Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд

Дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд

16-05-2018, 07:50
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шаванд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар изҳороти матбуотӣ зикр карда, аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Беларус даъват намуд.

«Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ва Рӯзҳои кинои Беларус идома доранд ва соли оянда мо аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро интизор мешавем»,-гуфт Александр Лукашенко.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар идома иброз дошт, ки минбаъд ҳамкорӣ бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбад.

Ёдовар мешавем, ки 14 май дар Хонаи кино Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: