Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ

Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ

17-03-2018, 08:19
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ
15 марти соли равон бо ташаббуси Дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мизи мудаввар таҳти унвони «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ташаккули инфрасохтори туризми дохилӣ» доир гардид.

Дар ифтитоҳ Раъно Бобоҷониён, муовини Раиси ҲХДТ аз ҷумла зикр намуд, ки “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад. Бо шарофати Истиқлолият ва сулҳу субот дар кишвар барои ҷалб ва дар сатҳи баланд қабул намудани сайёҳони хориҷӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мегарданд, шурӯъ аз фурудгоҳ то меҳмонхонаву, санаторияҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва дигар инфраструктураи самти сайёҳӣ зина ба зина ба талаботҳои замони муосир мутобиқ гардонида мешаванд”.
Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ

-Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва ширкатҳои туристӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин санадҳои дахлдор ва барномаҳои давлатӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дарбораи Консепсияи рушди туризмдар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015- 2017” қабул гардидаанд, дар дохили кишвар мунтазам намоишҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташкил карда мешаванд,- гуфт зимни баромади худ Ширин Амонзода, ноиби раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Мавсуф инчунин ќайд кард, ки Ҳукумати мамлакат як ҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро
-Раванди таълим дар донишкада аз рӯйи ихтисосҳои туризм дар миёни макотиби олие, ки дар ин самт мутахассис тайёр мекунанд, хело хуб ба роҳ монда шудааст ва ҳамчун муассисаи пешбар ба ҳисоб меравад,-гуфт Ф. Қодиров мудири кафедраи туризми донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.
Ҳамзамон номбурда афзуд, ки дар Донишкада дастурҳои таълимӣ, воситаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ аз ҷониби устодони Донишкада ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст, ки донишҷӯён ба пуррагӣ аз онҳо истифода мебаранд ва дигар муассисаҳои низ аз дастовардҳои олимони донишкада, ки дар самти туризм кору фаъолият мекунанд ба таври васеъ истифода мебаранд.
Гуфта шуд, ки дар шароити имрӯза яке аз усулҳои муосир ва мувофиқ, бахусус барои кишварҳои рӯ ба таррақӣ чун Тоҷикистон, ин ташаккул ва рушди туризми дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки бо ин роҳ метавон дар муддати кутоҳ ва сарфаи маблағ хадамоти (инфрасохтори) зиёди туристӣ ташкил намуд ва маърифат, маданият ва фарҳанги шаҳрвандонро дар самти хизматрасонии туристӣ баланд гардонид.
Дар охир байни иштирокдорон вобаста ба ин мавзӯъ муҳокимарониҳо сурат гирифт.
Ҳасан АЗИЗОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: