
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба ҳар муаллиме, ки номзадӣ ҳимоя мекунад, 10 ҳазор сомонӣ ва ҳар номзаде, ки рисолаи докториашро ҳимоя мекунад, 20 ҳазор сомонӣ медиҳад. Ин нуктаро Убайдулло Асрорзода ректори донишкадаи мазкур дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт.
Масъалаи муҳими дигаре, ки дар нишасти мазкур диққати рӯзноманигоронро ҷалб намуд, ин ояндаи наздик таъсиси факултети муштараки сайёҳии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад, ки айни ҳол, лоиҳаи созишнома дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.
Инчунин, дар ин давра, иҷрои Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон”, барномаҳои грантии “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодаи муҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар Донишкада” бо муваффақият идома дода шуд.
Дар доираи барномаи грантии “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шашмоҳаи аввали соли 2020 лабораторияҳои “Иттилоотӣ-сайёҳӣ” ва “Сервиси сайёҳӣ-меҳмондорӣ” таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти муосири иттиллотӣ ва сайёҳиву меҳмондорӣ ҷиҳозонида шуданд.
Ҳамчунин, барои дарёфти грантҳо тавассути маблағгузории Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии рушд ва Эрасмус + корҳои муайяне сурат гирифта истодаанд. Бо мақсади фароҳам сохтани пойгоҳи мустаҳками таълимӣ-таҷрибаомӯзӣ раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати бунёд ва ҷиҳозонидани Маркази таълимӣ-таҷрибаомӯзии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд (БОР) амалӣ шуда истодааст, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Донишкада дар ин давра, якчанд суҳбату мулоқот бо коршиносони соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондории кишварҳои хориҷаро ба нақша гирифта буд, вале бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус ин мулоқот тариқи онлайн сурат гирифтанд.
Қурбон АҲМАДЗОД