Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд

11-08-2020, 08:54
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намудандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Александр Григоревичи гиромиқадр,

Лутфан самимонатарин табрикоти моро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус қабул фармоед.

Ғолибияти Шумо дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус буда, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаатонро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷомёфтаи моро ҷиҳати тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус, ки имрӯз дар сиғаи шарикии стратегӣ ба таври муваффақона густариш ёфта истодаанд, зикр намоям.

Мо нисбати ояндаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду давлат дидгоҳи неку умедбахш дошта, вазифаи асосиро барои давраи пешомад дар ғанигардонии самарабахши онҳо бо намунаҳои созандаи ҳамкориҳо бар нафъи мардумонамон мебинем.

Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: