Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ анҷом доданд3-08-2020, 08:58
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 1-уми августи сол равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид. Дар рафти суҳбат Сарони давлатҳо ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикоти самимиро унвонии мардумони ба ҳам бародари ду кишвар анҷом доданд. Дар сухани худ Пешвои миллат суннатҳои аслии ин Иди саидро, ки таҷассумгари арзишҳои умумбашарии бародарию пайвандҳои амиқи дӯстӣ, ризоят, ҳамдигарфаҳмиву эътимод ба якдигар ва ҳамдастӣ мебошанд, таъкид карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон ба мардуми шарифи Туркия, наздикону пайвандони қурбониёни ин бемории ҳамагир ҳамдардии амиқ баён намуда, ба бемороне, ки гирифтори он мебошанд, шифои ҳарчи зудтар орзу карданд. Ба ҷониби Туркия барои тақдими кумаки башардӯстонаи тиббӣ ва мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан миннатдории ин ҷониб иброз карда шуд. Дар робита ба ин Президентҳо омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати дар ояндаи наздик аз нав ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар таъкид карданд. Масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд. Дар рафти суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.