳқиқи Саразм ҳамроҳ шудаанд.

Омӯзиши маҷмӯии ёдгории Саразм аз соли 1984 то ба имрӯз идома дошта, дар ин давра олимони тоҷик бо ҳамкасбони фаронсавӣ, россиягӣ, чиноӣ, итолиёӣ ва амрикоии худ таърихи комили ёдгориро бо дарназардошти паҳлуҳои гуногуни ҳаёти дар ҳудуди он ҷараёндошта таҳқиқ намуданд.

Қарор доир ба таҷлили ҷашни 5500 — солагии Саразм ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ин росто, ковишҳои бостоншиносӣ ва ба ҷашн омода кардани ҳафриёт вусъат пайдо намуда, шумораи зиёди бостоншиносони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи он ҷалб гардиданд.

Бояд гуфт, ки Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ ва ҳунармандиву шаҳрсозии Варорӯди Осиёи Марказӣ, балки тамоми минтақаи Шарқи Наздик — Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, ҷомеаи илмӣ маданияти саразмиёнро барҳақ ибтидо ва асоси тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии ҳавзаи байни дарёҳои Сиру Ому мешуморад.

Гузаштагони дури мо, пеш аз он, ки мавзеи Саразмро ба сифати қароргоҳи доимии худ интихоб намоянд, шояд омили асосӣ — серобӣ ва замини фарохи нармхокро ба назар гирифта бошанд.

Саразм зодгоҳи аввалин меъморони сарзамини Варорӯд буда, то имрӯз аз зери хок зиёда аз 150 хонаи истиқоматӣ, 4 маъбади оташпарастӣ, як анбори ғалла ва як бӯстонсаро кашф шудааст.

Иншооти то имрӯз кашфшудаи ин шаҳри бостонӣ аз завқи баланди фарҳанги шаҳрсозии ниёгонамон шаҳодат медиҳанд ва мо дар асоси санъати меъморӣ ва сохтмонии Саразм ибтидои ташаккули фарҳанги шаҳрсозии гузаштагони худро мебинем.

Дар охири ҳазорсолаи чоруми то милод шаҳри Саразм, инчунин, ба сифати яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли фулузот маълум будааст.

Кӯҳҳои болооби Зарафшон, ки аз мис, тилло, нуқра, қӯрғошим, қалъагӣ ва маъданҳои дигар ғанӣ буданд, ба рушди ин ҳунар имконият додаанд.

Воқеан, имрӯз низ ҳудуди шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои бузурги истихроҷи тиллову мис дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз ин ҷо асбобҳои гуногуни маъдангудозӣ, қолабҳо барои рехтани олоту силоҳ, аз ҷумла олоти мисӣ, биринҷӣ, қӯрғошимӣ, нуқрагӣ ва тиллоӣ, ки шумораи онҳо зиёда аз 300 ададро ташкил медиҳад, дарёфт шудаанд.

Дар натиҷаи таҳқиқоти олимони тоҷик исбот шудааст, ки саразмиён зиёда аз 40 навъи ҳунармандиро аз худ карда будаанд.

Бозёфтҳои бостонӣ аз иртиботи маданӣ ва тиҷоратии Саразм бо ҳудудҳои кунунии Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва сарзаминҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд.

Рушди муносибатҳои тиҷоратӣ дар марҳалаи гузариш аз ҳазораи чор ба ҳазораи се Саразмро ба яке аз марказҳои омезиши фарҳанги аҳди бостон табдил додааст.

Таърихи беш аз 5500 — солаи Саразм ҳанӯз солҳои 1981 — 1991 аз тарафи олимони тоҷику рус ва бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ пешниҳод шуда буд.

Бостоншиносони амрикоӣ таърихи пайдоиши ин шаҳрро ба 5899-5765 сол, фаронсавиҳо ба 5775-5364 ва олимони тоҷику рус ба 5600-5500 сол баробар донистаанд.

Санаҳои зикргардида аз намунаи чӯбҳои ангиштшудаи ҳафриёти Саразм бо роҳи ташхиси радиокарбониву кимиёӣ дар озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Париж ва Санк-Петербург таҳқиқ ва тасдиқ шудаанд.

Ва донишмандон дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад.

Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.

Мо ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр менамоянд, изҳори ташаккур карда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки хеле заҳматталаб, вале пурифтихор мебошад, барору комёбӣ орзу дорем.

Дӯстони азиз!

Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри бостонии Панҷакент дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хеле рушд карда, дар ҳудуди он корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург, садҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд гардиданд.

Корҳои ободонӣ, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 5500-солагии Саразм вусъати бесобиқа пайдо карданд.

Ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли истиқлолияти давлатӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳаммияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Бо ин мақсад танҳо дар бист соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Шумораи аҳолии Панҷакент соли 1991-ум 162 ҳазору 235 нафар буда, 1-уми январи соли 2020 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 303 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба соли 1991 – ум 87 фоиз ё қариб ду баробар зиёд мебошад.

Илова ба ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар шаҳри Панҷакент 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард, кам кардани талафоти нерӯи барқ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии зарари офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст.

Ҳоло дар шаҳр 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар шаҳр 50 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар онҳо ҳазорон нафар сокинони шаҳр ва деҳоти он бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр ду нерӯгоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳар кадом 500 киловатт, 444 километр хатҳои интиқоли барқи 0,4 – киловолта, 91 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати «Айнӣ — Панҷакент», 425 нуқтаи трансформаторӣ ва 1 зеристгоҳи барқии 35-киловолта бунёд гардида, зеристгоҳи барқии 220 — киловолтаи «Рӯдакӣ» ба маблағи 260 миллион сомонӣ таҷдид карда шуд.

Бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар шаҳри Панҷакент азхудкунии заминҳои нав ба роҳ монда, дар натиҷа майдони кишти шолӣ ба 1800 гектар ва картошка ба зиёда аз 6600 гектар расонида шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли шолӣ то ба 9000 тонна ва 102 ҳазор тонна картошка замина гузошт.

Инчунин, дар ин давра 580 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки зиёда аз 20 гектари он боғҳои интенсивӣ мебошад.

Дар ин муддат аз тарафи кишоварзони шаҳр 39 гармхона ба масоҳати қариб 11 ҳазор метри мураббаъ ва 4 сардхона барои нигоҳдории 1130 тонна меваю сабзавот бунёд гардида, пурсамар фаъолият доранд.

Таҷдиду азнавсозӣ намудани роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи 770 миллион сомонӣ яке аз корҳои муҳимми барои мардуми Панҷакент анҷомдодаи Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлол мебошад, ки дар натиҷа мушкилоти сокинон дар ин самт бартараф гардид.

Илова бар ин, дар зарфи солҳои охир беш аз 30 километр роҳҳои дохилӣ тармиму таҷдид гардидаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби соҳибкорон дар шаҳри Панҷакент 43 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва 51 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин, 40 марказу бунгоҳҳои саломатии деҳот таъмир гардида, ба истиқболи 30 — солагии истиқлоли давлатӣ сохтмони 12 бунгоҳи тиббӣ идома дорад.

Умуман, дар доираи нақшаи корҳои бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ аз 405 иншооти ба нақша гирифташуда то ба имрӯз 277 иншооту биноҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Итминон дорам, ки раванди ободкорӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони саховатпеша ва мардуми заҳматдӯсти шаҳри Панҷакент минбаъд низ идома меёбад.

Хотирнишон месозам, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат илова ба корҳои то ба ҳол иҷрошуда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани шаҳр ва деҳоти он то ҷашни 30 — солагии истиқлоли давлатӣ як силсила чорабиниҳои дигар низ ба нақша гирифта шудаанд.

Имрӯз дар маркази шаҳр беморхонаи замонавӣ барои 200 кат бо тамоми шароити зарурӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба истифода дода шуд.

Мо дар доираи сафари корӣ, ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи як мактаби навбунёд барои 1280 нафар хонанда, чандин корхонаи истеҳсолӣ ва иншооти маъмурӣ ширкат карда, бо фаъолияти самарабахши деҳқонони номии шаҳр шинос шудем.

Солҳои охир дар соҳаи фарҳанги шаҳр низ корҳои назаррас ба анҷом расида, дар ҳудуди мамнӯъгоҳи Саразм осорхона ва дар маркази шаҳр китобхона бунёд гардида, дар иншооти зикршуда барои баргузории ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва хусусан, қабули сайёҳону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бовар дорам, ки мардуми бонангу номус ва шарафманди шаҳри Панҷакент аз таърихи пурифтихор ва ниҳоят қадимаи худ ва дигаргуниву ободиҳои имрӯза нерӯи тоза гирифта, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии кишвари маҳбубамон барои пешрафти минбаъдаи диёри худ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои арзишманди аҷдодӣ саъю талоши бештар мекунанд.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки роҳбарону масъулони шаҳр бояд якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи рушди сайёҳӣ доир ба истифодаи самараноки Саразм ҳамчун ёдгории камназири таърихӣ ва дигар мавзеъҳои нодир бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ташкили инфрасохтори муосир, инчунин, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои омода кардани кадрҳо барои қабул ва хизматрасонии сайёҳон чораҷӯӣ намоянд.

Хотирнишон менамоям, ки дар сурати дурусту ҳадафнок ба роҳ мондани корҳо дар ин самт шаҳри Панҷакент ва ёдгориҳои нодири онро ба шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон табдил додан мумкин аст.

Дар фарҷом, бори дигар солгарди бисту нӯҳуми истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва ҷашни 5500 — солагии Саразмро ба кулли сокинони кишвар, аз ҷумла мардуми Панҷакенти бостонӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, иқболи нек ва барори кор орзу менамоям.

Бигзор, ин санаи бузурги таърихӣ дар хотири ҳамватанони мо ҳамчун василаи муҳимми ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ то абад боқӣ монда, дар роҳи рушди минбаъдаи фарҳангу маънавиёти халқамон ва тарбияи наслҳои ояндасози миллат қадами нави устувор гардад!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: