Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм

14-09-2020, 10:06
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм
Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ин мавзеи бостонӣ Рамзи Саразмро, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ карданд. Баъди садо додани гимни Саразм тантанаҳо ба муносибати 5500-солагии Саразм оғоз ёфтанд.

Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму ойинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бешубҳа аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии Дарвозаи Саразм сурат гирифт. Дарвозаи ин гӯшаи таърихи зиндаи миллати тоҷик бо сангҳои қиматбаҳои ороишӣ нақшбандӣ шуда, дар он рамзҳо ва акси асбобу ашёи аз ин минтақа дарёфтгардида таҷассум ёфтаанд.

Баландии дарвоза 12 метр ва паҳноии он 45 метр мебошад. Дарвозаи мобайнӣ бо баландии 13 метр ва паҳноии 8 метр бо сифати баланди меъмории миллӣ бунёд ёфтааст.

Ба таъкиди муаррихон, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр мебошад, ки ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст ва дар он тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташаккул ёфтааст. Дар омӯзиши таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик нақши олимони ватанию хориҷӣ, махсусан, бостоншиносон хеле бориз мебошад. Кашфи Саразм яке аз дастовардҳои назарраси илми бостоншиносии тоҷик дар даҳсолаҳои охири асри XX ба ҳисоб меравад. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд аст. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори номбурдаи аҳди қадим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнӯъгоҳи таърихӣ — бостоншиносӣ эълон гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳафриёти ин мавзеъ боздид ба амал оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста зикр мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг ва ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм ба сифати яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон гардид. Баъдан бо дастгирӣ ва супориши бевоситаи Пешвои миллат, тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд. Роҳбари давлат ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостон солҳои 2003 ва 2005, Саразмро «Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» унвон карданд.

Баъд аз анҷоми боздид аз ҳафриётҳо, Пешвои миллат аз хонаҳои саразмиёни қадим дидан намуданд. Ин хонаҳо бо фарогирии фарҳангу суннат ва расму оинҳои хос ба шаҳрнишинони Саразми бостонӣ бунёд ёфтаанд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин макони таърихӣ Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо тарҳ ва намои зебо ва бо риояи меъёрҳои сохтмонии хос ба арзишҳои меъмории миллӣ қомат афрохт ва ифтитоҳи он низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат сурат гирифт.

Воқеан Саразм бо бозёфтҳои нодир ва бо таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносии ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи намоёни худро соҳиб гаштааст ва ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё қарор мегирад. Дар Осорхонаи Саразм намунаҳои арзишманди нигораҳои таърихӣ ба маъраз гузошта шудааст.

Дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм, инчунин барои муаррихону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ, ки ба омӯзиши бештари ёдгориҳои шаҳри қадимаи Саразм таваҷҷуҳ доранд, меҳмонхонаи муосир ба истифодабарӣ дода шуд.

Лозим ба таъкиди хос аст, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат давоми 29 соли истиқлоли давлатӣ як силсила маъракаҳои муҳими илмию адабӣ ва фарҳангӣ бо иштироки донишмандон ва коршиносони варзидаи ватанию хориҷӣ дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, таҷлили ҷашни бошукӯҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси «Авесто», Ҳазораи «Шоҳнома», 1310-солагии Имоми Аъзам, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор исботи ин гуфтаҳоянд.

Ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо иштироки олимону донишмандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе сурат гирифт, давоми мантиқии ҳамин сиёсат мебошад ва он ба 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ба рӯйхати ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дар солҳои 2020-2021 шомил гардидааст, бахшида шуд.

Лозим ба зикри хос аст, ки маҳз натиҷаи талошҳои хастанопазир ва татбиқи муваффақонаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳқиқоти сершумори бостоншиносони дохиливу хориҷӣ ва ҳафриёт буд, ки созмони бонуфузи ҷаҳонӣ-ЮНЕСКО 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии умумибашарӣ шомил намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: