Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АНДЕШАИ МИЛЛӢ МАРДУМИ МОРО БА ТАВҲИД ОВАРД

АНДЕШАИ МИЛЛӢ МАРДУМИ МОРО БА ТАВҲИД ОВАРД

9-07-2020, 10:16
Хабарро хонданд: 2761 нафар
Назарҳо: 0
Тамаддуни инсоният собит менамояд, ки дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.
Сухан аз ваҳдати миллӣ, шарафу озодии Тоҷикистони азиз меравад, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассос, дурустараш вазъияти басо душвории сарнавиштсозу сарнавиштсӯз чун атои Худованд насиби тоҷикону тоҷикистониён гашт. Ва имрӯз шукргузорем, ки мо ҳамчун миллати куҳанбунёд 24 сол боз аз меваи армони ин дарахти ваҳдат ком ширин мекунем.
Оре, барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яккаву ягона аст. Худованд бо гардиши таъриху зиндагӣ ваҳдатро ба тоҷикистониён бахшид, ки ин маҳсули андешаи миллии мо тоҷикон буду ҳаст ва хоҳад монд. Оре, дар ин марҳала бешубҳа инсонҳои худогоҳу равшанзамир аз рӯи масъулият ва ҷавобгарӣ дар назди таърих ва наслҳои имрӯзу фардои миллат сад доғу дард дар ҷигар, ба хуни дил ва изтиробу ҳаяҷон, хашму алам ғамномаи миллатро иншо мекарданд. Дар навиштаҳои олими таърихшинос, профессор А. Набиев шоири маҳбуби мо «Лоиқи хуни ҷигар» (бо ибораи устод), А.Самадов, Гулназар Келдӣ, Ширин Бунёд, Салими Хатлонӣ, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳммад Аюбӣ, Низом Қосим, Камол Насрулло, профессор М. Ансорӣ, инчунин, дар эҷоди дигар олимону шоирон андешаҳои саршори дарду аламро метавон пайдо кард, ки зеро ташвиш, армон талошу ҳадаф як – аз ҷудои наҷот додани миллат ва аз пора – пора шудан раҳо бахшидани меҳани азиз Тоҷикистон буд.
Ба бахти халқи азияткашидаи тоҷик дар ҳолати ниҳоят тангиву хастадилӣ, ноумедиву нобоварӣ корвонкаши некнияту хушиқбол Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадам ниҳод ва ҷилави давлат ба даст гирифт. Фаъолияти хешро аз ҷустану пайдо кардани роҳи сулҳу ваҳдат оғоз намуд. Махсусан, ҳашт даври сулҳи музокироти тоҷикон бо мухолифин гузаронида шуд, ки аз ҳама асосиаш давраи панҷуми музокироти сулҳ буд. Агар ба саҳифаи таърих назар афканем, Комунаи Париж 72 рӯз давом карда буд. Давраи панҷуми сулҳи тоҷикон 3 рӯз зиёд аз комуна яъне 75 рӯз давом карда аст.
24 сол пеш дар Тоҷикистон Корвони сулҳу ваҳдат «Шоҳроҳи абрешим- Шоҳроҳи ваҳдат» бо сарварии олими ҷавон, сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳмадазимов ва мушовири ҳамонвақта, доктори илмҳои таърих Абдуваҳҳоб Набиев ташкил шуд. Камина аъзои корвони сулҳу ваҳдат- Шоҳроҳи ваҳдат мебошам. Аз баракати сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ тоҷикистониён имконият ёфтанд, ки ба сохтмонҳои иншоотҳои шоҳроҳи ваҳдат шурӯъ намоянд.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент яке аз саҳмгузорони Шоҳроҳи Абрешим-шоҳроҳи ваҳдати миллӣ аст. Махсусан, профессор Усмонҷон Каримов аввалин тартибдиҳандаи харитаи Шоҳроҳи абрешим дар Тоҷикистон, Нуъмонҷон Ғаффоров доктори илми таърих, шоири шодравон Ширин Бунёд, Муаззамхон Ансоров, Нусратулло Юсуфбеков аъзои ҳақиқии Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат, ки аз Қулма – Мурғоб – Хоруғ – Ванҷ - Қалъаи Хумб – Шӯрообод – Кӯлоб – Данғара – Душанбе – Варзоб – Айнӣ –Шаҳристон – ӯротеппа – Хуҷанд – Конибодом - Исфара пурра бо мардум суҳбату базмҳо ороста нақши худро гузоштааст.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бо нангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба қиммати ниҳоят гарон ба дастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Инчунин, ҷавонон ояндаи давлату миллат зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Маҳз андешаи миллӣ ва фазилатҳои неки одамӣ ва ифтихори миллӣ буд, ки мардуми моро ба тавҳид овард.

Мадинабону Раҳимова, устоди ДОТ дар шаҳри Панҷакент, узви ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: