Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ПАНДЕМИЯ ДАР ҶАҲОН АФЗОИШ МЕЁБАД.

ПАНДЕМИЯ ДАР ҶАҲОН АФЗОИШ МЕЁБАД.

24-07-2020, 14:44
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
ПАНДЕМИЯ ДАР ҶАҲОН АФЗОИШ МЕЁБАД.
Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав меафзояд. Давоми як шабонарӯзи охир ин ташхис дар зиёда аз 276 ҳазор бемор тасдиқ гардида, аз оғози пандемия то имрӯз беш аз 15,6 миллион нафар сокинони сайёра сироят ёфтаанд. Хабар медиҳад, Созмони умумиҷаҳонии танудурустӣ.
Ба ҳолати соати 09:00-и 24 июл (ба вақти Душанбе) дар ҷаҳон 15 654 428 ҳолати сироятёбӣ ва 636 475 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми шаборӯзи гузашта ҳолатҳои сироятёбӣ ва фавт мутаносибан 276 000 ва 6 309 нафар зиёд гардиданд.
Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 7 948 513 7 (+137 386 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 4 153 нафар зиёд шуда, ба 317 962 нафар расидааст. Дар Аврупо 3 147 860 сироятёфта ва 208 970 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 22 909 ва фавт — 501 ҳолат афзудааст.
Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 571 317 ва қурбониён 37 203 мубошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 50 537 нафар зиёд шуда, 1 312 нафар фавтидаанд.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 169 991. Баъдан Бразилия (2 289 951), Ҳиндустон (1 288 130), Россия (795 038), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (408 052), Перу (371 096), Мексика (370 712), Чили (338 759), Испания (317 246) ва Британияи Кабир (297 146) ҷойгиранд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: